Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Шолтс хостанд, ки бо раҳбарони Осиёи Марказӣ дар бораи ҳуқуқи инсон гап занад


Акси панҷ раҳбари Осиёи Марказӣ
Акси панҷ раҳбари Осиёи Марказӣ

Созмони маъруфи Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон хост, ки дар “сафари таърихиаш” ба Осиёи Марказӣ бо панҷ раҳбари минтақа дар бораи риояи ҳуқуқи инсон суҳбат кунад.

Қарор аст, Олаф Шолтс имрӯз, 15-уми сентябр вориди Узбекистон шавад ва рӯзҳои 16-17-уми сентябр дар нишасти “Панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Олмон” ширкат кунад. Ин нишаст бори аввал соли гузашта дар Олмон баргузор шуда буд ва панҷ раҳбари Осиёи Марказӣ ба ин кишвар сафар карда буданд. Олаф Шолтс аввалин садри аъзами Олмон аст, ки ба Осиёи Марказӣ сафар мекунад, аз ин рӯ, сафарашро таърихӣ меноманд.

Дар ин нишаст Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон низ бояд ширкат кунад.

Созмони HRW дар номаи худ гуфтааст, ки “ҳукумати Олмон набояд вонамуд кунад, ки бидуни беҳбудии вазъи ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ бо ин кишварҳо равобити хуб хоҳад дошт.”

Ин созмон гуфтааст, дар ин нишаст рӯшан хоҳад шуд, ки Олмон барои беҳбудии ҳуқуқи инсон чӣ сиёсатеро дар пеш гирифтааст.

Дар номаи HRW гуфта мешавад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳуқуқи инсонро сахт поймол мекунанд, аз ҷумла, журналистону фаъолони сиёсиро боздошту зиндонӣ карда, ҳуқуқи занҳо ва озодии баёнро нодида мегиранд. Ба гуфтаи ин созмон, дигар дар ин кишварҳо интихоботи озод вуҷуд надорад ва мақомот ҷомеаро зери фишор қарор додаанд.

Олмон ба бозори энережии Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳ дошт, вале пас аз ҳамлаи Русия ба Украина талошҳои пайдо кардани газу нафт аз манбаҳои дигар бештар шудааст.

Дар ин нишаст Олаф Шолтс бо раҳбарони Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон бештар ҳамкориҳои иқтисодӣ ва таҳримҳо алайҳи Русияро баҳс хоҳад кард.

Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, аз тариқи ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ Русия таҳримҳои кишварҳои ғарбиро давр мезанад.

Шолтс дар Узбекистон бо Шавкат Мирзиёев, президенти ин кишвар дар бораи муҳоҷират созишнома имзо мекунад, ки роҳи шаҳрвандони ин кишвар барои кор дар Олмонро боз мекунад. Дар Қазоқистон Шолтс бо Қосим-Ҷомарт Тоқаев алоҳида суҳбат мекунад.

Дар ин бора, ки Шолтс бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва дигар раҳбарони Осиёи Марказӣ алоҳида гап мезанад ё не, маълум нест.

Ин нишаст моҳи сентябри соли гузашта дар Олмон баргузор шуда буд. Мухолифони тоҷик низ ба Шолтс нома карда буданд, ки бо Эмомалӣ Раҳмон дар бораи риояи ҳуқуқи инсон суҳбат кунад. Онҳо гуфта буданд, ки Тоҷикистон ба кишвари саркубкунандаи дигарандешону фаъолон табдил ёфтааст.

Он замон гурӯҳе аз мухолифони тоҷик дар Олмон ҳамоиши эътирозӣ баргузор карданд ва мошини Эмомалӣ Раҳмонро ба тухм заданд. Баъдан, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон хабар доданд, ки пайвандони афроде, ки дар эътироз ширкат карда буданд, дар Тоҷикистон азият шудаанд.

XS
SM
MD
LG