Барои аввалин бор аз кормандони тамоми муассисаҳои кишвар ва муҳассилини донишгоҳҳо дар Тоҷикистон даъват шудааст, ки як рӯз аз истифодаи мошин даст кашанд ва ба кору дарсу сайругашт бо дучарха раванд.
Ҳама бо дучарха -- ҳам донишҷӯ, ҳам коргар
Рӯзи 5-уми май дар кишвар "як рӯзи велосипедронӣ" эълон шудааст. Ин иқдом дар доираи Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола дар моҳи май таҷлил мешавад, аз сӯи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш роҳандозӣ шудааст.
Ҳоло велосипедронӣ дар Тоҷикистон бештар хоси онҳоест, ки дар фикри беҳбуди саломатии худ ҳастанд ва онҳо ҳам аксаран танҳо баъд аз кор ё дар вақти холии худ дучархасаворӣ мекунанд.
Масъулини ин ниҳод мегӯянд, эълони як рӯзи дучархаронӣ дастури президенти кишвар аст. Абдулло Муҳаммадализода, як масъули Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш мегӯяд, дар ин рӯз шурӯъ аз хонандаҳои мактабу донишҷӯён то кормандони вазорату муассисаҳои кишвар бидуни мошин бо дучарха ба роҳ мебароянд.
"Ин иқдоми ихтиёрӣ аст, ҳар касе дастрасӣ ба дучарха дорад, метавонад бо он ба роҳ барояд. Мо аз ҳоло дар ҳама ҷо эълон додаем. Ҳадаф, рушди дучархаронӣ дар кишвар ва ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба он аст. Ин як воситаест, ки ҳам хароҷотро кам мекунад ҳам ба сиҳатӣ фоидаовар аст",- афзуд, Абдулло Муҳаммадализода.
Навор аз бойгонӣ (сентябри соли 2016):
1000 дучархасавор дар Душанбе ҷамъ меоянд
Ташаббускорони иқдом бо таваҷҷуҳ ба мусобиқаҳои велосипедроние, ки қаблан баргузор карда буданд, интизор доранд, ки дар ин рӯз хоҳишмандони зиёд бо дучарха мебароянд. Баҳром Ишратов, корманди Кумитаи кор бо ҷавонон мегӯяд, дар сабқатҳои велосипедронӣ, ҳудуди 1000 нафар ҷамъ меомад.
"Махсусан онҳое, ки бо қаламу қоғаз бештар сару кор доранд, яъне кормандони муассисаву ташкилоту кумита ва вазоратҳо агар дар ин рӯз аз мошин берун омада, бо дучарха ба кору машғулиятҳои дигари худ ҳозир шаванд, беҳтар мебуд",- мегӯяд, Баҳром.
Мақомоти тоҷик бо роҳандозии мусобиқаҳои оммавии велосипедронӣ солҳои ахир мехоҳанд таваҷҷӯҳи сокинонро ба дучархаронӣ ҷалб кунад. Талоши ахири ҷалби кормандони идораву муассисаҳо ба дучархасаворӣ ҳам дар кишвар дар ҳолест, ки соли 2009 Бег Зуҳуров, муовини вақти вазири нақлиёти Тоҷикистон аз кормандони ин вазоратхона даъват карда буд, ки мошинро бо велосипед табдил диҳанд ва ҳамин тавр ба ҷои кори худ ҳам бо дучарха бирасанд. Ин иқдом дастгирӣ наёфта буд. Вазорати нақлиёти кишвар ҳам дар Рӯзи ҷаҳонии бидуни мошин аз ронандаҳо хоста буд, барои пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва сиҳатии худ аз дучарха истифода баранд.
Навор аз бойгонӣ (апрели соли 2016):
Дар Тоҷикистон киҳо дучархасаворӣ мекунанд?
