Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳҳо аз Тоҷикистон ба интихоботи Озарбойҷон. "Чизе тағйир намеёбад"? ВИДЕО


Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон, ҳангоми ройдиҳӣ дар интихоботи 9-уми феврали 2020
Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон, ҳангоми ройдиҳӣ дар интихоботи 9-уми феврали 2020

Бар асоси натиҷаҳои ибтидоии интихоботи пеш аз муҳлати порлумонии Озарбойҷон, ҳизби президент Илҳом Алиев пирӯз шуд ва аз 125 курсии маҷлис 81 курсиро соҳибӣ кард. Раиси Кумисюни марказии интихоботи Озарбойҷон Мазоҳир Паноҳов 10-уми феврал натиҷаҳои пешакиро эълон кард. Шумори аъзои ҳизби ҳоким дар порлумони Озарбойҷон 16 нафар бештар назар ба ҳайати кунунӣ мешавад.​Нозирони мустақил аз қонуншиканиҳо дар интихобот хабар доданд. Интихоботи порлумонии Озарбойҷон рӯзи 9-уми феврал баргузор шуд.​

Бархе аз соҳибназарон дар Тоҷикистон мегӯянд, бо назардошти табиати сиёсии ҳукумати Озарбойҷон, дар пайи интихобот ва нав шудани ҳайати порлумон, президент Илҳом Алиев ҳамоно шахси тасмимгиранда дар ин кишвар боқӣ хоҳад монд.

Натиҷаҳои интихоботи зудҳангом дар Озарбойҷон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00

Баъзе ҳизбҳои мухолиф "бойкот" карданд

Дар гузоришҳои марбут ба қонуншиканӣ ҳангоми раъйдиҳӣ – ҳолатҳои овоздиҳии батакрор, монеъ шудан ба наворгирӣ дар нуқтаҳои раъйдиҳӣ, монеъ шудан ваё озори нозирони байналмилалӣ сабт шудааст.

Шумориши раъй
Шумориши раъй

Дар изҳороти Кумисюни марказии интихоботи Озарбойҷон гуфта шуд, ки ҳузури раъйдиҳандагон дар овоздиҳӣ 47,81 дарсад буд ва ин омор тахминан 8 дарсад камтар назар ба интихоботи аз ин пеш мебошад. Бархе ҳизбҳои оппозитсионӣ дар робита бо маҳдуд шудани ҳузури матбуоти мустақил ва ҳам ҳуқуқи баргузории таҷаммӯъҳои сулҳомез интихоботро бойкот карданд.

Дар изҳороти субҳи 10-уми феврал ҳизби “Озарбойҷони нав” аз пирӯзии ин ташаккули сиёсӣ хабар дод ва навишт: "Натиҷаҳои экзит-пол моро ба ин хулоса водор мекунад, ки “Озарбойҷони нав” аксари раъйҳоро ба худ ихтисос додааст."

Дар Озарбойҷон ҳеч интихобот мутобиқ ба меъёрҳои демократӣ эътироф нашудааст. Илҳом Алиев, ки 17 сол пеш, баъд аз марги падараш Ҳайдар Алиев, ба қудрат расид, интихоботи ахири порлумониро нӯҳ моҳ пеш аз муҳлат даъват намуд. Алиев гуфт, ҳадаф барпо кардани ислоҳот мебошад.

Бар асоси натиҷаҳои "экзит-пол"-е, ки ширкати Arthur J. Finkelstein & Associates, қароргоҳаш дар Амрико, барпо кардааст, ҳизби ҳоким метавонад 69 курсии маҷлисро ба худ ихтисос диҳад. Бар асоси “экзит-пол”, танҳо номзади мухолифин, ки метавонад ба порлумон роҳ ёбад, Эркин Қодирлӣ аз Ҳаракати алтернативии мадании ҷумҳуриявӣ мебошад.

САҲА ва нозирони мустақил чӣ гуфтанд?

Дар гузориши муқаддамотии нозирони Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ва ҳам Шӯрои Аврупо гуфта шуд, “қонунгузории маҳдудкунанда ва фазои сиёсӣ аз рақобати воқеӣ ҷилавгирӣ кард” ва “дар ҳисобу китоб қонуншиканиҳои ҷиддӣ мушоҳида шуд”. Нозирон гуфтанд, дар ҳафт нуқтаи раъйдиҳӣ овоздиҳӣ баҳои манфӣ гирифт, чун кӯтаҳиҳои ҷиддӣ ҷой дошт.

Артур Герасимов, ҳамоҳангсози вижаи ҳайати нозирони САҲА ҳангоми суханронӣ дар пойтахт, шаҳри Боку рӯзи 10-уми феврал гуфт: “Қонунгузории маҳдудкунанда ва фазои сиёсӣ бо вуҷуди шумори баланди номзадҳо, аз ширкати номзадҳои воқеӣ дар интихоботи рӯзи 9-уми феврал дар Озарбойҷон, ки як интихоботи пеш аз мӯҳлат буд, ҷилавгирӣ кард. Бархе номзадҳои пешқадам аз ҳаққи ширкат маҳрум шуданд, ҳарчанд дар маҷмӯъ раванди сабтиноми номзадҳо фарогир буд. Бо сабаби набуди мубоҳисаҳои воқеии сиёсӣ интихобкунандаҳо бо интихоби бомазмун маҳрум буданд.”

Дар интиқодҳои бархе нозирони мустақил, аз мушоҳида шудани овоздиҳии такрории мавсум бо истилоҳи “чархофалак” (“карусел”) хабар дода шуд. Бархе ба бахши озарии Радиои Озодӣ гуфтанд, мошини Ёрии таъҷилиро диданд, ки овоздиҳандагонро ба нуқтаҳои раъйдиҳӣ интиқол медод. Як нозири дигари мустақил гуфт, ки ӯро аз нуқтаи раъйдиҳие, ки кор мекард, зада пеш карданд.

“Интихобот чизеро тағйир намедиҳад”?

Ҳанӯз мақомот дар Тоҷикистон, ки ҳамчунин дар остонаи интихоботи порлумонӣ қарор дорад ва натиҷаҳои онро пешгӯишаванда меноманд, ба интихоботи Озарбойҷон вокуниш накардаанд. Ин ду кишвар бо ҳам шарики сиёсӣ ба шумор мераванд.

Вале бархе соҳибназарон мегӯянд, Озарбойҷон давоми солҳои зиёд ба ҳукумати Тоҷикистон ба унвони як модел ё намунаи сиёсӣ хидмат мекунад. Озарбойҷон аввал шуда дар қаламрави собиқ Шӯравӣ имкони меросӣ шудани қудратро аз падар ба писар ба намоиш гузошт ва дар порлумон ҳузур ёфтани аксар намояндагони ҳизби президент ҳам чун як василаи дигари тақвияти қудрати раҳбари аввал интиқод шудааст.

Марат Мамадшоев
Марат Мамадшоев

Журналисти тоҷик Марат Мамадшоев мегӯяд, “элитаҳои худкомаи Иттиҳоди давлатҳои мустақил аз якдигар ёд мегиранд. Вале азбаски интиқоли қудрат аз Алиеви калонӣ ба хурдӣ солҳо пеш анҷом шудааст, Тоҷикистон таҷрибаи ин кишварро ба инобат мегирад”.

Ӯ афзуд: “Озарбойҷон як кишвари сарватманд аст, дар шароити дигар ба сар мебарад ва дар орзуи пайвастан ба Аврупо аст. Вале ин чиз ҳайратовар аст, ки кишвари дорои созишномаи шарикӣ бо Иттиҳоди Аврупо ба порлумон ягон депутати мухолифи ҳукуматро роҳ намедиҳад. Мантиқи ин режимҳо ҳамин аст, ки бо гузашти сол назарҳои мухолифон таҳаммули камтар нишон медиҳанд”.

