Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бабченко зинда аст


Акс аз нишасти матбуотии СБУ. 30 май, Киев
Акс аз нишасти матбуотии СБУ. 30 май, Киев

Раиси хадамоти амнияти Украина гуфт, ки журналисти рус ва мунаққиди Кремлин Аркадий Бабченко зинда аст. Ин изҳорот рӯзе баъди он садо дод, ки мақомоти Украина эълон карданд, журналисти маъруф аз ҷониби марди мусаллаҳ дар хонааш дар шаҳри Киев кушта шуд.

Хабари марги Бабченко даҳҳо нафарро дар сӯг нишонд
Хабари марги Бабченко даҳҳо нафарро дар сӯг нишонд

​Аркадий Бабченко рӯзи 30-юми май дар як нишасти хабарии Хадамоти амнияти Украина аз ҳамсар ва дигар наздиконаш узр пурсид, ки дар бораи ширкаташ дар як амалиёти вижаи амниятӣ ба онҳо хабар надода буд. Ӯ гуфт, дар бораи омодагӣ ба ин амалиёти вижа моҳе пеш хабардор шуд.

Полиси Украина шоми 29-уми май гуфт, ки Аркадий Бабченко дар Киев кушта шуд. Полис гуфт, ба ӯ ҳангоме тир холӣ карданд, ки мехост вориди манзилаш шавад ва дар макони куштори журналисти рус се ғилофи тири 9-миллиметрии таппончаи Макаров пайдо шуд.

Дар пайи ин раиси полиси миллии Украина Сергей Князев гуфт, иҷрокунандаи куштор "як қотили касбӣ" буд ва худи ҷиноятро гурӯҳи нафарон тарҳрезӣ кардаанд.

Минтақае дар Киев, ки Аркадий Бабченко зиндагӣ мекунад
Минтақае дар Киев, ки Аркадий Бабченко зиндагӣ мекунад

Антон Герашенко, вакили порлумони Украина гуфт, "қотил ӯро дар зинапояи даромадгоҳи хона" интизор буд. Вай дар Фейсбуки худ навишт, "вақте Аркадий дари манзилашро боз кард, қотил бераҳмона ба пушташ тир кушод ва чанд тир холӣ кард".

Гумонбари аслии таҳияи куштори журналист як шаҳрванди Украина будааст ва исми ӯ бурда намешавад. Муовини раиси Хадамоти амнияти Украина Василий Грисак гуфт, барои куштор ба қотил 30 ҳазор доллар ваъда шуд.

Худи Бабченко дар нишасти хабарӣ дар Киев гуфт, омодагӣ ба амалиёт "ду моҳ идома дошт". "Ҳаёти маро наҷот доданд. Бори дигар миннатдорӣ баён мекунам, вале ҳамзамон амалиёти террористии аз ин сангинтар ҳам пешгирӣ карда шуд", - афзуд ӯ.

Дар бораи онки ба ҷони журналист сӯиқасде омода мешавад, худи журналист моҳе пеш аз кормандони Хадамоти амнияти Украина хабар ёфт. Вай гуфт, барояш як парвандаро нишон доданд ва дар он акси шиносномаи ӯ ҳам буд. Аз инҷо хулоса карданд, ки амалиёти ҳамла бо ёрии Хадамоти вижа ҷараён доштааст.

Ӯ интихоби дигаре надошт ва розӣ шуд, ки дар амалиёти вижа иштирок кунад. "Ман кори худро иҷро кардам. Ман ҳанӯз зинда ҳастам", - гуфт Бабченко дар поёни изҳороташ.

Додситонии кулли Украина Юрий Лутсенко гуфт, иҷрокунандаи куштор "як гумоштаи хадамоти амният буд".

Аркадий Бабченко аз мунтақидони саршиноси ҳукумати Русия аст. Гузоришҳои ӯ дар бораи ҳимояти Маскав аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина, аз сӯи расонаҳои давлатии Русия ва шуморе аз мақомҳои ҳукумати он кишвар борҳо интиқод шуда буд.​

Бабченко дар ҷараёни ҷанги аввали Чеченистон дар артиши Русия хидмат карда буд. Ӯ баъдан артишро раҳо кард ва касби рӯзноманигориро пеш гирифт. Ӯ ҳамчун рӯзноманигори низомӣ барои чанде аз расонаҳои Русия гузоришҳо таҳия кардааст.

Вай тирамоҳи соли 2017 ба Киев рафт ва дар ин шаҳр зиндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG