Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз фаъолияти сиёсӣ то гӯшанишинӣ. Раҳматилло Зоиров кӣ буд?


Раҳматилло Зоиров, раҳбари пешини Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон
Раҳматилло Зоиров, раҳбари пешини Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон

Маросими видоъ бо Раҳматилло Зоиров ҳуқуқдони саршинос ва раҳбари пешини Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба ҳузури андаки ҳамсафон, дӯстон ва пайвандонаш сурат гирифт.

Ӯ пеш аз зуҳри 18-уми майи соли 2024, дар синни 67-солагӣ бар асари бемории тӯлонӣ даргузашт. Наздиконаш мегӯянд, вақтҳои ахир хонашин буд ва бо касе робита надошт.

Абдураҳмон Абдуманон, донишманд ва хешованди Зоиров мегӯяд, чанд вақти ахир ӯ гушанишин шуда буд. “Вақтҳои охир муомила намекард, бо ҳеч кас рафтуомад надошт. Бо хешу табор, бо мо ҳамшаҳриҳо рафту омад надошт. Бинобар ин ман чанд вақт боз надида будам,”—гуфт ӯ.

Зоиров аз нигоҳӣ Кабирӣ

Даргузашти Раҳматилло Зоиров вокунишҳои гуногунеро дар миёни ҳаводорони сиёсӣ, мухолифини ҳукумат ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳаракати дар Тоҷикистон мамнуъи Паймони миллии Тоҷикистон дар як паём марги ӯро барои давлатдории муосири тоҷик талафоти бузург номид ва гуфт, Зоиров “ҳамеша талош мекард сиёсатро дар мабнои илм бино кунад.” “Нақши ӯ дар давлатдории миллии Тоҷикистон, дар истиқлолияти давлатӣ ва миллии мо, дар таҳкими фарҳанги сиёсӣ, дар шакл гирифтани низоми бисёрҳизбӣ дар Тоҷикистон хеле бузург аст. Агарчи ӯ дар охири кор таҳти фишорҳои зиёд, дар натиҷаи ин ҳама найрангҳо ва дасисаҳое, ки аз тарафи мақомоти давлатӣ нисбати ӯ, нисбати ҳизҳби ӯ амалӣ шуданд, боз ҳам тавонист, ки дар таърихи муосири Тоҷикистон ҳамчун як сиёсатмадори соҳибмактаб номи худро боқӣ бигузорад,”—гуфт Муҳиддин Кабирӣ.

Видеоро инҷо бинед:

Аз фаъолияти сиёсӣ то гушанишинӣ. Раҳматилло Зоиров кӣ буд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:10:58 0:00

Раҳматилло Зоиров яке аз муаллифони тарҳи олтернативии Қонуни Асосӣ ё Конститутсияи Тоҷикистон буд, ки бо вуҷуди рад шуданаш ба тарҳи расмӣ таъсиргузор буд. Дар соли 1998 Ҳизби адолат ва тараққиётро бунёд гузошт, ки хеле зуд баста шуд. Солҳои 2001-2003 мушовири калони раисҷумҳури Тоҷикистон дар умури ҳуқуқ ва қонунмандӣ буд, ки бо сабти номи дубораи ҳизбаш бо номи сотсиал-демократи Тоҷикистон аз мансаби давлатӣ истеъфо дод ва ба фаъолияти сиёсӣ пардохт.

"Бисёриҳо ӯро намешиносанд"

Қироншоҳ Шарифзода, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, бисёриҳо аз хидматҳои Зоиров дар оғози истиқлолият хабар надоранд.

“Он кореро, ки Раҳматилло Зоиров, ҳамроҳони ӯ, ҳамақидаҳои ӯ, ҳамҳизбони ӯ ва ҳамкасбони ӯ дар оғози истиқлолият анҷом додаанд, дар қатори рӯшанфикрони бисёр камшумори мо барои дар руҳи истиқлолхоҳӣ, дар руҳи давлатсозӣ пайкор карданро ба мардум омӯзониданд,”—гуфт ӯ.

Раҳматулло Зоировро аз касоне медонанд, ки барои ниҳодина кардани арзишҳои инсонӣ вориди муборизаи сиёсӣ шуда буд.

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор мегӯяд, Раҳматилло Зоиров аз камшумор сиёсатмадороне буд, ки бо дасту дили тоза ба ин роҳ ворид шуд.

“Як зиёие, ки мехостанд исбот кунанд, ки сиёсат он тарзе, ки таърифи зиёд шудааст, кори ифлос нест. Барои ҳамин хеле одами росту рӯшод буданд. Агар дар зеҳни бисёриҳо ин бошад, ки як сиёсатмадор одами маккору бозингару ин чиз аст, Раҳматулло Ҳамидович ин чизро надоштанд. Вале як зиёе буд, ки воқеан ҳам тавонист як принсипҳоеро дар ҷомеа муаррифӣ ва ҳатто ниҳодина кунад,”—гуфт ӯ.

"Ӯ қолабшиканӣ кард"

Аз назари ҳамандешони Зоиров, ӯ дар охири солҳои 90-ум бо таъсис додани ҷунбиши сотсиал-демократии Тоҷҷикистон ҳадаф дошт нишон диҳад , ки ба ғайр аз ҳизби ҳукуматӣ, наҳзати исломӣ ё ҳизби дигаре, ки иштирокчии фаъоли ҳодисаҳои маълум буданд, дигарҳо низ ҳастанд ва бо истифода аз усулҳои ғарбӣ ва ҷомеаҳои мутамаддин метавонанд бо ба вуҷуд овардани заминаҳои иҷтимоӣ ба ҳадаф расанд.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси ҲСДТ, ки солҳо бо Зоиров ҳамкорӣ дошт, гуфт, бо вуҷуди фишорҳо ӯ роҳашро давом дод. Шокирҷон Ҳакимов гуфт: “Боиси таассуф аст, ки чун сатҳи фарҳанги сиёсӣ паст аст борҳо Раҳматулло Зоиров мавриди лату кӯб қарор гирифт. Метавонист фаъолияти омӯзгорияшро идома диҳад ва рисолаи докторияшро ҳимоя кунад, вале ҳамчун номзади илми ҳуқуқ ва хатмкардаи муассисаи махсуси мақомоти амниятии собиқ шӯравӣ бо сиёсати бунёдӣ ва созанда ва оппозитсияи сиёсӣ, на идеологӣ, хост машғул шавад. Хеле корҳоро анҷом дод, қолабшиканӣ кард. Робитаро бо субъектҳои фазои иттилоттии хориҷию ватанӣ таъмин кард. Ошкор буд, дастрас буд. Аммо боиси таассуф аст, ки ахиран мариз шуд ва дар натиҷаи ин маризиҳо, ки омилҳои бисёри субъективию объективӣ ва воқеиятҳои Тоҷикистонро дорад, имрӯз вафот кард.”

Зоиров дар баҳори соли 2003, баъди дубора баргаштан ба кори ҳизбӣ шумори зиёди неруҳои зеҳнӣ ва шахсиятҳои таъсиргузорро ба ҳизбаш ҷалб кард. Расонаҳо он замон истеъфои ӯро ба тағйироте, ки ҳукумат тарҳрезӣ карда буду бояд ба Конститутсия меомад, рабт доданд. Талошҳои фаровони ӯ натавонист ҳизбашро порлумонӣ кунад. Дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2013 дар як эътилофе, ки бо ҳизби он замон машруъи наҳзати исломӣ ворид шуда буд, мехост номзади мақоми раисҷумҳур шавад. Аммо ин эътилоф дертар бо номзадии ҳомии ҳуқуқ Ойниҳол Бобоназарова мувофиқат кард. Бархе чеҳраҳои мухолиф ӯро касе медонанд, ки муътақид буд, саранҷом ба ҳадаф мерасад.

"Бовар дошт ба ҳадаф мерасад"

Шарофиддин Гадоев, намояндаи мухолифин чунин гуфт: “Нисфи ҳаёти худро барои барқарор кардани адолати иҷтимоӣ ва расидан ба як ҳокимияти демкоратӣ дар Тоҷикистон гузарониданд. Дар роҳаш устуворӣ буд, Устувории эшон, муборизааш бар зидди низоми авторитарӣ ба ҷовонҳое, ки дар ин роҳ буданд неру мебахшид ва мебахшад. Бо тамоми таҳдиду фишорҳое, ки нисбати эшон анҷом шуда буд, вале бовар доштанд, ки як рӯз ба ҳадафҳояшон мерасанд.”

Наздикони Зоиров мегӯянд, ки ӯ одами мустақил буд ва чаҳорчӯбҳои расмию анъанавиро дар назар намегирифт.

Донишманд Абдураҳмон Абдуманон замоне дар дастгоҳи иҷроияи президент бо Зоиров кор кардааст. “Аслан як шахсияте буд, ки худаш ақидаҳои мустақил дошт, нисбат ба сиёсат, нисбат ба ҷомеа, нисбат ба омилҳои таърихиву иқтисодиву фарҳангиву дигар омилҳои пешрафти ҷомеа. Ба расмиятҳо он қадар эътибор намедод ва як дараҷа мустақил буд. Ман ростӣ гап, аз фаъолияти сиёсияш он қадар воқиф набудам. Як ду бор насиҳат кардам. Гуфтам, ки ба рафти ҷомеа андак таваҷҷуҳ кун, ин хел намешавад, ки радикализм бошад. Ба тариқи радикалӣ ҷомеаро дигар кардан, ин чизҳо мумкин нест. Гуфтам ку, гӯш намекард. Шахси донишманд буд. Дар илм ҳам мехост, фикри худаш, ақидаи худаш ва равияи худашро дошта бошад,”—гуфт ӯ.

Донишҷӯ дар Украина ва сарбоз дар Олмон

Зоиров зодаи деҳаи Боғистони вилояти Тошканд буд, ки пас аз хидмати сарбозӣ дар Олмон факулати ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Харкови Украинаро хатм карда ду сол устоди ин даргаҳ буд. Солҳои 1986-1993 устоди риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Дар соли 1989 кори вакили мудофеъро оғоз кард ва нахустин касоне дониста мешавад, ки дар Тоҷикистон созмони ғайриҳукуматӣ таъсис дод. Тайи даҳ сол аз соли 1994 то 2004 ба ҳайси коршинос дар СММ, Созмони амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Бонки ҷаҳонӣ ва чанде дигар аз созмонҳои байнулмилалӣ кор кардааст.

Вазъи саломати ин сиёсатмадори мухолиф дар пайи як ҳамла бар ӯ дар моҳи сентябри соли 2020 бад шуд. Пас аз он дар соли 2021 ба таври ногаҳонӣ аз раёсати Ҳизби сотсиал-демократ истеъфо дод ва дигар дар матбуот пайдо нашуд.

Раҳматилло Зоиров дар баробари ҳукумат мавзеъгирии бисёр шадид дошт ва талош мекард дар мавриди ҳама гуна мушкилоти доғи кишвар суҳбат кунад.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба раҳбарии ӯ дар бисёре аз интихоботи порлумонии кишвар ширкат карда, аммо ҳеч гоҳ натавонист расман садди 5-дарсадиро гузарад ё дар ҳавзаҳои якмандатӣ пирӯз шавад. Раҳматилло Зоиров мақомоти Тоҷикистонро ҳамеша ба фишор ва дасткорӣ дар шумориши оро муттаҳам мекард.

XS
SM
MD
LG