Дар ҳоли ҳозир дар маркази савдои “Ашан” дар Душанбе тармиму бозсозии идома дорад ва қарор аст моҳи марти соли оянда ба кори худ шурӯъ кунад ва нахустин молу маҳсулотро пешкаши муштариён гардонад. Фурӯшгоҳи “Ашан”, ки 5 ҳазор метри мураббаъро дар бар мегирад, 12 ҳазор номгӯи маҳсулотро метавонад якбора дар рафҳои худ ҷой кунад.
Тавре дар сомонаи ngs.ru гуфта мешавад, бештар аз 80 дарсади молу маҳсулоти ин фурӯшгоҳ аз ширкатҳои Русия ба Тоҷикистон оварда мешавад. Аммо ба қавли як масъули ин маркази тиҷоратӣ дар шаҳри Душанбе, молу маҳсулот дар баробари Русия аз Фаронса низ оварда мешаванд.
Ин масъули намояндагии “Ашан” дар шаҳри Душанбе бидуни зикри номаш, шанбеи 19-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоли ҳозир гурӯҳи корӣ аз Фаронса низ ташриф овардаанд ва бо шарту шароити ин марказ ошноӣ доранд.
Аммо тавре ин масъули фурӯшгоҳи “Ашан” гуфт, ҳанӯз маълум нест аз Фаронса чӣ гуна молу маҳсулот ба Тоҷикистон оварда мешавад. Ширкатҳое, ки ба ҳипермаркети “Ашан” молу маҳсулот ворид мекунанд, ҳуқуқ доранд то 23 тонна борро бо имтиёзи гумрукӣ ворид кунанд: “Албатта, ҳоло аниқ нест, аммо агар аз 23 тонна молу маҳсулот зиёд бошад, мумкин боҷи гумрукӣ тағйир ёбад.”
Ин дар ҳолест, ки Мария Курносова, сухангӯи “Ашан Россия” мегӯяд, “ҳоло кормандони "Ашан" машғули ҷараёни дастрас кардани маҳсулот ба Тоҷикистон ҳастанд. Ҳоло интиқоли маҳсулот бо қоидаҳои зиёде танзим мешавад. Барои мисол, барои он, ки кишвари истеҳсолкунандаи маҳсулот исбот шаваду барои воридоти маҳсулот имтиёз ба даст ояд, то 20 ҳуҷҷат лозим мешавад.
Ин маркази тиҷоратӣ дар шаҳри Душанбе аз чор ошёна иборат буда, дар табақаи аввали он истгоҳи нақлиётӣ ҷойгир мебошад. Дар табақаҳои дуюм ва севум молу маҳсулот ба савдо бароварда мешавад ва табақаи чорум аз дафтару идораҳо иборат мебошад.
Тавре ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар ин марказ танҳо нафароне ба кори савдо ҷалб мешаванд, ки ихтисосои соҳаи савдоро дошта бошанд. Дар “Ашан” мисли дигар бозорҳои пойтахт на ҳар кас имкон дорад ба ҳайси фурӯшанда кор кунад. Кор дар ин марказ пурра ба талаботӣ меъёрҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда мешавад.