Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат мухолифинро ба ташкили эътирозҳо айбдор кард


Нирӯҳои пулис дар Сиязан
Нирӯҳои пулис дар Сиязан

Пулиси Озарбойҷон дар ҷараёни пароканда кардани эътирози мардум алайҳи болоравии нархҳо дар шаҳри Сиязан 55 нафарро дастгир ва мухолифинро ба ташкили ин эътирозҳо айбдор кард.

Нирӯҳои вижаи пулиси Озарбойҷон, ки барои пароканда кардани эътирозҳои мардум ба ноҳияи Сиязан, 90-километрии шимоли пойтахт, шаҳри Боку сафарбар шуданд, 55 нафар аз тазоҳургаронро дастгир кардаанд. Мардум рӯзҳои 12-13 январ дар ин шаҳр ва 4 минтақаи дигари Озарбойҷон ба нишони эътироз ба болоравии нархҳо ва беқурб шудани манат – пули миллии ин кишвари Қафқоз ба кӯчаҳо рехтанд.

Мақомоти интизомии Озарбойҷон билофосила мухолифинро ба ташкили ин эътирозҳо айбдор карданд. Намояндагони вазорати умури дохилаи Озарбойҷон мегӯянд, “маълум шуд, ки амалҳои ғайриқонунӣ дар ноҳияҳои Сиязан, Ленкоран, Физулӣ, Оқчабедӣ ва Оқсу аз сӯи фаъолони ҳизби Мусовот ва Фронти халқии Озарбойҷон, ҳамчунин як идда аз нирӯҳои тундрав ва ифротии мазҳабӣ ташкил шудааст.”

Ҳукумат барои саркӯби эътирозгарон ба Сиязан нирӯ фиристод ва ба гуфтаи шоҳидон, пулис алайҳи издиҳом аз гази ашковар ва силоҳ низ истифода бурдааст. Дар ноҳияи Ленкоран дар ҷануби Озарбойҷон пулис ду намояндаи мухолифин – Имон Алиев аз ҳизби Мусовот ва Нозим Ҳасанлӣ – раҳбари бахши ноҳиявии Фронти халқии Озарбойҷонро дастгир кард. Онҳо бо ҷурми вайрон кардани қоидаҳои баргузории тазоҳурот 30-рӯзӣ ҳабс шудаанд.

Дар ноҳияи Физулӣ, аз ҷумла дар рустои Балабаҳманлӣ мардум алайҳи бекорӣ ва болоравии нархҳо эътироз карданд. Аммо дар шаҳри Оқсу, ки эътирозгарон чанд масъала – афзоиши нархи маҳсулоти хӯрока, бекорӣ ва мушкили пардохти маоши мардумро дар миён гузоштаанд, мақомоти маҳаллӣ чанд намояндаи онҳоро қабул карда, арзашонро шунидаанд.

Эътирозҳо зидди болоравии нархҳо
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:47 0:00

Озар Рашидоғлу, таҳлилгари масоили сиёсии Озарбойҷон мегӯяд, дар ин кишвар, чун дар дигар кишварҳои пасошӯравӣ, низоми ҳоким ҳар навъ дигарандешӣ, аз ҷумла аҳзоби мухолифро саркӯб карда, ба ҳошия ронда буд, вале мақомот бехабар монданд, ки чигуна дар муқобилашон як нирӯи нав, яъне худи мардум қад баланд кард: “Ин эътирозҳо барои ҳукумати президент Илҳом Алиев ғайриинтизор буд. Аз як сӯ, беқурб шудани манат, аз тарафи дигар, бекорӣ, ва инак, ба осмон парвоз кардани нархҳо мардумро дар як ҳолати сахт қарор додааст, ки нотарсида ба кӯчаҳо рехтанд. Онҳо диданд, ки ҳукумат беамал аст ва то ҳол ҳатто як барномаи муқобила бо бӯҳронро таҳия накардааст.”

Манат – пули миллии Озарбойҷон – дар тӯли соли 2015 дар байни пулҳои миллии кишварҳои пасошӯравӣ аз ҳама бештар қурбашро аз даст дод. Дар моҳи феврал Бонки миллии Озарбойҷон манатро бори аввал 33,5 фоиз девалватсия (беқурб) кард. Уфти дувуми башиддати манат 21 декабр, вақте ки Бонки миллӣ манатро ба шинои озод сар дод, рух дод. Дар як рӯз манат 50 дарсад қурбашро дар муқобили доллар гум кард. Дар маҷмӯъ дар як соли охир қурби пули миллии Озарбойҷон, ки дар гузашта аз ҳисоби фурӯши нафту газ фоидаҳои ҳангуфте ба даст меовард, дар муқобили доллар 98,7 дарсад коҳиш ёфт. Ин нишондиҳандаи рекордӣ нафақат дар Шӯравии собиқ, балки дар тамоми қораи Аврупост.

Дар пайи уфти қурби манат нархи маҳсулоти ғизоӣ дар Озарбойҷон башиддат боло рафт ва ба сатҳи зиндагии мардум, бахусус онҳое, ки ба истилоҳ дар маошу нафақа нишастаанд, сахт зарба зад. Рӯзи 7 январ Алик Наврӯзов, як омӯзгори озарӣ, ки аз бонк қарздор будааст, ба ин далел ки дигар тавони додани қарзашро надорад, худро оташ зад. Гуфта мешавад, ки ин фоҷиа нархи инсонии фурӯравии қурби манат – пули миллии ин кишвари саршор аз нафту гази Қафқозро ба намоиш гузошт.

XS
SM
MD
LG