Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши афсари украинӣ амали террористӣ арзёбӣ шуд. ВИДЕО


Мошини “Mercedes”-и Максим Шаповал дар як чорроҳаи Киев таркид
Мошини “Mercedes”-и Максим Шаповал дар як чорроҳаи Киев таркид

Як сарҳанги артиши Украина дар натиҷаи таркиши мошини бомбгузоришуда дар шаҳри Киев ба қатл расид. Мақомот таҳқиқи ин ҳодисаро аз рӯи парвандаи “ҳамлаи террористӣ” шурӯъ кардаанд. Дар изҳороти вазорати дифои Украина рӯзи 27 июн гуфта шуд, ки сарҳанги кушташуда Максим Шаповал ном дошт.

Полис гуфт, ки ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ соати 8:16 субҳи Киев паёме дарёфт карданд, ки дар он гуфта шуд, мошини тамғаи “Mercedes” дар чорроҳаи ноҳияи Соломянскии пойтахти Украина инфиҷор кард ва марде дар дохили он кушта ва як роҳгузар маҷрӯҳ шуд.

Ин ҳодиса чун амали террористӣ баҳогузорӣ шудааст. Вазорати дифои Украина

CCTV лаҳзаи таркиши мошинро сабт кардаст, ки баъди он дуди сафеде ба само баланд шуд. Чандин мошин дар ҷои худ бозистоданд, вале ҳеҷ дигар мошин ё нафаре аз ин ҳодиса осебе надид. Дар изҳороти вазорати дифоъ гуфта шуд, ки дар ҷои ҳодиса полис, хадамоти изтирорӣ ва мутахассисони маводи таркиш кор мекунанд. “Ин ҳодиса чун амали террористӣ баҳогузорӣ шудааст”, мегӯяд вазорати дифоъ. Ҳанӯз тафсилоти аз ин беш дода намешавад.

Вазорати дохилаи Украина гуфт, ки марди кушташуда 39 сол дошт.

Артём Шевченко, сухнгӯи ин вазорат ба бахши украинии радиои Озодӣ гуфт, ки Шаповал чанде пеш аз минтақаи даргири шарқи кишвар баргашт ва ҳоло мақомот бовар доранд, ки куштор ба “машғулиятҳои касбии” ӯ рабт мегирад.

Дар таркиши мошине дар Киев як афсари вазорати дифоъ кушта шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:21 0:00

Баъди оғози даргириҳо миёни нирӯҳои ҳукуматӣ ва ҷудоиталабони рӯ ба Русия дар шарқи Украина апрели соли 2014, чандин ҳодисаи таркиш дар берун аз манотиқи ҷанг рух дод. Вале ҳодисаи таркиши мошини бомбгузоришуда зиёд рух надодааст.

Оғози моҳи июн марде аз Чеченистони Русия, ки худро хабарнигори фаронсавӣ муаррифӣ кард, низомии чечентабор Адам Осмаевро маҷрӯҳ намуд. Осмаев аз ҷониби нирӯҳои ҳукуматии Украина зидди ҷудоиталабон ҷанг мекард. Ҳамсари Осмаев ҳамлагарро маҷрӯҳ кард.

Лейтенант-полковник Олександр Харабериуш, муовини раиси департаменти зиддитеррористии Хадамоти амнияти дохилии Украина – СБУ рӯзи 31 март дар як таркиши мошине дар соҳилҳои шарқии Мариупол кушта шуд. Дар ин ҳодиса ҳам ҷудоиталабони рӯ ба Русияро гунаҳгор карданд.

Вороненков дар Киев ба хок супурда шуд
Вороненков дар Киев ба хок супурда шуд

Ҳамон моҳ Денис Вороненков, собиқ узви Думаи давлатии Русия ва як мунаққиди шадиди сиёсати Кремлин дар Украина дар рӯзи равшан дар маркази Киев аз тири туфанги ҳамлагаре кушта шуд. Президенти Украина Петро Порошенко куштори Вороненковро “терроризми давлатии Русия” қаламдод кард.

Июли соли 2016 ҳамчунин дар Киев як журналисти маъруфи Русия, ки зодаи Беларус мебошад, дар натиҷаи таркиши мошинаш кушта шуд. Павел Шеремет пеш аз маргаш дар блоги худ навишт, ки афроди марбут ба ҷудоиталабони воқеъ дар шарқи Украина дар фикри ташкили ошӯбе дар Киев мебошанд. Дар хулосаи муқаддамотии вазорати умури дохилии Украина гуфта шуд, ки ин ҷиноятро “гурӯҳи нафарон” метавонистанд анҷом диҳанд.

Павел Шеремет моҳи июли соли 2016 кушта шуд
Павел Шеремет моҳи июли соли 2016 кушта шуд

Кремлин ҳамаи иттиҳомотро дар ин замина рад кардааст. Дар сангари ҷудоиталабони украинӣ ҳам чандин ҳодисаи қатлу куштор рух додааст.

Дар давоми се соли даргириҳо дар шарқи Украина аз ҳарду тараф дар маҷмӯъ 10 ҳазор нафар кушта шудаанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG