Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Шиносномаи хориҷӣ танҳо баъди ба тартиб даровардани риш”. ВИДЕО


Нусхаи шиносномаи куҳнаи Бадриддин Сафаралиев, сокини Ҳисор
Нусхаи шиносномаи куҳнаи Бадриддин Сафаралиев, сокини Ҳисор

Ҳеҷ масъалае дар Тоҷикистон ба андозаи риш баҳсҳои доғу тӯлонӣ надорад. Дар тӯли чанд соли ахир бару дарозии риш борҳо бо ҷадвал чен шуд, домуллоҳо ришҳоро бо мушт қабза карданд ва гуфтанд, ки тӯлаш аз се сантиметр бештар набошад. Бо ин зоҳиран масъала бояд ҳал мешуд. Аммо ба назар мерасад, ин баҳс солҳои баъдӣ низ мардумро саргарм хоҳад кард.

Нигоҳ кунед, баъзе ҷавонон риши аз ҳад бетартибу дароз ва нохушоянд доранд. Чӣ мушкил дорад, агар риши худро ба тартиб биёранд? Шиноснома ҳуҷҷат аст ва талаботи худро дорад

Бархе аз мардони ришдори Тоҷикистон, ки мехоҳанд шиносномаи хориҷӣ бигиранд, дастур гирифтаанд, ки "бериш" ҳозир шаванд. Дар зарфи як ҳафтаи охир дастикам 15 нафар аз гӯшаҳои кишвар аз ин дархост ба Радиои Озодӣ хабар дода ва хостанд, ки назари мақомоти расмиро барои онҳо пайдо кунем.

"Ба ман гуфтанд, ки танҳо баъди покиза тарошидани риш соҳиби шиносномаи хориҷӣ хоҳед шуд", - гуфт яке аз корафтодагон рӯзи 8-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

“Шиносномаи хориҷӣ танҳо баъди ба тартиб даровардани риш”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00

"Гуфтанд, ки агар 60-сола нестед, ришро тарошед"

Масъулони Хадамоти шиносномадиҳиии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар посух ба иддаои шаҳрвандон гуфтанд, ки онҳо хостори пурра тарошидани риш нестанд. Ба қавли мақомот, барои санадҳо, аз ҷумла шиносномаи хориҷӣ, "бояд риш хеле кӯтоҳ ва ба тартиб оварда шавад".

Аммо шаҳрвандон мегуянд, ки дар Хадамоти шиносномадиҳӣ ба онҳо машварат додаанд, ки агар синнашон то 60 сол нарасида бошад, ҳатман ришашонро тарошанд.

Солеҳ Наврӯзов, сокини 51-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки мехост шиносномаи хориҷӣ бигирад, аз ҷавоби Хадамоти шиносномадиҳӣ ноумед шуд. Ӯ мегӯяд, ки ҳоҷӣ аст ва намехоҳад суннатро тарк кунад ва ришашро битарошад. Наврӯзов афзуд, баъди талошҳои зиёд мувафақ шуд, ки бо риш шаҳодатномаи ронандагӣ бигирад, вале барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ иҷоза надоданд.

Мақомот: "Касе нагуфтааст, ки ришро покиза тарошед"

Миралӣ Абдураҳмонхонов, муовини раиси Хадамоти шиносномадиҳии Вазорати корҳои дохилӣ, рӯзи 8-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, касе дастур надодааст, ки риш пурра тарошида шавад, "балки ба тартиб ва ба низом оварда шавад".

"Нигоҳ кунед, баъзе ҷавонон риши аз ҳад бетартибу дароз ва нохушоянд доранд. Чӣ мушкил дорад, агар риши худро ба тартиб биёранд? Шиноснома ҳуҷҷат аст ва талаботи худро дорад", - гуфт Миралӣ Абдураҳмонов.

Сироҷиддин Собиров, сокини 55-солаи Ҳисор, мехост, ба дидорбинии писараш, ки дар шаҳри Уфа донишомӯз аст, ба Русия сафар кунад ва барои ин шиносномаи хориҷӣ кор дорад. Сироҷиддин Собиров имсол аз сафари ҳаҷ баргашт ва ҳоҷӣ шуд.

"Вақте ба Хадамоти шиносномадиҳӣ рафтам, риш доштам. Онҳо гуфтанд, ришатонро бигиред. Ман пурсидам, ки магар бо риш намешаавад? Онҳо гуфтанд, ки не. Ман пас гаштам ва дигар муроҷиат накардам",- гуфт Собиров.

"Ё риш мону дар Тоҷикистон биист, ё ришро гиру ба Ҳаҷ рав"

Аммо баъзе талабгорони шиносномаи хориҷӣ, ки масъаларо дар ҷояш ва ба фоидаи ду тараф ҳал мекунанд. Як сокини дигари шаҳри Ҳисор дар ҳоле мехост шиноснома бигирад, ки озими Ҳаҷ буд. Дар Хадамоти шиносномадиҳӣ ба ӯ гуфтанд, ки аввал ришро тарошад, баъд шиноснома мегирад. Бадриддин Сафаралиев барои он ки аз сафари Ҳаҷ намонад, дар сартарошхонаи дохили бинои Хадамоти шиносномадиҳӣ ришашро тарошид ва аксбардорӣ кард

Шиносномаи нави Бадриддин Сафаралиев
Шиносномаи нави Бадриддин Сафаралиев

"Дар шиносномаи хориҷие, ки дар соли 2013 гирифтаам, акси ман бо риш аст ва то соли 2021 иммкони истифода дорад. Вале гуфтанд, барои Ҳаҷ бояд шиносномаи биометрӣ бигирам. Ночор ришамро тарошидам. То ҳол нафаҳмидам ин иқдом ба чӣ маънӣ аст. Гуфтанд риш танҳо ба одамони аз 60-сола боло иҷозат будааст", - афзуд ӯ.

Дар Тоҷикистон дастури расмии манъи риш вуҷуд надорад. Мақомот таваҷҷуҳи аз ҳад беши мардҳо ба ришро ба боло рафтани ҳавои мазҳабгароӣ рабт медиҳанд. Шаҳрвандон мегӯянд, мақомот бо истифода аз мубориза бо тундгароӣ озодиҳои онҳоро маҳдуд мекунанд.

“Ин амр сирф ҷанбаи амниятӣ дорад”

Саидмукаррам Абдулқодирзода – раиси Шӯрои уламо – танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон моҳи октябри соли 2018 тайи як нишасти хабарӣ дар Туркия гуфт, агар маҳдудите ҳам вуҷуд дорад, “ин амр сирф ҷанбаи амниятӣ дорад”.

Саидмукаррам Абдулқодирзода
Саидмукаррам Абдулқодирзода

"Ин иқдом сирф аз ҷанбаи амниятӣ ва усулан барои мутобиқати зоҳири воқеии инсонҳо ба акси шиноснома ва гузарномаҳояшон иҷро мешавад", - афзудааст ӯ. Аз тарафи дигар, ба гуфтаи раиси Шӯрои уламо, "дар ҳоле ки нуфузи бархе аз аносири гурӯҳҳои мухталиф аз кишвари ҳамсояи Афғонистон аст, ин иқдом барои шиносоии беҳтари шаҳрвандон кумак хоҳад кард".

Тобистони соли 2015 Баҳром Шарифзода, сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, гуфта буд, ки дар зарфи як сол риши 12 ҳазору 818 нафарро "бо тартиб" дароварданд.

XS
SM
MD
LG