Як манбаи Радиои Озодӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ дод, ки дар натиҷаи доир кардани арзёбӣ (аттестатсия) миёни хидматчиёни давлатӣ аз сӯйи Оҷонси хидмати давлатии назди президенти Тоҷикистон беш аз 90 нафар аз мақомҳои худ ронда шудаанд.
Дар ҳукумати вилояти Бадахшон барканориҳоро тасдиқ карданд, аммо шумораи дақиқи онро нагуфтанд.
Раҳим (ном тагйир ёфтааст) корманди пешини яке аз ниҳодҳои давлатӣ дар ВМКБ аст. Вай дар вазифаи худ 8 сол кор кардааст. Дар натиҷаи тафтише, ки дар доираи арзёбии хидматчиёни давлатӣ таҳти раёсати муовини раиси дастгоҳи иҷроияи президент Музаффар Ашӯриён гузаронида шуд, ӯ аз мақоми худ маҳрум гардид.
"Ба ман гуфтанд, ки аз холҳои лозим камтар гирифтам. Ҳарчанд ба ҳамаи 6 суол посух додам. Комиссия нисбат ба ман аз рӯйи як кори додгоҳӣ эътироз кард, ки ман замоне ҳамчун шоҳид ширкат карда будам ва баъдан ба ман фаҳмониданд, ки маҳз ҳамин асос шудааст", -- мегӯяд Раҳим.
Вай аз он ҳайрон аст, ки дар давоми ҳашт соли кор ва ҳатто вақти арзёбии пештара касе чизе нагуфт ва ҳоло ин тасмимро ғайриқонунӣ медонад. “Ман падари се фарзанд ҳастам, ки онҳоро бояд нигоҳубин кунам. Ҳайронам, ки дар идома чӣ кор кунам. Ба додгоҳ муроҷиат кардан маъно надорад, барои ҳамин ба дунболи пайдо кардани кор мегардам”, -- таъкид кард ҳамсуҳбати мо.
Радиои Озодӣ ҳамчунин бо кормандони дигари мақомоти гумрук ва андози ВМКБ тамос гирифт, ки аз қарори ба гуфтаи онҳо беасоси барканорӣ шикоят доштанд, вале аз изҳори назари ошкоро бо матбуот худдорӣ карданд. Зеро ба ин назаранд, ки метавонад ба пайдо кардани кор дар оянда мушкил эҷод кунад.
“Миёни барканоршудаҳо хешованди нафароне низ ҳастанд, ки гӯиё аъзои гуруҳҳои муташаккили ҷиноиянд. Онҳое, ки замоне ҳамсояҳо барои баҳсҳои хонаводагӣ шикоят кардаанд. Нафароне, ки узви хонаводаи онҳо дар дар маҳбасҳо ҳастанд ва албатта бисёртар онҳое, ки натавонистанд имтиҳон бидиҳанд ва ба пурсишҳои посух бигӯянд”, -- шарҳ дод як корманди ҳукумати маҳаллӣ бо шарти набурдани номаш. Мувофиқи маълумоти ӯ, дар натиҷаи арзёбӣ аз “Амонатбонк”, Хадамоти гумрук, нозироти андоз ва сохторҳои дигар 96 нафар барканор карда шуд.
Ғолиб Ниятбеков, сухангӯйи раиси ВМКБ дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳақиқат баъд аз арзёбӣ теъдоди зиёди кормандон аз мақомҳои худ озод карда шуданд.
“Таҳти раёсати ҷаноби Ашӯриён тақрибан дар ҳамаи ниҳодҳои арзёбӣ гузаронида шуд. Бисёре аз кормандон бо сабаби номувофиқатӣ ба мақомҳояшон барканор карда шуданд. Вале дар бораи 90 нафаре, ки шумо мегӯед, иттилоъ надорам”, - гуфт Ниятбеков. Барои дақиқ кардани шумораи барканоршудаҳо дар тамосҳои оянда бо сухангӯйи ҳукумат муваффақ нашудем.
Сардори шуъбаи захираи кадрҳои Оҷонси хидмати давлатии назди президенти Тоҷикистон Илҳомиддин Юнусзода ҳам натавонист, ки шумораи дақиқи барканоршудаҳоро бигӯяд. “Дар ҳоли ҳозир ҳеч маводе дар мавриди ин ки чӣ теъдод дар ВМКБ барканор шуд ва чӣ теъдод ба арзёбии дубора равон карда шуд, надорам. То он ҷое, ки маълумот дорам, бисёриҳо ба талаботи тахассусҳо ҷавобгӯ набуданд. Масалан ҳолате буд, ки дар мансаби заминсоз нафари дорои тахассуси тамоман дигар кор мекард”, -- гуфт Юнусзода.
Ба гуфтаи Ғолиб Ниятбеков, шумораи умуми хидматчиёни давлатӣ дар ҳудуди ВМКБ 749 нафар мебошад.
Мувофиқи маълумоти расмӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон 21 ҳазор ҷойи кори дар соҳаи хидмати давлатӣ мавҷуд будааст. Бештар аз 19 ҳазори он банд ва боқимонда холӣ мебошанд.
Арзёбии маъмурии хидматчиёни давлатӣ бо мақсади мувофиқати хидматчӣ ба мансаби дар ихтиёрдоштааш ва рушди ӯ дар мансаб мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон гузаронида мешавад. Вале дар маҷмуъ ин санҷишҳоро на ҳама ба ҷиддият қабул мекунанд. Бархеҳо дар ин низоми фасодро мебинанд, ки имкон медиҳад нафарони нолоиқе бо пул мансабҳои баландро барои солҳои дароз соҳиб шаванд.