Вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар суханронии худ дар нишасти гурӯҳи “С5+1”дар Вашингтон гуфт, ки ҳузури ИМА дар иқтисоди Осиёи Марказӣ дар пешрафти иқтисод ва суботи минтақа самҳгузор хоҳад шуд. Мулоқоти гурӯҳи мавсум ба “С5+1” рӯзи 3 август дар шаҳри Вашингтон бо пазироии котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ баргузор шуд.
Сироҷиддин Аслов дар суханронии худ гуфт: “Тоҷикистон мутмаин аст, ки ҳамоиши ин кишвар дар гурӯҳи “С5+1”ба мо имконият медиҳад, ки самтҳои нави ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА-ро боз
кунем”.
Нишасти гурӯҳи “С5+1” масоили ҳамкориҳои наздики ИМА бо панҷ ҷумҳурии минтақа – Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбакистон ва Туркманистонро ба баррасӣ гирифтааст. Ҷон Керрӣ дар оғози нишаст ҳамтоёнашро аз Осиёи Марказӣ ба ҳамкориҳои бештар дар муборизаи муштарак зидди терроризм ва ҳам ташвиқи рушди иқтисодӣ дар минтақа даъват кард.
Котиби давлатии ИМА гуфт, Иёлоти Муттаҳида масъулияти иҷрои як қатор лоиҳаҳоро дар ОМ бар зимма гирифтааст ва онҳоро то охир анҷом хоҳад дод. Керрӣ зимни суханрониаш изҳор дошт, ки ҳукумати ИМА барои тақвияти ҳамкориҳо дар самти мубориза бо терроризм, савдо ва нақлиёт мусоидат намуда, ба афзоиши лоиҳаҳои энергетикии аз нигоҳи экологӣ тоза 15 миллион доллар ҷудо кардааст.
Вай қайд кард, ки Иёлоти Муттаҳида бе дудилагӣ аз соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва истиқлолияти ҳар як кишвари ОМ ҳимоят менамояд. Котиби давлатии ИМА ҳамчунин ба мушкилоти ҳуқуқи инсон дар кишварҳо, ки Вашингтонро нигарон кардааст, таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Керрӣ гуфт: “Умедворем, ки имрӯз аз роҳи ташаббусҳои нави минтақавӣ дар масоили мубориза бо терроризм, рушди иқтисодӣ ва энержии пок ба пешравие даст меёбем. Яке аз барномаҳо – шурӯи музокирот дар чаҳорчӯби форуми ҷаҳонии зиддитеррористӣ аст, ки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бо ифротгароӣ ва коҳиши таҳдидҳои ҷангиёни хориҷӣ мусоидат кунад”.
Таҳлилгарон мегӯянд, ИМА талош дорад дар муқобили ҳузур ва нуфузи афзояндаи Русияву Чин, инчунин хатарҳои афзоянда аз бесуботиҳои сиёсӣ ва терроризми исломӣ нақши худро дар минтақа бозбинӣ кунад. Ҳамаи панҷ ҷумҳурӣ бо Маскав таърихан равобити наздик доранд. Айни замон, ҳамаи онҳо аз ҷониби Русия ишғол шудани нимҷазираи Қрим дар соли 2014 ва шурӯи низоъҳо дар шарқи Украинаро бо асабоният мушоҳида мекарданд. Дар оғози нишаст Керрӣ гуфт, ки музокироти Вашингтон на танҳо атрофи масъалаи тундгароиву хушунат ва иқтисод баҳс мекунад, балки хатарҳои муҳитзистиро низ матраҳ хоҳад кард.
Нишасти гурӯҳи мавсум ба “5+1” бо ҳузури вазирони хориҷаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ дуюмин мулоқоти ин ҳайат мебошад. Бори аввал вазирони хориҷаи шаш кишвар моҳи ноябри соли 2015 дар шаҳри Самарқанди Ӯзбакистон дидору гуфтугӯ карда буданд. Бо ин ки ҳузури ИМА дар Афғонистон тадриҷан хотима меёбад, Вашингтон ҳоло талош дорад шакли 15 соли охир амалкунандаи ҳамкориҳояш бо кишварҳои Осиёи Марказиро бозбинӣ кунад.
То ҳол масъалаи амният дар ин ҳамкориҳо мавқеи калидӣ доштааст. Ҳоло Вашингтон умедвор аст, ки дар пасманзари ҳузури афзояндаи иқтисоди Чин дар 10 соли охир роҳҳои нави ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо Осиёи Марказиро боз кунад.
Вашингтон дар ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҳамкорӣ бо Осиёи Марказӣ
Нишасти мавсум ба “С5+1” бо ҳузури вазирони хориҷаи Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбакистон ва Туркманистон баргузор мешавад ва дуюмин мулоқоте баъди дидору гуфтугӯҳои ин ҳайат дар Самарқанди Ӯзбакистон мешавад, ки ноябри соли гузашта баргузор шуд. Бо ин ки ҳузури ИМА дар Афғонистон тадриҷан хотима меёбад, Вашингтон ҳоло талош дорад шакли 15 соли охир амалкунандаи ҳамкориҳояш бо кишварҳои Осиёи Марказиро бозбинӣ кунад. Масъалаи амният дар ин ҳамкориҳо мавқеи калидӣ доштааст. Ҳоло Вашингтон умедвор аст, ки дар пасманзари ҳузури афзояндаи иқтисоди Чин дар 10 соли охир роҳҳои нави ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо Осиёи Марказиро боз мекунад.
ИМА ҳамчунин мехоҳад таъкид кунад, ки ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ бояд ба масоили ҳуқуқи башар ва эҷоди сохторҳои демократӣ эҳтироми бештар нишон диҳанд. Дар оғози солҳои 1990-ум Вашингтон кишварҳои Осиёи Марказиро барои роҳандозии ислоҳоти демократӣ бештар ташвиқ мекард. Вале баъди ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 тамаркузи аслӣ болои муборизаҳои зиддитеррор дар Афғонистон равона шуд. Бархе мунаққидон гуфтаанд, ки тағйир дар сиёсати ИМА дар Осиёи
Марказӣ ба обурӯи ин кишвар таъсири манфӣ гузошт.
Дар ҳоле, ки Керрӣ талош мекунад раҳбарони Осиёи Марказиро ба ҳамкорӣ ва ҳамоиши наздиктар миёни ҳамдигар ташвиқ кунад, вазъи воқеӣ дар минтақа хилофи ин ақида аст. Баъди пошхӯрии Шӯравӣ дар соли 1991 ва касби истиқлолият ин панҷ кишвари минтақа то рафт аз ҳам дур мешаванд. Ин ба он маъност, ки ҳоло Вашингтон бояд бештар болои ҳамкориҳо инфиродӣ бо ҳар яки ин кишварҳо тамаркуз кунад.
Барои ҳукуматҳои ғарбӣ, аз ҷумла ИМА, Қирғизистон ҳамоно ба унвони кишвари умедҳои пешрафтҳои демократӣ арзёбӣ мешавад. Соли оянда дар Қирғизистон интихоботи президентӣ баргузор мешавад ва раиси ҷумҳурии амалкунанда Алмосбек Отамбоев аллакай гуфтааст, ки ба Қонуни асосӣ итоат карда, бештар аз як мӯҳлат раҳбарӣ нахоҳад кард ва дар фурсати зарурӣ аз қудрат канор меравад. Интизор меравад, ки мавзӯи интиқоли сулҳомези қудрат ва мурооти Конститутсия аз мавзӯъҳои калидии сӯҳбатҳои вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ бо ҳамтои қирғизаш Ерлан Абдилдаев хоҳад буд. Эҳтимолан, сарнавишти фаъоли ҳуқуқи башар ва журналисти зиндонӣ Азимҷон Аскаров яке дигар аз мавзӯъҳои матрӯҳа дар ин мулоқот хоҳад буд. Аскаров баъди низоъҳои қавмӣ дар Ӯши Қирғизистон июни соли 2010 боздошт шуд. Панҷ сол баъд Департаменти давлатии ИМА ба Аскаров ҷоизаи Ҳуқуқи башари худро тақдим кард ва ҳамин ҳодиса боиси якбора бад шудани робитаҳои Вашингтон ва Бишкек гардид. Қирғизистон созишномаи кӯмакҳои башарӣ бо ИМА-ро, ки аз соли 1993 амал мекард, ба таври якҷониба бекор кард.
Дар мулоқоти ҷудогона бо Ерлан Идрисов, вазири хориҷаи Қазоқистон мавзӯи меҳварӣ ҳамкориҳои иқтисодӣ хоҳад буд. Азимтарин сармоягузори ИМА дар Осиёи Марказӣ – ширкати “Chevron” аст, ки дар манобеи нафтии “Tengiz oil” кор мекунад. Дар давоми ду даҳсолаи охир тарҳҳои “TengizChevroil” пояи асосии ҳамкориҳои ИМА ва Қазоқистонро ташкил додааст. Айни замон, солҳои охир Қазоқистон аз назари ислоҳоти
демократӣ хеле заъиф шуд. Президент Нурсултон Назарбоев қонунҳои кишварро тағйир дода, ҳузури худро дар сари қудрат дар Қазоқистон барои тамоми умр қонунӣ кард. Интихоботи зудраси парлумонии соли ҷорӣ ҳеҷ як намояндаи оппозитсиюни воқеиро ба маҷлис роҳ надод ва ба ин васила, органи қонунгузори кишварро комилан тобеи президент кард. Моҳи июл Назарбоев 76-сола шуд, вале то ҳанӯз ҳеҷ хабаре аз эҳтимоли омода шудани ҷойгузини эҳтимолие дар даст нест.
Керрӣ қарор аст бо вазирони хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов, Туркманистон – Рашид Мередов ва Ӯзбакистон – Абдулазиз Комилов мулоқоти ҳамсони ҷудогона баргузор кунад. Ҳамаи се кишвар низомҳои сиёсии саркӯбгарона дошта, дар баробари хатарҳои амниятии афзоянда аз Афғонистони ҳамсоя заъфпазиранд.
Ба эҳтимоли ғолиб, мавзӯи аслии музокирот бо ин кишварҳо амнияту тақвияти марзҳо хоҳад буд. Ин кишварҳо аз ИМА замонати амниятӣ мехоҳанд, ки дар сурати комилан берун шуданаш аз Афғонистон ин се ҷумҳурӣ дар баробари чолишҳо ва вазъи вахими амниятии Афғонистон танҳо намемонанд. Дар шароити феълӣ, Вашингтон бо ин се кишвар дар робита бо Афғонистон дар машварати пайваста қарор дорад ва барояшон, бахусус ба Ӯзбакистон, кӯмакҳои низомиву зербиноӣ ироа мекунад. Соли 2015 Тошканд аз Вашингтон 300 мошини махсуси низомӣ дарёфт кард, ки барои таъмини назорати амниятии марз бо Афғонистон ба кор мераванд.
Ба эҳтимоли ғолиб, Вашингтон мехоҳад аз вазирони ин се кишвар аломат бигирад, ки онҳо барои ислоҳоти дарозмуддати сиёсӣ омода ҳастанд. Ҳарчанд ин умедворӣ метавонад ботил барояд, ба хотири он ки дар сари қудрат дар ин кишварҳо президентоне қарор доранд, ки мухолифони сиёсиро аз саҳна дур карда ҳеҷ аломате барои тағйир додани вазъи мавҷудаи сиёсиашон намоиш намедиҳанд.
Дар робита бо Ӯзбакистон, дар баробари баррасии кори ширкати муштараки мошинсозии “GM Uzbekistan”, мавзӯи сармояҳои масдудшудаи Гулнора Каримова ҳам матраҳ мешавад. Тахминан 800 миллион доллар маблағҳое, ки аз ҷониби мақомоти амрикоӣ дар бонкҳои ин кишвар масдуд шудаанд, ба духтари калонии президенти Ӯзбакистон таллуқ доранд ва Тошканд талош дорад ин пулҳоро гашта аз худ кунад. Худи Гулнора бо иттиҳоми порадиҳиву шустушӯи пулҳо, ки дар додгоҳҳои аврупоӣ собит шудааст, дар Тошканд дар ҳабси хонагӣ ба сар мебарад.
Бо ин ки Русия кафили аслии амнияти Осиёи Марказӣ ва Чин – қудрати иқтисодӣ дар минтақа аст, ИМА талош доранд нақшеро дар масоили амниятиву тиҷоратӣ бибозад, ки ин ду қудрати минтақавӣ тавонашро надоранд.
Брюс Панир, Радиои Озодӣ