Иди бозмонда аз замони Шӯравӣ буд, ки солҳои охир асосан аз тарафи коммунистон таҷлил мешуд, ҳамчун Иди Меҳнат дар Тоҷикистон сар аз имсол хоси иттиҳодияҳои касбӣ мешавад. Бахтиёр Абдуллоев, муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 30 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки “аз ин ба баъд рӯзи 1 май дар фазои мусоиди сиёсиву иҷтимоӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва созандагиву бунёдкорӣ бо иштироки миллионҳо сокини кишвар дар чорабиниҳои идона ва сайру гашти оммавӣ таҷлил карда мешавад”.
Ин ҳам дар ҳоле, ки рӯзи гузашта Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо пахши изҳороте, эълон кард, ки “имсол 1 май, Рӯзи байналмиллалии ҳамраъйии меҳнаткашони ҷаҳон бо шиорҳои “Ба мардуми меҳнаткаш – Меҳнати арзанда, ҳаёти созанда!”, Ба меҳнати арзанда – музди меҳнати арзанда!”, “Ҷойҳои нави корӣ – роҳи дурусти иқтисодиёт!”, “Риояи Конститутсия ва қонунҳо – кафолати таъмини адолати иҷтимоӣ!” истиқбол мегиранд.
Дар идомаи ин изҳорот хонда мешавад, ки “Дар тамоми гӯшаю канори дунё, аз ҷумла дар кишвари мо низ бештар аз як миллион аъзои иттифоқи касаба ба кӯчаю хиёбонҳо ва майдонҳо баромада, дар чорабиниҳои идона иштирок менамоянд. Онҳо якҷо, ошкоро ва якдилона нисбати корфармоён дар бораи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, манфиатҳо ва имтиёзҳои худ ва муттаҳидии сафҳои иттифоқҳои касаба вохӯрию сӯҳбатҳо анҷом медиҳанд."
Бахтиёр Абдуллоев, муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон зимни шарҳи изҳороти ин созмон гуфт, ки “мақсад таҷлили бошукӯҳи иди 1 май аст, ки на бо баргузории митингу раҳпаймоиҳо ва ҳатто паради замони шӯравии пешин, балки иштироки мардум дар барномаҳои идона, сайру гашти оммавӣ, ки тавонанд бо рӯҳияи озод ин ҷашнро таҷлил кунанд, сӯҳбатҳо гузаронанд ва ба ин васила ҳуқуқу озодиҳои худро таъмин намоянд.”
Ин ҳам дар ҳоле, ки 1 май дар замони шӯравии пешин бо баргузории парад ё раҳпаймоиҳои осоишта дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои кишварҳои собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон доир мешуд.
Сокинони кишварҳои собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон зимни ширкат дар парад ё раҳпаймоии осоишта ба муносибати 1 май, ҳамраъйии худро барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои тамоми меҳнаткашони дунё баён мекарданд. Иддае аз коршиносон бар инанд, ки ҳукумати Тоҷикистон дар баргузории намоишҳову раҳпаймоиҳои идона манфиатдор нест, аз ҷумла ба сабаби камбуди маблағ ва хафҳои амниятӣ. Қироншоҳ Шарифзода, коршиноси тоҷик мегӯяд, фарҳанги баргузории ҳамоишу раҳпаймоиҳои идона дар кишвар аз миён меравад: «Агар иттиҳодияҳои синфӣ ё иттифоқҳои касаба худро ҳамчун дифоъгари манофеи заҳматкашон донанд, онҳо пеш аз ниҳодҳои ҳукуматӣ ба дӯш мегиранд, ки ягон беназмӣ ё бетартибӣ дар рафти ҳамин таҷлилҳо рух надиҳад. Вақте ки як ниҳоди масъул, ба монанди иттифоқи касаба аз паси ин кор мешавад, ҳамаро дуруст созмон медиҳад, ягон беназмӣ ҳам намешавад.»
Ду сол пеш масъулони иттиҳодияҳои касабаи кишвар мегуфтанд, созмони чунин раҳпаймоӣ ва ҷашни оммавиро бар дӯш гирифта наметавонанд, зеро он харҷ ва масъулияти бузургеро талаб мекунад.
Коршиносон мегӯянд, дар қиёс бо тамоми идҳои милливу байнулмилалӣ, 1-уми май як гуна хусусиятҳои хос ба замони ҷаҳонишавӣ ва ширкати меҳнаткашони Тоҷикистон дар равандҳои ҷаҳониро дорад. Ва ҳамакнун, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон мехоҳад, то андозае ин “ҳамраъйӣ” – ро бо баргузории чорабиниҳои идона ва ширкати сокинонаш дар ин барномаҳо, дар рӯзи 1 май эҳё кунад.
Иқдомоти Федреатсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон барои “зинда” кардани ҷашни 1 май, ба унвони Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии меҳнаткашони Тоҷикистон, бо сари кор омадани Шерхон Салимзода, ба раёсати ин созмон амалӣ мешавад.
Зимнан, Шерхон Салимзода, ки дар гузашта додситони кулли Тоҷикистон буд, ба таърихи 18 марти соли равон раҳбари Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили ин кишвар интихоб шуд.