Пайвандҳои дастрасӣ

"Бигузорем, одамон бимиранд?" Баҳси ваксина дар ҷаласаи Созмони Милал


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Аксар раҳбарони ҷаҳон, ки дар ҷаласаи солона ё Маҷмаи кулли Созмони Милал иштирок мекунанд, ба зарурати дастрас шудани ваксинаи зидди коронавируси нав ҳамчун масъалаи ҳаётан муҳим таъкид мекунанд.

Дар ҳоле ки Амрикову Чин ва Русия барои кори муштарак дар самти эҷоди ваксина майл нишон намедиҳанд, баъзе аз кишварҳои сарватманд бо ширкатҳои дорусозӣ созиш имзо карда, дар талоши дастёбӣ ба миллионҳо дона давои зидди вируси нав мебошанд.

Дар ин шароит, зоҳиран, Созмони Милал ва талошҳояш барои ба ҳам овардани кишварҳо зиёд фоида надорад. Пурсиши президенти Ҳондурас Ҳуан Орландо Ҳернандес, ки худ аз чанголи COVID-19 раҳо шудааст, ба ҳамин мазмун буд, ки “пас, бигузорем одамон бимиранд?”

То ҳол ба барномаи мавсум ба COVAX 150 давлат ҳамроҳ шудааст. Ин ба он маъност, ки давлатҳои сарватманд розӣ шудаанд, ваксинаҳои омодашударо харида, ба кишварҳои нодор кумак бикунанд. Вале ин барномаро Вашингтон, Пекин ва Маскав сарфи назар карданд ва ҳоло вазъият чунин аст, ки дар 75 соли мавҷудияти СММ ин масъала ба як чолиши ҷиддӣ табдил шудааст.

Гайл Смит, раҳбари созмони ҷамъиятии беҳдошт, ки ташаббуси ONE Campaign-ро ба роҳ мондааст, мегӯяд, Маҷмаи кулли СММ барои ҷаҳониён ва раҳбарони давлатҳо ҳамчун бонги ҳушдордиҳанда хидмат мекунад. Ӯ мегӯяд, танҳо ширкати Гурӯҳи 20-гонаи кишварҳо дар дастёбии баробар ба ваксина кофӣ нест, то ки вирус аз байн равад ва иқтисоди ҷаҳонӣ эҳё шавад.

Президенти Ғано (Гана) Нана Акуфо-Аддо дар суханронии худ дар Маҷмаи кул ба он таъкид кард, ки “вирус марзро намешиносад” ва барои “сарватмандону бенавоён ҳеч ҳимояти вижае буда наметавонад”. Томми Ременгесау, президенти Ҷумҳурии Палау, ки то ҳол ҳамчун кишвари ҷазираҳои озод аз COVID-19 ёд мешавад, аз бархӯрди “худхоҳона” ба ваксина ҳушдор дод ва гуфт, “захираи ваксина ҳамаи моро дар хатар мегузорад”.

Ҳоло суоли асосӣ ин аст, ки баъд аз коркард ва ба истифода дода шудани ваксинаи зидди коронавирус чӣ касе аввалин истифодабарандаи он мешавад ва кӣ ҳақ хоҳад дошт, ки барои дастёбӣ ба ваксина ба таври хусусӣ созиш бубандад?

Раҳбарияти Ироқ мегӯяд, ваксина набояд як чизи сирф тиҷоратӣ бошад, дар Туркия ба ин фикранд, ки ваксина набояд масъалаи мавриди рақобат гардад.

Қазоқистон гуфт, “масъалаи ваксина набояд бо сиёсат олуда шавад”, Словакия гуфт, дар ин масъала бархӯрди ҷаҳонӣ лозим аст. Ҷумҳурии Доминикан ошкоро гуфтааст, “талаби мо ин аст, ки ваксина барои ҳар як инсон дар сайёра дастрас бошад”.

Ҳоло муҳим нест, ки обрӯйи раҳбарон дар кишварҳояшон ва дар арсаи байналмилалӣ чӣ гуна аст, вале муҳим он аст, ки дар шароити ба тахминан 1 миллион нафар наздик шудани шумори қурбониёни COVID-19, ҳамаи онҳоро андешаи як мушкили умумӣ муттаҳид мекунад.

Родриго Дуэрте, президенти Филиппин гуфт, “ваксинаи COVID-19 бояд ҳамчун чизи хубе барои ҷомеаи ҷаҳонӣ арзёбӣ шавад. Мо бояд инро хеле дақиқ ва рӯшан бигӯем.”

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерреш дар як мусоҳибааш дар остонаи шурӯи ҷаласаи Маҷмаи кулли СММ гуфт: “Ин андеша, ки мо ҷони сарватмандонро наҷот дода, бенавоёнро ба ҳоли худ мегузорем, хатои аблаҳона аст”.

Бархе мегӯянд, суханронии ҳар раҳбар, ки аз дохили кишварашон истода, пешниҳод шуд, ба муҳим будани масъала боз ҳам таъкид мекунад. Тендай Мафума аз созмони Section 27 мегӯяд, “ин суҳбатҳо муҳим аст, аммо натиҷаи амалӣ надиҳанд, бефоида аст”.

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон ҳушдор дод, ки дар пайи пандемия гӯё ҷаҳон ба ҳолати “беамалии сартосарӣ” наздик мешавад ва ин пайомадҳои ғайри қобили пешбинӣ дошта метавонад.

XS
SM
MD
LG