Ба иттилои Би-би-сӣ, муҳоҷирати бидуни ҳуҷҷат ба яке аз масъалаҳои доғ ва муҳими маъракаи интихоботӣ дар Иёлоти Муттаҳида табдил ёфтааст, ки ҳаёти президенти Амрикоро ба таври қобили мулоҳиза мушкил гардонидааст.
Ҷо Байден дар охири моҳи майи имсол фармонеро имзо кард, ки ҳадафи он пешгирӣ аз вуруди муҳоҷирони бесанад тавассути Мексика мебошад.
Бар асоси фармон, ҳар касе бидуни ҳуҷҷат вориди Амрико шавад, аз ҳаққи дархости паноҳандагӣ маҳрум хоҳад шуд.
Кохи Сафад тасмим гирифтааст, мушкили ҳамсарони шаҳрвандони Амрикоро, ки беш аз 10 сол мешавад дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд, осон кунад. Ба онҳо иҷозати муваққатӣ кор дода мешавад. Ба ҳисоби маъмурияти президенти ИМА, аз ин имтиёз ним миллион кас бархӯрдор хоҳанд шуд.