Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нусратулло Саидов: Ман дар озодӣ ҳастам. ВИДЕО, САДО


Акс аз вебсайти http://khatlon-ruznoma.tj гирифта шудааст
Акс аз вебсайти http://khatlon-ruznoma.tj гирифта шудааст

Рӯзномаи "Хатлон" шоми 19 феврал бо пахши гузориш ва навори видеоии Нусратулло Саидов, бародарзода Сайид Абдуллоҳи Нурӣ – муассис ва раҳбари собиқи ҲНИТ гуфт, ки ин соҳибкор дар озодӣ аст ва хабарҳо дар бораи дар боздошт будани ӯ ҳақиқат надорад.

Дар навори видеоие, ки дар вебсайти ин расона ва тавассути шабакаи

Барафрошта шудани парчамҳои ДИИШ дар Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Мақомоти Тоҷикистон дар се соли ахир аз боздошти чанд гурӯҳи ҷавонҳо бо айни ҳамин иттиҳом хабар доданд.

Youtube пахш шудааст, сӯҳбатҳои видеоии худи Нусратулло Саидов оварда шуд. Дар ин навори видеоӣ Саидов гуфт, ки хабарҳо дар бораи боздошти ӯ ҳақиқат надорад:

"Мехоҳам ин хабарҳоро рад кунам. Ҳоло ман ба масҷиди маҳаллаи Гоголи шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппа) барои адои намоз омадаам. Касе маро боздошт накардааст. Озодона гаштугузор дорам. Дуруст аст, ки чанд рӯз қабл аз болои боми биное, ки ман он ҷо кор мекунам, парчами сиёҳи ДИИШ-ро пайдо карданд. Албатта, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ он нафареро, ки ин корро анҷом додааст, пайдо намуданд. Маро барои бозпурсӣ бурда буданд. Аммо раҳо карданд ва ҳоло ман озодам, аз пайи кору рӯзгорам ҳастам".

Ҷияни Саид Абдуллоҳи Нурӣ мегӯяд, ӯро касе ҳабс накардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:28 0:00

Нусратулло Саидови 45-сола зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Нурободи Ҷамоати деҳоти «Тоҷикобод»-и ноҳияи Вахш дар ин навори видеоӣ гуфт, ки воқеан ҳам муддати кӯтоҳе боздошт шуда раҳо гардид ва ҳоло дар озодӣ ба сар мебарад.

Носирҷон Маъмурзода, муаллифи матлаби рӯзномаи "Хатлон" ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо Нусратулло Саидов рӯзи 19 феврал дар масҷиди шаҳри Қӯрғонтеппа мулоқот кардааст. Дар сӯҳбат Саидов гуфтааст, ки баъди ҳодисаи ошкор шудани парчами сиёҳи ДИИШ, таҳқиқот шурӯъ шуда, айни замон, ҳадди аққал як нафар дар боздошт мебошад.

Мақомот: Як нафар феълан гумонбар дониста мешавад

Мақомоти интизомӣ дар ҷамоати "Тоҷикобод"-и (Туркманистони қаблӣ) ноҳияи Вахш, 5 парчами гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро пайдо кардаанд. Рӯзи 19 феврал мақомот дар бораи боздошт ва бозпурсӣ шудани 10 нафар хабар доданд.

Яке аз мақомоти маҳаллӣ - Холмурод Нуриддинов, раиси ҷамоати деҳоти "Тоҷикобод" рӯзи 19-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Нусратулло Саидов дар озодӣ аст.. Дар мавриди боздоштшудаҳои дигар иттилое дақиқе дар даст нест.

​Холмурод Нуриддинов гуфт, мақомот авохири ҳафтаи гузашта 5 парчами монанд ба байрақи сиёҳи гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро пайдо кардаанд, ки ду донаи он дар болои бинои ширкати Нусратулло Саидов -- бародарзодаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ насб шуда буд. Раиси ҷамоат афзуд, се донаи дигарро аз дохили ҳамин бино пайдо карданд.

"Ҷамъулҷамъ 5 парчами сиёҳе пайдо карда шуд, ки худсохта ҳастанд ва ҳатто навиштаҳояшон низ ғалат будааст. Мақомот кор карда истодааст. Бародарзодаи Саид Абдуллоҳӣ Нурӣ дар озодӣ аст, вале тафтишот рафта истодааст. Парчамҳои сиёҳ ба кадом мақсад омода карда шудаанд, намедонем, вале дар болои хона набуд, дар болои идораи кишоварзии бародари Саид Абдуллоҳи Нурӣ пинҳон кардаанд."

Раиси ҷамоати деҳоти "Тоҷикобод" пайдо шудани парчамҳои сиёҳро шарҳ дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00
Линки мустақим

Ҷамоати "Тоҷикобод"-и ноҳияи Вахш.
Ҷамоати "Тоҷикобод"-и ноҳияи Вахш.

Боздошти гумонбарон - сокинони ҷамоати Тоҷикобод пас аз мушоҳида шудани парчами гурӯҳи "Давлати исломӣ" рӯи боми идораи ширкати бародарзодаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар шомгоҳи 16-уми феврал оғоз шуд. Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, бархе аз ин афродро шаби 18 ба 19 феврал ҳам боздошт кардаанд.

Дар қисми навбатдории шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Вахш субҳи 19-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки кормандони интизомӣ чанд нафарро боздошт кардаанд, ки дар боми яке аз биноҳо дар ҷамоати “Тоҷикобод” парчами ДИИШ-ро овезон кардаанд. Ҳамин манбаъ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир мақомоти интизомӣ дар ҷамоати Тоҷикобод гумонбаронро ҷустуҷӯ доранд.

Пас аз ошкор шудани ин парчамҳо тайи се руз мешавад, ки кормандони интизомӣ ҷамоати “Тоҷикобод”ро зери назар доранд ва то нимаи аввали имрӯз, душанбеи 19-уми феврал дар даромадгоҳи ин ҷамоат постгоҳ ташкил карда шуда буд, ки баъдан бардошта шуд.

Барафрошта шудани парчамҳои ДИИШ дар Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Мақомоти Тоҷикистон дар се соли ахир аз боздошти чанд гурӯҳи ҷавонҳо бо айни ҳамин иттиҳом хабар доданд. Дар ду ҳодисаи ҷудогона дар моҳи августи соли 2015 дар шаҳри Норак ва ноҳияи Шаҳритус гурӯҳи 14 ва 8-нафараи ҷавонҳо боздошт шуда, барои тарафдорӣ аз ақидаҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва барафроштани парчами ин гурӯҳ дар маркази ин манотиқ, муттаҳам шуданд.

Мақомоти амниятӣ дар Кӯлоб ҳам як ҷавонро ба иттиҳоми барафрохтани парчами сиёҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар дарвозаи ин шаҳр боздошт карда буданд. Як ҷавон низ дар Душанбе барои насби байрақи сиёҳи ДИИШ бар болои пули маҳаллаи 103 боздошт ва равонаи зиндон шуд.

Мақомоти Тоҷикистон, ки мегӯянд, на камтар аз 1500 шаҳрванди ин кишвар ба сафи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" пайвастааст, ҳамаҷониба зидди ақидаҳои ифротӣ мубориза мебаранд ва камтарин нишонаҳои тарафдорӣ аз ин ақидаҳоро бо роҳи боздошту ҳабс пешгирӣ мекунанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG