Дар Афғонистон занон иҷозат надоранд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ рақс кунанд ва аз ин рӯ, нақши занонро бачаҳои аз даҳсола боло бозӣ мекунанд, ки ин анъанаи қадимӣ бо номи бачабозӣ маъруф аст. Бачаҳои раққос одатан ятим ва ё аз оилаҳои камбизоат мебошанд ва баъзан мавриди бадрафторӣ ва таҷовуз қарор мегиранд.
Ҷавоне ба бахши Озодӣ дар Кобул омада ва қисса кард, ки ӯ яке аз бачаҳои раққоси ҷашнвораҳост. Ӯ афзуд, замоне тоҷир будааст, вале вақте дидааст, ки бачаҳои раққос чӣ маблағҳое ба даст меоранд, раққос шудааст.
Дар наворҳои сершуморе, ки дар шабакаи Ютюб ҷой дода шудааст, метавон дид, ки наврасҳо бо либоси занона дар тан ҳунарнамоӣ мекунанд ва мардони ба ваҷд омада ба онҳо пул медиҳанд.
Раққосе бо номи Файсал мегӯяд, ки ӯро маҷбурӣ раққос кардаанд. Ӯ мегӯяд, ки гурӯҳе бо роҳи фиреб ӯро ба мошинашон шинонда, бо худ бурдаанд. Сипас муддате бо худ гардонда бо ӯ бадрафторӣ кардаанд.
Файсал тӯли ду сол, яъне то 18-солагиаш рақс кардааст. Ба қавли номбурда вақте наврас 18-сола мешавад, ӯро мард ҳисобида, аз маъракаҳо барканор менамоянд.
Анъанаи бачабозӣ баъди фурӯпошии ҳукумати Толибон аз нав авҷ гирифтааст. Толибон бачабозиро ҳамчун амали ғайриисломӣ манъ карда буданд. Бачабозӣ ҳозир ҳам дар Афғонистон манъ мебошад, вале таваҷҷӯҳ ба бачабозӣ аз деҳот то шаҳрҳои бузург тавсеа ёфтааст. Ҳомии ҳуқуқи башар Симо Самар бачабозиро ҷиноят меномад.
Мушкили дигари мубориза бо бачабозӣ ин аст, ки баъзан афсарони пулис низ дар бачабозӣ саҳмгиранд. Дар ин навори видео афсареро метавон дид, ки аз рақси бача ҳаловат мебарад. Бачаҳои раққос мегӯянд, ки ин ҳоли маъмулист.
Коршиносон мегӯянд, эҳтимол то замоне ки камбизоатӣ коҳиш наёбад ва ҳокимияти қонун по барҷо набошад, бачабозӣ дар Афғонистон аз байн нахоҳад рафт.