Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Баха-84: "Нотавонбинон исми маро доғдор карданианд"


Бахтиёр Қосимов дар меҳмонии Радиои Озодӣ. 29-уми августи соли 2012
Бахтиёр Қосимов дар меҳмонии Радиои Озодӣ. 29-уми августи соли 2012

Репсарои маъруфи тоҷик овозаи боздошт шуданаш бо ҳероинро рад карда гуфт, аз шунидани он дар ҳайрат афтодааст.

Бахтиёр Қосимов, репсарои шинохтаи тоҷик, хабарҳои боздошт шуданаш бо маводи мухаддирро қатъиян рад кард. Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз инҷониб дар шаҳри Душанбе байни ҷавонон хабаре паҳн шудааст, ки Бахтиёр Қосимов, ки бо тахаллуси Баха-84 маъруф аст, гӯиё бо 7 кило ҳероин дастгир шуда, акнун дар маҳбас ба сар мебарад.

Дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ Баха-84 гуфт, ин хабарҳо шояд барои он паҳн шудаанд, ки вай муддате дар Тоҷикистон набуд ва дар маҳфилҳо намудор намегашт. Овозхон ду ҳафтаи ахир дар Дубай машғули таҳияи клипи наваш будааст.

Вай мегӯяд, 27-уми сентябр ҳангоми берун шудан аз ҳавопаймо дар фурудгоҳи Душанбе аз ин хабарҳо огоҳ шудааст. "Дар фурудгоҳ чанд нафарро вохӯрдам, ки баъд аз аҳволпурсӣ ба ман дар мавриди паҳн шудани овоза, ки гӯиё бо ҳероин дастгир шуда бошам, хабар доданд",-гуфт вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.

Бахтиёр дар идомаи сӯҳбаташ афзуд, "ба ростӣ, бо шунидани ин ҳарфҳо нороҳат шудам. Ман нисбат ба миллату ватани худ муҳаббати беандоза дорам ва вақте чунин овозаҳоро мешунавам, афсурда мешавам. Бовар кунед, то имрӯз ҳамин маводро бо чашмонам надидаам. Шукри Худо, ки наздиконам дар мавриди ин овоза нашунидаанд, вале ба ҳар сурат онҳо хуб медонанд, ки ман бо чӣ корҳо машғулам. Худо ба ман инсоф додааст ва ман хубро аз бад фарқ карда метавонам."

Бахтиёр Қосимов паҳн шудани чунин сару содоҳоро кори “нотавонбинон” медонад ва мегӯяд, онҳо бо ин васила мехоҳанд номи ӯро доғдор намоянд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи Бахтиёр, ӯ дар эҷодиёташ махсус оҳанге низ дорад, ки аз зиёни маводи мухаддир ҳикоят мекунад. Вай мегӯяд, дар ин оҳанг ҳаёти як ҷавони мӯътодро қисса мекунад, ки бар асари истеъмоли маводи мухаддир ҷон медиҳад.

"Дар мавриди азоби пайвандонаш ҳам нақл мекунам. Ман дақиқ медонам, ки баъд аз ин шунидани ин оҳангам мухлисонам медонанд, ки ман ба чунин корҳо даст намезанам ва ҳатто дар ин андеша ҳам нестам",-афзуд ӯ. Ба гуфтаи Бахтиёр бадхоҳонаш ҳатто бо исми вай дар интернет даҳҳо сафҳаҳо боз кардаву ҳаводоронашро роҳгум менамоянд. Аммо бо ин ҳам репсарои ҷавон рӯҳафтода нест, зеро мегӯяд, бо кӯмаки расонаҳо ба зудӣ дурӯғ ва ё ҳақиқат будани ин ё он овоза маълум мегарад.

Дар зимн, пайванд додани исми овозхонони тоҷик бо маводи мухаддир падидаи нав нест. Дар гузашта низ чанд тан аз ҳунармандони тоҷикро ба истифодаи ин мавод айбдор карда буданд. Аз ҷумла, марги Сӯҳроби Сафарзод, овозхони хушзавқро ба истеъмоли маводи мухаддир рабт медиҳанд, ҳарчанд ташхиси тиббӣ дар ин замина сурат нагирифта буд.

Аз миёни ҳунармандон ягона нафаре, ки гирифтории худро ба ин мавод иқрор кардааст, Субҳон Саидов мебошад, ки баъд аз муддати муътодӣ маълул гашт. Номи “Баха-84” дар пайванд бо ҳероин дар айёме паҳн мешавад, ки таваҷҷӯҳ ба ҳаёти хусусии овозхонони саршинос рӯ ба афзоиш дорад.


Таронаи "Дили девона" дар иҷрои муштараки Баха-84 ва Шаҳром:



XS
SM
MD
LG