Айни замон, ба бовари ин хабарнигор, бо вуҷуди тағйири шаклии маҷлиси қонунгузор, ки як шохаи муҳими давлат аст, “хатти машйи кишвар тағйир намеёбад ва Илҳом Алиев ба танҳоӣ масъулиятро ба дӯш хоҳад дошт”.

“Тоҷикистон аз Узбекистон омӯзад”?

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки дар интихоботи порлумонии моҳи март номзад шудааст, мегӯяд, "чун низоми сиёсии Озарбойҷон низ худкома аст ё ғаридемократӣ, натиҷаҳо воқеиятҳои сиёсӣ ва сатҳӣ будан ё набудани иродаи сиёсиро дар ин кишвар дар робита бо ташаккули парламент ва парламентаризм ифода мекунад. Аммо Тоҷикистони муосир ва равандҳои сиёсии он бештар бо Узбекистону Қазоқистон ва ҳам арзишҳое, ки аз Русия ва Беларус бармеояд, шабоҳат дорад. Ба ҳар сурат, ба манфиати кор мешуд, ки дар Тоҷикистон таҷрибаи Узбекистонро татбиқ мекарданд, чун ба порлумон ворид шудани аҳзоби дигар низ ба манфиати кор аст."

Дубнов: Алиев ба ташаккули элитаи нави сиёсӣ иқдом кард

Таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ дар Маскав Аркадий Дубнов мегӯяд, интихоботи порлумонии Озарбойҷон бо ҳадафи “тақвияти қудрати Алиев анҷом шуд” ва ҳадафаш “эҷоди қишри элитаи нави Озарбойҷон аст”. Ӯ мегӯяд, ин элита “дар замони ҳукмронии худи ӯ ташаккул ёфта, аз ӯ вобаста аст ва Илҳом Алиевро як пешвову улгуи худ эътироф мекунад”.

Дубнов мегӯяд, Алиев аз соли гузашта ба поккории сафи ҳукумат шуруъ кард ва аз онҳое халос шуд, ки аз даврони падараш ба ӯ “мерос гузошта шуда буданд”. Баъди ин навбати порлумон шуд, ва ба гуфтаи ӯ, бо пешниҳоди мардум, “Алиев гӯё нишон дод, ки дар баробари тақозоҳои мардуми кишвар вокуниши сареъ нишон медиҳад ва дар вокуниш ба ин ки порлумон аз пайи беҳбуди иқтисодиву иҷтимоӣ нест, аз пайи ислоҳот шуд. Вале то ҳол касе намедонад, ки ин ислоҳот аз чӣ иборат мешавад.”

Аркадий Дубнов
Аркадий Дубнов

Аркадий Дубнов мегӯяд, Озарбойҷон, ки як кишвари ғанӣ аз нафту дигар захираҳои табиӣ аст, аз ҷониби элитаҳои сарватманд раҳбарӣ мешавад ва ҳамин мавқеаш “иҷоза медиҳад”, ки дар кишвар мухолифон фаъолият дошта бошанд. Мухолифон матбуоти худро доранд ва дар интихобот ҳам иштирок мекунанд. Дубнов айни замон гуфт, дар ин кишвар шахсияти президент аз ҳама боло буда, ӯ як “кафили амнияти миллӣ” аст ва Илҳом Алиев ба унвони “раҳбари кишваре талаққӣ мешавад, ки маҷбур аст ба таҷовузи беруна истодагарӣ кунад”.

Дар интихоботи порлумонии Озарбойҷон 1637 номзад расман сабтином шуданд. 19 ҳизби сиёсӣ 272 номзадро ба интихобот пешбарӣ кард, аз ҷумла, ҳизби ҳоким 123 номзадро ба қайд гирифт. Аз миёни мухолифон ҳизби “Мусовот” 25 ва ҳизби “Умед” 21 номзадро пешбарӣ кард. 81 узви порлумони кунунӣ дар интихоботи ахир барои дубора ворид шудан ба порлумон вориди рақобат шуданд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG