Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СССР – “биҳишти гумшуда” ё “афсонаи сесона”?


8 декабри соли 1991 созиш дар Беловежие охирин саҳифаи китоби умри давлати абарқудрати шӯравиро варақгардон кард. 23 сол баъд аз фурӯпошии СССР аз он империя оё осоре боқӣ мондааст?

“Падруд, СССР!...” Ин видоъ беш аз ду даҳсола боз идома дорад - дар бархе аз ҷумҳуриҳо то ҳол рамзҳои марбут ба айёми шӯравӣ хароб мешаванду китобҳои таърихи он айёмро бознависӣ мекунанд. Дар бештари кишварҳои пасошӯравӣ, ба гуфтаи таҳлилгарон, тақрибан осоре аз он империяи абарқудрати коммунистӣ намондааст. СССР фақат дар зеҳни мардум чун як кишвари орому амн боқӣ мондааст ва бархе аз он “биҳишти гумшуда” таассуф мехӯранду бархе умедвори бозгашти айёмеанд, ки табобат дар беморхонаҳову таҳсил дар мактабу донишгоҳҳо ройгон буд ва кас ҳам дар Қафқоз ва ҳам дар Сибир худро дар ватанаш эҳсос мекард...

Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, тасдиқ мекунад, ки бархе аз шаҳрвандони кишвар то ҳол пойбанди афкори шӯравиянд, ҳарчанд тайи ин солҳо андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии бештари онҳо тағйири ҷиддӣ дидаанд.

НАҚШҲОИ ЧАКАН ДАР САРАФАНИ РУСӢ?

Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ки осори шӯравиро на фақат дар биноҳои бо гузашти айём фарсудаву роҳҳои дарбеҳшуда ва корхонаҳои таҷдидшуда, балки дар модели давлатдориву шеваи давлатдорӣ ҳам метавон дид. Аммо, аз нигоҳи онҳо, ин модели давлатдорӣ нусхаи хело бади модели шӯравист ва ба назар мерасад, ки ба сарафани русӣ нақшу нигори чаканро илова кардаанд. Тарафдорони ин ақида мегӯянд, ҳамаи раҳбарони имрӯза парвардагони замони шӯравиянд ва ба ҷуз аз шеваи амру фармону нақшарезию “сиёсат”-и он давра чизеро намедонанд. Вале Сайфулло Сафаров бо ин ақида розӣ нест ва мегӯяд, “ин давлат аз он давлат тафовути ҷиддӣ дорад, низоми шӯравӣ дигар буд, он айём ҳизби коммунист роҳбарӣ мекард, ҳоло бошад дар Тоҷикистон ҳашт ҳизби сиёсӣ фаъол аст, ки панҷтояш парлумониянд... Яъне, ҳам низоми сиёсӣ, ҳам фарҳанги сиёсӣ, ҳам тарзи идоракунӣ, ҳам тафаккури давлатдорон тағйир ёфтааст ва худи давлат ҳам тағйир ёфта, ба як давлати миллӣ табдил шудааст”.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи мусоҳиби мо, фурӯпошии шӯравӣ озодиҳоеро барои мардум фароҳам кард, фаразан боз шудани марзҳо – замони СССР ҷавонон ҳатто орзу намекарданд, ки дар донишгоҳҳои Амрикову Эрону Чин ё дар ягон кишвари аврупоӣ таҳсил кунанд.

Иброҳим Усмонов
Иброҳим Усмонов

Иброҳим Усмонов, донишманд ва собиқ мушовири давлатии раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, Тоҷикистон аз фурӯпошии Шӯравӣ суде надид, “зеро мо мисли даҳҳо кишвари дигар фақат дар ҳайати империяҳо вуҷуд дорем, хуб, империяҳои манфӣ ё мусбат, инаш чизи дигар аст”.

НИЗОМИ ФЕОДАЛИИ РӮ БА ХУДКОМАГӢ?

Аз нигоҳи Саймуддин Дӯстов, раҳбари маркази таҳлили “Индем” онҳое, ки тарзи давлатдории феълии Тоҷикистонро идомаи давлатдории шӯравӣ мехонанд, ҳам дуруст мегӯянд ва ҳам иштибоҳ мекунанд. “Давлати шӯравӣ – давлати иҷтимоӣ буд, давлате буд, ки дар он маърифатпарварӣ то ба сатҳи сиёсати давлатӣ бардошта шуда буд, вале ин ду чиз дар давлати имрӯзии Тоҷикистон дида намешаванд. “Модели шӯравӣ такя ба намояндагони босаводи синфи муайян буд, вале дар давлати имрӯзаи Тоҷикистон такя ба одамони босавод умуман ба чашм намерасад ва низоми феълӣ бештар ба як сохти феодалие монанд аст, ки қарнҳои 17-18 дар бархе аз кишварҳои аврупоӣ мавҷуд буд”.