Ҳоло велосипедронӣ дар Тоҷикистон бештар хоси онҳоест, ки дар фикри беҳбуди саломатии худ ҳастанд ва онҳо ҳам аксаран танҳо баъд аз кор ё вақти холӣ дучархасаворӣ мекунанд. Мисли Баҳром, як сокини пойтахт, ки пизишки дандон аст ва мегӯяд, ҳар рӯз пас аз кор дар шаҳр бо дучарха мегардад. Баҳром мегӯяд, агар имкон мебуд то ҷойи кор ҳам бо дучарха мерафт, аммо "роҳ то ҷойи кор дур аст ва аслан роҳҳои мо барои дучархасваворӣ мувофиқ нест. Хатарнокаст, барои ҳамин ман баъди кор ва дар роҳҳои берунтар аз шаҳр дучархасаворӣ мекунам."
Аксари дӯстдорони дучархасаворӣ мисли Шаҳром аз набуди роҳҳои махсус барои дучархаронӣ нороҳатӣ мекунанд. Ба гуфтаи муттахассисон, ҳоло дучарха, чун як воситаи нақлиёт бештар дар минтақаву навоҳии дурдаст, ки равуои мошин кам аст, истифода мешавад. Муҳаммадсаид Шаропов, мураббӣ оид ба велосипедронӣ ва сардовари мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ дар Федератсияи дучархаронӣ мегӯяд, дар шаҳр ҳам таваҷҷӯҳ ба дучархасаворӣ кам нест, аммо набуди роҳу имконият, монеи мавриди истифодаи оммавӣ қарор гирифтани ин навъи нақлиёт мешавад.
"Фақат ду шоҳроҳ, роҳи Варзоб то Бустон Чанак ва роҳи тарафи Регар барои дучархасаворӣ мутобиқ аст. Дар шаҳр, дар баробари роҳи мошингард, барои дучархасаворон роҳи махсус бояд бошад. Ба ман ин рӯзҳо бисёр занг зада мепурсанд, ки як дучархасаворро мошин задааст, шогирди шумо нест? Дучархасаворон бисёр ба чунин садамаҳо рӯ ба рӯ мешаванд, Сабаб ин аст, ки роҳҳои мувофиқ дар шаҳру навоҳи нест."
Шикоят аз набуди майдонҳои хоси дучархасаворӣ
Дар Тоҷикистон соли 2011 Федератсияи дучархасаворон таъсис шуд. Масъулини ин федератсия аз набуди майдонҳои варзишӣ ва хоси дучархаронӣ шикоят мекунанд. Ҳамагӣ як майдони варзишии хос ва он ҳам дар вилояти Суғд будааст. Дар Душанбе 3 клуби варзишии велосипедронӣ фаъолият мекунад ва беш аз 60 нафар ба ин намуди варзиш машғуланд.
Дучархасаворони мегӯянд, танҳо бо эълони сабқату рӯзҳои дучархасаворӣ намешавад, дучархаро чун як нақлиёт муаррифӣ ва ин навъи варзишро рушд дод. Муҳаммад Шаропов, яке аз масъулини Федерасияи дучархасаворӣ мегӯяд, вазорати маориф бояд барномаи махсус дошта бошад ва бо Федератсия ҳамкорӣ кунад ва Кумитаи ҷавонон ва варзиш бояд Федератсияро дастгирӣ намояд.
Ба гуфтаи Муҳаммад Шаропов, соли гузашта дучархасаворони Тоҷикистонро дар Бозиҳои осиёи барои надоштани либоси ягона ва махсус ба мусобиқа роҳ надоданд. "Барои ин бояд маблағ ҷудо кард ва агар ин соҳа рушд ёбад, кишвар ҳам метавонад аз ин ҳисоб даромади зиёд ба даст орад",-афзуд ин масъули Федератсияи дучархасаворӣ.
Дар Душанбе, бино ба ҳисобҳо, беш аз 30 ҳазор автомобил сабтином шудааст ва садҳои дигар аз навоҳии тобеи марказ ҳамарӯза дохили шаҳр мешаванд ва ин ҳам боис ба тамшабавии мошинҳо мегардад.
Тамбшавиҳо дар роҳ ҳам ба яке аз мушкилоти шаҳрдорӣ низ табдил ёфтааст. Мутахассисони мегӯянд, агар барои дучархасаворӣ шароиту имкон фароҳам оварда шавад, на танҳо ба сиҳатӣ, балкӣ ба манфиати иқтисодии хонаводаҳо ва ҳам кишвар хоҳад буд.