Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инқилобе, ки намехоҳанд ба ёд биоранд. Аз ҳодисаҳои Миср 10 сол гузашт


Даргирии эътирозгарон бо пулиси зидди шӯриш. Қоҳира, 28-уми январи 2011
Даргирии эътирозгарон бо пулиси зидди шӯриш. Қоҳира, 28-уми январи 2011

Аз инқилоб дар Миср 10 сол гузашт. Инқилобе, ки ба тағйири қудрат сабаб шуд, вале бино ба назари коршиносон, ба ҳадафи худ нарасид. Ҳарчанд ба ин ё он шева рӯйи амалкардҳои раҳбарони худкома дар ҷаҳон таъсир гузошт.

Даҳ сол пеш, 25-уми январ, дар Миср эътирозҳои зиддиҳукуматӣ оғоз шуд ва то 11-уми феврал идома кард. Беш аз понздаҳ ҳазор нафар ба майдони марказии шаҳри Қоҳира рехтанд.

Норозиён дар Тунис акси раиси ҷумҳур Зайнулобиддин Бен Алиро месӯзонанд. 24-уми январи 2011
Норозиён дар Тунис акси раиси ҷумҳур Зайнулобиддин Бен Алиро месӯзонанд. 24-уми январи 2011

Нооромиҳо дар майдони "Таҳрир" дар оғоз ҳамчун вокуниш ба воқеаҳои Тунис, ки дар он ҷо Зайнулобиддин Бен Алии худкома сарнагун шуда буд, ба назар мерасид, вале баъдтар ба ҳамаи кишвар паҳн шуд.

Дар камтар аз як моҳи эътирозҳо, 11-уми феврали 2011, раисҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак, ки кишварро 30 сол идора мекард, истеъфо дод ва қудрат ба дасти Шӯрои олии қувваҳои мусаллаҳ гузашт.

“Ҳеч чизе мушкилотро пешгӯйӣ намекард”

Шоҳраҷаб Шоҳимӣ, шаҳрванди Тоҷикистон, аз соли 2010 то 2014 дар Қоҳира таҳсил карда, шоҳиди ҳаводиси сиёсӣ дар майдони “Таҳрир” будааст.

“Як рӯз пеш аз тазоҳурот, 24-уми январ, касе пешбинӣ намекард, ки ҳазорҳо нафар ба хиёбонҳо мебароянд. Зиндагӣ он шабу рӯзҳо мушкил шуда буд. Нархи маҳсулоти ғизоӣ ва хадамоти коммуналӣ рӯз то рӯз гарон мешуд, қурби доллар ба таври бесобиқа баланд рафта буд. 25-уми январ дар кишвар “Рӯзи пулис” расман таҷлил карда шуд ва вақте мардум ба майдон мерафтанд, касе аз низомиён мунтазир набуд, ки он ҷо барои ҳамоишу эътироз мераванд", -- нақл кард ӯ.

Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури пешини Миср
Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури пешини Миср

Ба гуфтаи Шоҳимӣ, то ин ҳаводис дар сӣ соли ҳукумати Ҳуснӣ Муборак ҳеч касе ба худ иҷоза надода буд, ки дар тазоҳурот ширкат кунад ва агар касе ба хиёбон мерафту эътироз мекард, қаҳрамонӣ дониста мешуд.

Инқилоб ва аксулинқилоб

Расман чунин меҳисобанд, ки пирӯзӣ дар майдони “Таҳрир”-ро либералҳои мисрӣ ба даст оварданд, ки аксар ҷонибдорони онҳо қишри таҳсилкардаи шаҳрҳои бузурги ин кишвар буданд.

Вале дар натиҷаи интихоботи порлумонӣ ва ташкили ниҳодҳои давлатӣ, Ҳизби озодӣ ва адолат – ҷиноҳи сиёсии ҳаракати “Ихвон-ул-муслимин”, ки солҳои зиёд мухолифи ҳукумати Миср буд, садрнишин шуд.

Номзади ихвониҳо Муҳаммад Мурсӣ баъд аз расидан ба қудрат ислоҳоти Қонуни асосиро оғоз кард ва салоҳиятҳои худро ба таври қобили мулоҳиза густариш дод. Қисми либерал ва дунявии ҷомеа Мурсиро ба ғасби қудрат муттаҳам карданд.

Дар натиҷа, тобистони соли 2013, баъд аз як кудето ё табаддулоти низомӣ зери раҳбарии вазири вақти дифоъ Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ, Мурсӣ ва ҷонибдоронаш боздошт шуданд ва ҳаракати "Ихвон-ул-муслимин" дигарбора манъ ва террористӣ эълон шуд.

Муҳаммад Мурсӣ моҳи июни соли 2019 дар толори додгоҳи Миср даргузашт
Муҳаммад Мурсӣ моҳи июни соли 2019 дар толори додгоҳи Миср даргузашт

Шумораи дақиқи қурбониёни ду инқилоб дастрас нест. Бино ба маълумоти Созмони Милали Муттаҳид дар натиҷаи сарнагунии нахустини ҳукумат 300 нафар кушта шуданд, аммо мақомот аз ҳалокати 846 хабар дода буданд.

Сабаб ва монандиҳо

Умар Шарифзода, шарқшиноси тоҷик, ки солҳои зиёд дар Миср зистааст, се далели асосиро ном мебарад, ки ба инқилоби иҷтимоӣ дар ин кишвар сабаб шуд:

  • Ҳукумати инҳисорӣ ва саркӯбгари марбут ба Ҳусни Муборак, ташаккули фарҳанги эътироз;
  • буҳрони инқилобҳо дар поёни асри 20 ва оғози асри 21;
  • рукуди иқтисодӣ.

“Ин се омил ҳамроҳ бо расонаҳои дар ҳоли рушд ва шабакаҳои иҷтимоӣ, қувваи асосии таҳрикдиҳандаи инқилоб дар Миср ва сабаби шикасти режими Муборак шуданд, ки ӯ як шахси низомӣ буд ва аз пуштибонии кишварҳои бонуфузи арабӣ низ бархӯрдор буд”, -- мегӯяд Шарифзода.

Дар ҳаводиси Тунис ва Миср коршиносон ба нақши қобили мулоҳизаи Твиттер ва Фейсбук ишора мекарданд. Маҳз дар ҳамин давра нақшаҳои мунҳасир ба фарди инқилоб ба василаи шабакаҳои иҷтимоӣ санҷида шуд ва ҳамчунин мубориза ба зидди онҳо оғоз ёфт.

Ҳамон замон маълум шуд, ки роҳи паҳншавии иттилоъро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ намешавад комилан баст. Баъдан таҷрибаи мубориза тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар Украина озмоиш шуд, баъдтар дар Беларус ва ҳоло дар ҳамоишҳои шаҳрҳои Русия.

Коршиносон он замон хотирнишон карда буданд, ки ҳаводиси Миср таваҷҷуҳи бисёре аз кишварҳо, бавижа кишварҳои авторитариро ҷалб кард. Ҳатто кишварҳои Осиёи Марказиро ҳам истисно накарданд.

“Алоқамандӣ ба ин далел буд, ки дар ин кишварҳо ҳам чунин ҳукуматҳои авторитарӣ сари қудратанд ва ҳамаи заминаҳои ташаккули инқилоб дар Миср ба ин кишварҳо монанд буд. Мантиқи рушди режимҳо яке буд”, -- шарҳ медиҳад Умар Шарифзода.

Таъсир ба зеҳнҳо ва тасмимҳои сиёсӣ

Абдулфаттоҳ Сисӣ, раиси ҷумҳури Миср
Абдулфаттоҳ Сисӣ, раиси ҷумҳури Миср

Дар мавриди таъсири ҳаводиси Миср ба мафкураи одамон ва нухбаҳои сиёсӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, коршиносон ҳамон замон ишора карда буданд. Кофӣ аст, ба бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ сар бизанем, ки бисёриҳо дар саҳифаҳои худ ишораи чорангуштро, ки рамзи пуштибонӣ аз ҳаракати “Ихвон-ул-муслимин” дар соли 2013 буд, гузошта буданд.

Коршиноси мустақил Абдумалик Қодиров ин таъсирро бо ҷаҳонишавӣ ва рушди фанновариҳо марбут медонад, ки имкон дода таваҷҷуҳи бештар ба ҳаводиси Миср сурат бигирад. “Он замон бисёриҳо ба ин умед буданд, ки инқилоб дар натиҷаи тазоҳуроти шаҳрвандони одӣ сурат гирифтааст, ки мехоҳанд режими Ҳуснӣ Муборакро тағйир диҳанд. Ҷонибдорони ин тағйир умедвор шуда буданд, ки ҳаводис дар кишварҳои онҳо ҳам рух медиҳад, вале ин бароварда нашуд”, -- мегӯяд Қодиров.

Рӯзноманигори тоҷик Раҷаби Мирзо дар яке аз блогҳои худ дар мавриди интиқоли қудрат дар Тоҷикистон амалкарди мақомоти тоҷикро посухе ба тағйироте медонад, ки дар Шарқи Наздик 10 сол қабл оғоз шуда буданд ва то кунун идома доранд.

“Ин тағйирот кишварҳои қудратгарову худкомаро маҷбур кард, ки ба дунболи роҳи ҳал бошанд, зеро роҳи дигаре надоштанд ва эҳтимоли чунин пайомад барои ҳар кадоме аз онҳо вуҷуд дорад. Барои ҳамин, ҳар кадоме аз онҳо вобаста аз бинишҳо ва тавоноиҳои худ ислоҳот ё, ба истилоҳ, ислоҳот мегузаронанд”, --менависад Раҷаб Мирзо.

Ба гуфтаи Абдумалик Қодиров, мақомоти Тоҷикистон мисли кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, шояд аз “Баҳори Араб” сабақ гирифтанд ва талош доранд, дар худ такрори ин ҳаводисро роҳ надиҳанд.

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

“Вале дар баробари ин, фикр намекунам, ки тасмими интиқоли қудрат дар Тоҷикистон метавонад марбут ба “Баҳори Араб” бошад. Баръакс, вақте ҳукумат дар кишвар метавонад таҳти хатар қарор бигирад, танҳо таҷрибаи президенти кунунӣ метавонад ёрӣ расонад, ки он ҳифз карда шавад. Бетаҷрибагии ворис метавонад сабаби аз даст додани қудрат шавад”, --бовар дорад коршинос.

Ҳаводиси Миср ба як силсила нооромиҳои сиёсӣ сабаб шуданд, ки бо номи “Баҳори Араб” маъруф шуданд. Эътирозҳо, ки дар Тунис оғоз шуданд, таъсири давомдоре гузоштанд ва далели сарнагунии режимҳо дар Миср, Яман ва Либия шуданд. Сокинони Алҷазоир, Яман, Миср, Марокаш ва Баҳрайн бо эътирозҳои густарда ба хиёбонҳо рехтанд, нооромиҳо дар Умон, Судон, Кувайт, Саҳрои Ғарбӣ, Арабистони Саудӣ ва Эрон низ сурат гирифт.

Агар дар Сурия, Яман ва Либия эътирозҳо саббаи ҷанги шаҳрвандӣ шуданд, пас, дар Кувайт, Урдун ва Алҷазоир ҳукуматро ба сӯйи овардани ислоҳот таҳрик доданд. Дар Баҳрайн, Судон ва Арабистони Саудӣ эътирозҳо саркӯб шуданд.

Ҳамаи ин кишварҳоро, сарфи назар аз ихтилофҳои қобили таваҷҷуҳ, норизогии шаҳрвандон аз вазъи худ, иваз нашудани қудрат, сатҳи баланди фасод ва набудани демкоратияву ҳуқуқи башар, муттаҳид карда буд.

XS
SM
MD
LG