Бино ба гузориши Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 42 шаҳрванди хориҷиро бо ҷурми ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир кардаанд, ки аксари онҳо шаҳрвандони Афғонистон будаанд. Ҳамчунин миёни дастгиршудаҳо шаҳрвандони Қирғизистон, Русия Эрон ва Қазоқистон ҳам будаанд.
Тавре аз Ожонси назорати маводи нашъадори Тоҷикистон хабар доданд, дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди Тоҷикистон 42 шаҳрванди хориҷӣ барои харидуфурӯши маводи мухаддира аз тарафи кормандони мақомот дастгир шудаанд, ки 35 нафари онҳо шаҳрвандони Афғонистон мебошанд.
Ба иттилоъи дафтари матбуотии ин ожонсӣ, аз дастгиршудаҳо бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир 4 нафар шаҳрвандони Қирғизистон ва боқимонда шаҳрвандони Эрон, Қазоқистон ва Русия будаанд. Дар умум аз шаҳрвандони хориҷӣ зиёда аз 531 килло маводи мухаддир мусодира шудааст.
Дар маҷмӯъ дар 9 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 757 ҷинояти марбут ба қочоқи маводи мухаддир сабт шудааст, ки 5 дарсад аз ҷамъи ҷиноёти содиршуда дар Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Соли гузашта дар 9 моҳ дар Тоҷикистон 787 ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор сабт шуда буд.
Тоҷикистон, ки бо Афғонистон 1370 километр марзи мустақим дорад, як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ, бахусус чакидаву ҳероин ба бозорҳои сиёҳи Қазоқистону Русия ба шумор меравад.
Мақомоти тоҷик чанде пеш аз маҳв шудани як гурӯҳи нашъаҷалоб дар марз Афғонистон хабар дода буд. Тибқи ин хабар, рӯзи 18 сентябр дар ҳудуди ноҳияи марзии Фархор зимни муқовимати мусаллаҳона миёни аъзои гурӯҳи ҷиноии муташаккил, таҳти сардории Ғуломраббонӣ валади Бегмуҳаммадназар, соли таваллудаш 1981, сокини вилояти Тахори Афғонистон ва кормандони мақомоти амниятии тоҷик роҳбари ин гурӯҳ кушта шудааст. Вале аъзои дигари он Амриддин валади Худоёри 30-сола аз пояш захмӣ шуда ба он сӯи марз паноҳ бурдааст. Баъд аз амалиёти дастгиркунӣ аз ин гурӯҳи қочоқчиён 73,4 кг маводи нашъадор, аз ҷумла 72,5 кг бангдона ва ҳудуди як кило ҳашишро мусодира намудаанд.