Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бузургтарин қолини дастбофи эронӣ дар Душанбе (ВИДЕО)


Дар намоишгоҳе дар шаҳри Душанбе, бузургтарин қолини дастбофи эронӣ, ки шомили китоби “Рекордҳои Гиннес” аст, ба маърази тамошо гузошта шуд.

Рӯзҳои 13-14 декабр дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи қолинҳои дастбофи эронӣ баргузор гардид. Ин намоишгоҳ бо ибтикори “Persian carpets” (Қолинҳои форсӣ” дар толори меҳмонхонаи “Тоҷикистон”-и шаҳри Душанбе сурат гирифт.

Тавҳиди Халидманд, масъули ширкати “Persian carpets” дар шаҳри Душанбе зимни сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин намоишгоҳ, ки барои бори аввал сурат мегирад, ҳудуди 200 қолини дастбоф, аз ҷумла бузургтарин қолини дастбофи эронӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.

Ба таъкиди Тавҳиди Халидманд, масъули ширкати “Persian carpets”, дарозӣ ва паҳнои ин қолин 10 бар 16 метр, дар маҷмӯъ 160 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Ин қолинро 50 тан аз қолинбофони дастбофи эронӣ муддати 15 сол дуруст кардаанд.

Вазни ин қолин ним тонна ё 500 килограм буда ва ба гуфтаи ҷаноби Халидманд, ҳамчун бузургтарин қолини дастбоф ба китоби “Рекордҳои Гиннес” ворид шудааст. Дар ҳамин ҳол, Тавҳиди Халидманд гуфт, ки аз намоишгоҳи қолинҳои дастбоф умдатан эрониёни муқими Тоҷикистон дидан карданд ва дар миёни тамошогарон, тоҷикон камтар буданд. Вай сабаби ин амрро ба он рабт дод, ки на ҳама тоҷикон аз баргузории намоишгоҳи қолинҳои дастбофи эронӣ огоҳ буданд.

Аммо ҷаноби Халидманд гуфт, ки баргузории намоишгоҳ таҷрибаи хубе шуд, то дар оянда ин гуна намоишгоҳҳо бештар баргузор ва қолинҳои дастбофи эронӣ зиёдтар ташвиқ шаванд ва мардуми тоҷик низ огоҳ гардида, аз ин гуна намоишгоҳҳо дидан кунанд ва ҳатто аз қолинҳои дастбюофи эронӣ харидорӣ намоянд.

Чун ба таъкиди ҷаноби Халидманд, таҳияи қолинҳои дастбоф заҳамоти зиёдеро талаб мекунад ва сифату кайфияти хубе доранд. Зимнан, ба иттилои Тавҳиди Халидманд, ширкати қолинҳои дастбофи эронии “Persian carpets” муддати шаш сол боз дар Тоҷикистон фаъол аст.

Бузургтарин қолини дастбофи эрониро дар Душанбе намоиш доданд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:07 0:00

XS
SM
MD
LG