Субҳи чоршанбеи 20-уми январ мақомоти Покистон иттилоъ доданд, ки дар натиҷаи ҳамла болои донишгоҳи Бачахон дар вилояти Хайбар Пахтунхоҳ камаш 21 кас ва аз ҷумла донишҷӯёну ходимони ин муассиса ба ҳалокат расидаанд.
Ҳамин манбаъ иттилоъ дод, ки амалиёт ба поён расид. Ба қавли ходимони пулис, гурӯҳи силоҳбадаст болои донишгоҳи Бачахон дар минтақаи Чорсада, воқеъ дар 17-километрии шаҳри Пешавар ҳамла кард.
Масъулони донишгоҳи Бачахон мегӯянд, ки дар ин муассиса тахминан 3000 нафар таҳсил дошта, рӯзи чоршанбе дар бинои донишгоҳ наздик ба 600 меҳмон барои иштирок дар як ҷамъомаде ҳузур доштанд.
Шоҳидони айнӣ ба бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мардони мусаллаҳ субҳи барвақт вориди донишгоҳ шуда ва ба сӯи донишҷӯён ва устодон тирандозӣ карданд. Донишҷӯён ва омӯзгорони ин донишгоҳ ба бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мардони мусаллаҳ субҳи барвақт дар ҳоле, ки атрофро туман фаро гирифта буд, ба факултаҳои улуми компютерӣ ва улуми идорӣ ҳамла карданд.
Як донишҷӯй, ки ҳангоми ҳамла дар донишгоҳ буд, мегӯяд: “Ваҳму ҳарос чунон зиёд буд, ки яке аз дӯстонам худро аз бинои баланд ба замин ҳаво дод. Мо ҳама тарсидем. Силоҳбадастон бо садои баланд Аллоҳу Акбар мегуфтанд”.
Ин ҳамла дар ҳолест, ки рӯзи гузашта як ҳамлаи интиҳорӣ дар минтақаи Ҷамруди шаҳри Пешовар низ рух дод, ки дар пайи он наздик ба 50 нафар кушта ва захмӣ шуданд.
Покистон борҳо мавриди ҳамлаҳои маргбори ҷангҷӯён қарор гирифтааст. Баъди куштори беш аз 144 кӯдаку наврас дар яке аз мактабҳои шимолу ғарби ин кишвар дар моҳи декабри соли 2014-ум Покистон бар зидди ҷангҷӯён амалиёти густарда раҳандозӣ намуда, садҳо фарди муттаҳам бо ҷангҷӯиро кушта ва ё ба ҳабс гирифтааст.
Гурӯҳи Таҳрики Толибони Покистон масъулияти ҳамлаи 20-уми январро бар дӯш гирифтааст.