Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз пирӯзии Тоҷикистон ба Тимори Шарқӣ мухлисон хушҳол нашуданд


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бар тими миллии Тимори Шарқӣ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Ин бозии гурӯҳи “А” 25-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид.

Голи ягонаро ҳимоятгар Ваҳдат Ҳанонов, легионери тими миллии Тоҷикистон, ки аз бошгоҳи “Сипоҳон”-и Эрон даъват шуд, дар дақиқаи сеюми бозӣ ба самар расонд.

Ҳарчанд футболбозони тоҷик се имтиёз гирифтанд, вале аз ин ғалаба дар майдони худ танҳо бо як гол бар тими миллии заифи қора мухлистон чандон хушҳол нашуданд. Зеро Тимори Шарқӣ дар радабандии FIFA нисбат ба Тоҷикистон 93 зина поин, дар ҷойгоҳи 197-ум, қарор дорад.

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Гела Шекиладзе, мутахассиси гурҷӣ, гуфт, ки вазифаи даста ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфтан аст. Аммо, ба назари коршиносон, бо чунин бозӣ ба гумон аст, ки тими миллии кишвар ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳхат бигирад.

Бозии дигари даври якум 25-уми март байни дастаҳои мунтахаби Молдив ва Филиппин доир гардид. Бозӣ бо ҳисоби 4:1 ба суди филиппиниҳо ба поён расид. Мунтахаби Филиппин, бешак, барои роҳхати ягона ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 довталаби асосист.

Баъди натиҷагирии бозиҳои даври якуми мусобиқа дар гурӯҳи “А” мунтахабҳои Филиппин ва Тоҷикистон сеимтиёзӣ гирифтаанд. Бо дарназардошти таносуби тӯбҳо филиппиниҳо (4-1) дар ҷойи аввал ва футболбозони тоҷик (1-0) дар ҷойи дуюм қарор доранд.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А” бо тимҳои миллии Филиппин, Молдив ва Тимори Шарқӣ бозӣ мекунад.

Дар натиҷаи қуръакашӣ тимҳои миллӣ ба шаш гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шудаанд. Ҳар як даста дар гурӯҳ шаш бозӣ – се рақобат дар майдони худ ва се бозӣ дар меҳмонӣ - анҷом медиҳад.

Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Таркиби гурӯҳҳои мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2027:

Гурӯҳи «А»: Тоҷикистон, Филиппин, Молдив, Тимори Шарқӣ.

Гурӯҳи «В»: Лубнон, Яман, Бутан, Бруней.

Гурӯҳи «С»: Ҳиндустон, Ҳонконг, Сингапур, Бангладеш.

Гурӯҳи «D»: Тайланд, Туркманистон, Тайбейи Чин, Шри-Ланка.

Гурӯҳи «E»: Сурия, Афғонистон, Мянмар, Покистон.

Гурӯҳи «F»: Ветнам, Малайзия, Непал, Лаос.

Тақвими бозиҳои мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А”:

Даври якум

Тоҷикистон – Тимори Шарқӣ – 1:0

Гол: Ваҳдат Ҳанонов, 3

Тоҷикистон: Олег Баклов, Ваҳдат Ҳанонов (Меҳрубон Каримов, 87), Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Парвизҷон Умарбоев (Манучеҳр Ҷалилов, 76), Шервонӣ Мабатшоев (Ҳамадонӣ Камолов, 57), Эҳсони Панҷшанбе, Алишер Ҷалилов, Шаҳром Самиев (Нуриддин Ҳамроқулов, 57).


25-уми март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 8520 тамошобин.


Филиппин – Молдив - 4:1

Голҳо: Ҷефферсон Табинас, 6 (1:0), Бҷом Кристенсен, 19 (2:0), Алӣ Фасир, 62 (2:1), Ренди Шнейдер, 62 (3:1), Сандро Рейис, 90+2 (4:1)

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:


ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1ФИЛИППИН11004-13
2ТОҶИКИСТОН11001-03
3ТИМОРИ ШАРҚӢ10010-10
4МОЛДИВ10011-40


Даври дуюм

10 июни 2025 (сешанбе)

Филиппин - Тоҷикистон

Тимори Шарқӣ - Молдив

Даври сеюм

9 октябри 2025 (панҷшанбе)

Тоҷикистон Молдив

Тимори Шарқӣ - Филиппин

Даври чорум

14 октябри 2025 (сешанбе)

Молдив - Тоҷикистон

Филиппин Тимори Шарқӣ

Даври панҷум

16 ноябри 2025 (сешанбе)

Тимори Шарқӣ - Тоҷикистон

Молдив - Филиппин

Даври шашум

31 марти 2026 (сешанбе)

Тоҷикистон Филиппин

Молдив - Тимори Шарқӣ


XS
SM
MD
LG