Сӯҳбати рӯбарӯи Барзу Абдураззоқов, коргардони шинохтаи театр, бо масъулин ва аъзои Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе (24-уми январ) дар қароргоҳи ин ҳизб баргузор шуд.
Ин сӯҳбат дар доираи маҳфили илмиву адабии "Адабиёт ва андеша"-и ҲНИТ сурат гирифт. Дар ин сӯҳбат бар изофаи муаррифии ҷаноби Абдураззоқов ба сифати як коргардони театр, ҳамчунин андешаҳои ӯ дар посух ба суолҳои ширкатдорони нишаст шунида шуд.
Суҳбати аслӣ дар нишаст бо ҳузури Барзу Абдураззоқов, атрофи мавзӯъҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон -- рӯшанфикрӣ, миллат, театр ва мушкилоти ҷомеаи кишвар аз даричаи театр ва коргардони театр ҷараён гирифт. Масъулини ҳизб ҳадафи аслии баргузор кардани чунин нишастҳо бо ҳузури донишмандон ва ҳунармандони саршиносро муаррифии андешаи онҳо ба аъзои ҳизб ва сӯҳбат атрофи мушкилоти умдаи ҷомеаи кишвар аз нигоҳи донишмандон ва ҳунармандони саршинос гуфтанд.
Дар гузашта меҳмонони маҳфили илмиву адабии "Адабиёт ва андеша"-и ҲНИТ Мӯъмин Қаноат ва Гулрухсор, аз шоирони саршиноси тоҷик, будаанд. Маҳфили илмиву адабии "Адабиёт ва андеша"-и ҲНИТ тоза созмон ёфта, сӯҳбатҳо бо чеҳраҳои ҷомеаи Тоҷикистон дар ҳузури аъзои ҲНИТ як бахши муҳими ин маҳфил мебошад.