Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду бонк ба шифохонаҳои Тоҷикистон 12 миллион доллар доданд. "Хидматрасонӣ беҳтар мешавад"? ВИДЕО


Назарҳо ба хидматрасонии тиббӣ дар Тоҷикистон

Вакилони Маҷлиси Намояндагон рӯзи 28-уми январ созишномаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ду бонки байнулмилалиро қабул карданд. Бар асоси он, барои беҳтар кардани хидматрасонии тиббӣ 12 миллион доллар ҷудо мешавад, ки даҳ миллион доллари онро Бонки Ҷаҳонӣ ва боқимондаро Бонки Таҷдид ва Рушд медиҳанд.

Ин дар ҳолест, ки танқидҳо аз тақсими ношаффофи кумакҳо дар аҳди коронавирус дар Тоҷикистон ба мавзӯи доғ табдил шудааст ва баъзе аз сокинону фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста сари он таъкид мекунанд.

Агар пулашонро диҳӣ, нағз хизмат мерасонанд. Ҳатто то поини бино гусел мекунанд. Агар пулат набошад – не.

Рӯзи 28-уми январ дар порлумон гуфта шуд, 12 миллион доллар ёрии бебозгашт ба таври дуруст дар бахши тандурустӣ истифода хоҳад шуд. Юсуф Маҷидӣ, муовини вазири молияи Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии лоиҳа гуфт, “ҳадаф беҳтар кардани сифати хидматрасонии тиббӣ дар 16 ноҳия, аз ҷумла Ёвону Данғара, Ҷалолуддини Балхӣ, Фархору Қубодиён, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Дарвоз ва шаҳри Кӯлоб мебошад."

Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали вазири тандурустӣ, рӯзи 28-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ татбиқи чунин созишномаҳоро дар шароити пандемияи COVID-19 муҳим донист. Ӯ гуфт, “бо маблағи пешбинишуда беш аз 448 муассиса бо таҷҳизоти тиббӣ таъмин шуда, 100 инфрасохтори дигар пурра таъмир мешаванд”.

Ихтисоси миллионҳо доллар гранти бонкҳои байналмилалӣ дар ҳолест, ки як пурсиши хабарнигорони Радиои Озодӣ дар кӯчаҳои Душанбе нишон дод, сокинон ба сифати хидматрасонии тиббӣ назарҳои яксон надоранд.

Шамсия Аҳмадова, яке аз роҳгузарон дар Душанбе, гуфт, дар шифохонаҳо танҳо ба шахсоне хадамоти хуби тиббӣ мерасонанд, ки сарватманд ҳастанд: “Агар пулашонро диҳӣ, нағз хизмат мерасонанд. Ҳатто то поини бино гусел мекунанд. Агар пулат набошад – не. Бе пул будан душвор аст. Худатон медонед."

Аммо Валӣ Раҳмонов, мусоҳиби дигари мо таъкид кард, ки ҳоло хидматрасониҳои тиббӣ дар муқоиса ба солҳои пеш "андаке беҳтар шудааст". Маҳфуза Аҳмадзода гуфт, ки "ба қарибӣ духтарам каме нотоб шуд. Ба назди духтур рафтем. Ташхисе монд, ки ба он шубҳа кардам. Ба назди пизишкони дигар рафтем, аз ҳаво гирифта будааст. Намедонам, чӣ хел духтур буд."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ду бонк барои шифохонаҳои Тоҷикистон $12 млн ҷудо карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:24 0:00

Дар ҳамин ҳол, муовини аввали вазири тандурустӣ сатҳи хадамоти тиббиро дар кишвар хуб арзёбӣ кард ва гуфт, тақсими кумакҳои молӣ дар бахши тандурустӣ ба таври шаффоф сурат мегирад.

Ёқуб Ҳалимов, хабарнигори тоҷик, ки масъалаи шаффофияти тақсими кумакҳои башардӯстонаро дар бахши тандурустӣ таҳқиқ кардааст, ба тақсими одилонаи ёриҳо бовар надорад.

Ӯ мегӯяд, “кумакҳои ҷудошударо марказҳои маъмурӣ ва шаҳрҳо мегиранд, аммо ноҳияҳои дурдаст маҳрум мемонанд. Дастгоҳҳои даркорӣ бо худи саршумори аҳолӣ мутобиқ нестанд. Фарз кардем, чӣ барои нафасдиҳӣ бошад ва ё дастгоҳҳое, ки барои утоқҳои тиббӣ истифода мекунанд, дар шаҳру ноҳияҳо танҳо як ё дуто ҳастанд ва барои аҳолии 60 ё 70-ҳазорнафарӣ кофӣ нест.”

Дар гузашта низ бонку созмонҳои байналмилалӣ ба рушди бахши беҳдоштии кишвар кумакҳо дода буданд. Тоҷикистон дар ёздаҳ моҳ ва бахусус дар аҳди коронавируси нав аз хориҷ ба маблағи зиёда аз 41 миллион доллар ёрии башардӯстона гирифтааст.

Ба иттилои мақомот, ёриҳо аз васоили тиббиву орду равған, масолеҳи сохтмонӣ ва мошинҳои Ёрии таъҷилӣ иборат буданд. Ҳар замон корбарони шабакаҳои иҷтимоиву баъзе аз коршиносон аз мақомот талаб мекунанд, ки шаффофияти тақсими кумакҳоро таъмин намоянд. Ба қавли онҳо, ҳадди ақал харҷҳоро дар сомонаҳои расмӣ нашр кунанд.

Вале мақомоти Тоҷикистон натанҳо харҷҳоро нашр намекунанд, балки дар ин маврид ба суолҳои хабарнигорон ё ба сахтӣ посух мегӯянд, ё тамоман аз ҷавоб гуфтан худдорӣ меварзанд. Ин аст, ки шубҳаҳо ба кори дурусту шаффофи мақомот то ҳанӯз боқист.

Ба иттилои расмӣ, бемории СОVID-19 то ба ҳол ба 13308 кас дар Тоҷикистон сироят карда, боис ба марги 90 нафар шудааст. Оморе, ки иддае дар Тоҷикистон ва берун аз кишвар ба он бо шубҳа менигаранд ва мегӯянд, миқёси гирифторӣ ва талафот ба маротиб бештар аз ин аст. Ба мисли ин ки аз оғози имсол мақомот пайиҳам дар бораи сабт нашудани гирифторон ва раиси ҷумҳур дар мавриди пирӯзӣ ба бемории ҳамагир мегӯянд, вале нигарониҳо дар ҷомеа вуҷуд дорад, ки беморӣ пурра нест нашудааст ва бепарвоии сокинон эҳтимол вазъро дубора бад кунад.

XS
SM
MD
LG