Саймуддин Дӯстов
Саймуддин Дӯстов

Саймуддин Дӯстов тасдиқ мекунад, ки баъди фурӯпошии шӯравӣ “давлатдории миллии тоҷикон барқарор шудааст, ва ҳукумати феълӣ дар эҳёи ин давлатдорӣ, албатта, саҳм дорад. Ҳамзамон, ба иддаои аксар созмонҳои байнулмилалии низоъшиносӣ, Тоҷикистон давлати ноустувор аст ва рискҳои сиёсии он ҳаде баланданд, ки хатари аз ҳам пошиданаш аз эҳтимол дур нест”. Аз нигоҳи таҳлилгар, “мо дар зинаҳои авали бунёди давлат ё ҷомеае қарор дорем, ки рӯ ба худкомагӣ дорад. Албатта, ин худкомагии такя ба полис чун дар Ӯзбакистон нест, ин худкомагии Нурсултон Назарбоев ҳам нест, ки ба қудрати сарват ва менеҷерҳои босавод такя мекунад, ин худкомагии Туркманистон нест, ки дар рейтингҳои ҷаҳонӣ пайваста дар радифи Кореяи Шимолӣ қарор мегирад... Ин худкомагии хело заъифтар аст ва шояд ба ин хотир на фақат мардум, балки баъзан мансабдорон низ супоришҳои раисиҷумҳурро нодида мегиранд... Яъне, давлати Тоҷикистон рӯ ба худкомагӣ аст, вале дар он элементҳои алоҳидаи ҷомеаи маданӣ, аз қабили ҳузури ҳизбҳо дар саҳнаи сиёсӣ, нашри расонаҳои мустақил ва фаъолияти ошкорои ҳомиёни ҳуқуқи башар ба чашм мерасад...”

Аз нигоҳи мусоҳиби мо, сиёсати кадрии давлатро ҳам наметавон боқимонда аз замони шӯравӣ номид, зеро дар сиёсати Кремл бо вуҷуди авлавият доштани русҳо ба кадрҳои донишманду боистеъдоди маҳаллӣ такя карда мешуд, дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бошад, такя ба омили ҷуғрофӣ дар хатти аввал қарор дорад. Ба гуфтаи Саймуддин Дӯстов, “фақат раҳбарони заъиф фикр мекунанд, ки бо ҷамъ овардани хешу табор ва сарватманд кардани онҳо давлатро метавон устувор кард. “Дар Тоҷикистон шоистасолорӣ, такя ба технократҳо ва афроди ҳирфаӣ ҳанӯз таҷриба нашудааст ва солҳои наздик ҳам нахоҳад шуд, зеро мардум дар баробари сиёсати ҳукумат бетафовутанд, аз ҷумла, замоне, ки ҳукумат ба ҷойи баргузории интихоботи шаффофу демократӣ “саҳнасозӣ” мекунад. Агар раисиҷумҳур алайҳи ин “саҳнасозӣ” аз мардум ҳазорҳо телеграммаву номаву паёмак бигирад ва дар онҳо талаб шавад, ки мақомот интихоботи шаффофу озод баргузор кунанд, маҷбур мешавад ин талабро пазирад. Мутаассифона, мардуми мо бар асари маърифати пасти сиёсӣ аз ҳуқуқҳои худ дифоъ намекунанд”. Саймуддин Дӯстов меафзояд, “зишттарин моле, ки аз шӯравӣ “мерос” гирифтем, тафаккури истеъморзодаву ғуломона аст, ва агар, масалан, фардо ягон назарпурсие дар бораи эҳёи шӯравӣ сурат бигирад, аз ҳама бештар тоҷикҳо ба он раъй хоҳанд дод”.

УМЕД БА ИДОМАИ “АФСОНАИ СЕСОНА”

Музаффар Олимов
Музаффар Олимов

Музаффар Олимов, масъули маркази таҳлилии “Шарқ” ҳам мегӯяд, то ҳанӯз шаҳрвандони зиёде умедвори эҳёи давлати шӯравиянд, вале давлате дар шакли дигару бо сохтори дигар. Ӯ меафзояд, агар дар робита ба имкони вуруди Тоҷикистон ба Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё назарсанҷие анҷом шавад, бидуни шубҳа, бештари сокинони Тоҷикистон аз шомилшавии кишвар ба ин ниҳоди нав пуштибонӣ мекарданд ва танҳо бо як далел – онҳо мутмаинанд, ки узвият дар “СССР-и нав” будубоши муҳоҷирони кории тоҷик дар ин қаламравро осон мекунад. Аммо Тоҷикистон то куҷо барои вуруд ба ин созмон омода аст, оё баҳои вуруд – аз даст додани бархе аз мустақилият нахоҳад буд ва паёмади узвият дар ин иттиҳодия чӣ мешавад ва эҳёи шӯравӣ оё “афсонаи сесона” нест, бисёриҳо сари ин суолҳо андеша намекунанд.

Муҳибулло Қурбон, хабарнигор ва адиби тоҷик ҳам мегӯяд, афроде то ҳол аз он “шириниҳои айёми шӯравӣ” дур нарафтаанд. “Ман имрӯз бо як шиносам корманди масъули маориф ҳамсӯҳбат шудам ва ӯ гуфт, ки дар мактабе имсол 15 синфи як ташкил шудааст ва аз онҳо 11-тояш синфи русиянд... Аммо дар ҳамаи ин синфҳо фақат се нафар воқеан русзабонанд. Ҳатто як Ҳоҷӣ-бибӣ, зане, ки нав аз ҳаҷ баргаштааст, назди ин шиносам омада, хостааст, ки барои ба мактаби русӣ дохиш шудани наберааш кӯмак кунад...”

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатҳои мо, имрӯз фарзандони мансабдорони тоҷик ҳам кӯшиш мекунанд, ки бо ҳам бо забони русӣ муошират кунанд, чизе, ки барои элитаи коммунистии ҷумҳуриҳои шӯравӣ як амри маъмулӣ буд. Аммо он вақт дӯстдорони забони русӣ бехато ва бидуни аксент ҳарф мезаданд.

XS
SM
MD
LG