Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден баъди ҳамла ба Трамп хост, фурӯши силоҳ маҳдуд шавад


Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико.

Президенти ИМА Ҷо Байден баъди сӯиқасд ба ҷони рақиби ҷумҳурихоҳаш дар интихоботи президентии пешорӯ Доналд Трамп аз Конгресс бори дигар даъват кард, ки фурӯши силоҳи нимахудкор дар ин кишвар маҳдуд карда шавад.

Байден ишора кард, ки дар сӯиқасд ба ҷони Доналд Трамп маҳз аз чунин силоҳ истифода шудааст. "Ба самти Трамп аз силоҳи навъи "AR-15" оташ кушода шуд. Ин силоҳ барои ҳамла аст ва бо он одамони зиёд, аз ҷумла кудакон кушта шудаанд", - изҳор дошт ӯ.

Демократҳо дер боз талош доранд, ки фурӯши озоди силоҳи "AR-15" дар Амрико манъ карда шавад. Дар бештари кушторҳои дастаҷамъии пурсарусадо маҳз аз ин силоҳ истифода шудааст. Онҳо мегӯянд, барои дифоъ аз худ ин силоҳ зиёдатӣ аст.

Ҷумҳурихоҳон, аз ҷумла Трамп зидди маҳдудяити фурӯши ин навъи силоҳанд. Ҳамҳизбони Доналд Трамп бо ишора ба ислоҳи дувуми Конститутсия мегӯянд, муқобилияти шахси мусаллаҳ бо ҷинояткор босамар хоҳад буд.

Тафтиши сӯиқасд ба ҷони Трамп дар Пенсилвания, ки 13 июл сурат гирифт, идома дорад. Дар натиҷаи ин ҳамла ба ҷуз аз президенти собиқ, ду кас захмӣ ва як тани дигар кушта шуд. Ҳамлагари 20-сола Томас Крукс ҳам аз сӯи нерӯҳои амниятӣ кушта шуд. Сабабҳои ҳодиса ҳанӯз номаълуманд.

XS
SM
MD
LG