Норозиён аз он шикоят доштанд, ки ҳангоми интихоби вакилон ҷамъият райъи онҳоро ба назар нагирифт аз ин рӯ барои интихоби шаффоф ба Радиои Озодӣ ва Вазорати адлия шикоят бурданд. Шикояти онҳо дар як матлабе дар Радиои Озодӣ нашр шуд, вале вазорат мегуяд, номаро баррасӣ мекунад.
Фирӯз Исматов як узви Ҷамъияти нобиноён ба Радиои Озодӣ гуфт “Маҷлис аз нав баргузор ва адолат ҷорӣ шуд. Ҳақ ба ҳақдор расид. Ба розигии тарафайн ва ягон эътироз набуд, ҳама аз маҷлиси имрӯза розӣ буд. Акнун ки 9 вакил интихоб шуд. Онҳо нафарони бетараф ҳастанд ва нобиноҳо ҳам медонанд, ки ҳеҷ гоҳ ба тарафдорӣ аз раҳбарияти қаблӣ овоз нахоҳанд дод. Ин бо кумаки Радиои Озодӣ буд”.
Ҳамакнун ин нуҳ вакил дар анҷумани ғайринавбатӣ барои интихоби раиси нобиноён, ки 18-уми сентябри имсол баргузор мешавад, аз номи 684 нобинои филиали Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Душанбе ширкат мекунанд. Норозигӣ ё нигаронии гурӯҳе аз нобиноён аз он шуруъ шуд ки бархе аз онҳо гуфтанд, "раҳбарони кунунии ҷамъият ба аъзои он кумак намекунанд" ва "корхонаҳоро иҷора додаанд". Онҳо аз он шикоят карда буданд, ки интихоби вакилон одилона сурат нагирифт. "Маҷлис ноодилона гузашта буд. Афроде вакил шуданд, ки ба раҳбарони феълӣ наздик ҳастанд. Одамоне буданд, ки ба мо дахл надоштанд. Онҳоро вакил карданд, то дар интихобот пуштибониашон намоянд", - нигаронӣ карданд ин гуруҳи норозӣ.
Нилуфар Исматова ҳамсӯҳбати дигари мо аз ин ҷамъият гуфт норозигии гуруҳе аз нобиноён аз интихоби вакилони наздик ба раҳбарияти феълӣ дар он аст, ки онҳо бо мушкили ҷиддии бекориву маош рубару ҳастанд. “Мо камбудии зиёд дорем. Ҷамъиятро нафаре раҳбарӣ кунад, ки мо ҷавононеро, ки савод надорем, дастгирӣ кунад. Ба мо роҳҳои омухтани илму касберо омӯзад, ки дастнигар набошем”.
Раҳбарияти ҳозираи ҷамъият бо чунин ҳарфҳо розӣ нест. Баръакс, онҳо аз гуруҳи нобиноёни норозӣ гиламанданд, ки "ба ҷамъият ҳеч фоидаашон намерасад". Ҷонтемур Нормуродов иҷрокунандаи раҳбари Иттиҳодияи нобиноёни Тоҷикистон гуфт, онҳо бо талаби норозиён бахши панҷуми ҷаласаи ду ҳафтаи қаблро, ки интихоби вакилон буд, аз нав баргузор карданд ва ҳеҷ мухолифат ҳам ҷой надорад.
Гуруҳи норозӣ дар шикояти худ ба Радиои Озодиву вазорати адлия хоста буд, ҷараёни интихоби вакилон аз сӯи хабарнигорон ва ё масъулини вазорат назорат шавад. Ҳарчанд ҳузури хабарнигорон, ҳангоми баргузории дубора интихоби вакилон боиси нороҳатии раҳбарони феълии ҷамъият шуд, вале бо пойфишории гурӯҳе аз афроди норозӣ ҷаласа аз нав баргузор гардид.
Маҷнун Маҷнунов, хабарнигори радиои "Имрӯз", ки бо хоҳиши нобиноён ба ин ҷаласа даъват шуда, ҷараёни овоздиҳиро назорат мекард, гуфт: “вақте нуҳ нафаре интихоб шуданд, ки худи аъзои ҷамъият овоз дода буданд, ин боиси нигаронии онҳое шуд, ки дар гузашта вакил интихоб шуда буданд. Яке аз онҳо муовини раҳбари феълии ин ҷамъият буд, ки зиёд мехост, дубора бо овоздиҳии такрорӣ ӯро интихоб кунанд. Аммо ширкатдорон розӣ нашуданд. Вақте хабарнигорон онҷо ҳузур доштанд касе натавонист фишор биёрад ё тақаллубе кунад”.
Интихоби раиси Ҷамъияти нобиноён дар Тоҷикистон дар ҳафт сол як бор баргузор мешавад. Раисро вакилоне интихоб мекунанд, ки аз нобиноёни минтақаҳои гуногун намояндагӣ мекунанд. Анҷумани ғайринавбатӣ барои интихоби раиси нобиноён ба рӯзи 18-уми сентябри имсол таъин шудааст. Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон шумораи аъзои худро беш аз 9 ҳазор мегӯяд, аммо ба иттилои манобеи ғайрирасмӣ, шумораи ин қишри ҷомеа ба тақрибан 15 ҳазор нафар баробар аст. Бахше аз нобиноён зери парастории наздикони худанд. Бархеи дигар дар кӯча талбандагӣ мекунанд. Шумораи ками онҳо то саҳнаи баланди ҳунар расидаанд.
Руйдоди ахирро худи нобиноён пирӯзии мардумсолорӣ дар дохили ҷамъияти хеш медонанд ва умедворанд, ки он натиҷаҳои нек хоҳад дод.
Ҷамъияти нобиноён яке аз иттиҳодияҳои бузурги ғайридавлатист, ки муассисаву корхонаҳо ҳам дар ихтиёр дорад. Ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон мегӯянд, нобиноён мисли афроди дигари маъюб аз бисёре имкониятҳо, аз ҷумла гаштугузори озод дар роҳҳову нақлиёти ҷамъиятӣ маҳруманд. Қисми хеле ками онҳо ба таълим фаро гирифта шудаанд.