Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ашраф Ғанӣ: "Дар Кундуз ҷангиён аз 10 кишвар ҳузур доранд"


Раиси ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, ки дар даргириҳои вилояти Кундуз ҷангиён аз даҳ кишвари хориҷӣ ҳузур доранд.

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи сешанбе дар як нишаст дар Кобул зимни ишора ба ноамниҳо дар кишвараш гуфтааст, ки танҳо дар ҷангҳои вилояти шимолии Қундуз, ҷангиён аз даҳ кишвари хориҷӣ ширкат доранд. Вилояти Кундуз дар шимоли Афғонистон аз чанд моҳ ба ин тараф дар нооромӣ ба сар мебарад ва чанд ноҳияи он дар тасарруфи Толибон қарор дорад.

Раиси ҷумҳури Афғонистон дар суханронии худ ба намояндагони кадом кишвар будани ин ҷангиёни ишора накардааст, вале гуфтааст, ки ҳамсояҳо ва кишварҳои минтақа бояд дар мубориза алайҳи гурӯҳҳои тундрав ва террористӣ, ба як тавофуқ бирасанд. Дар гузашта мақомоти афғон борҳо эълон карда буданд, ки дар даргириҳои шимоли Афғонистон атбои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон ва Узбакистон дар канори мухолифони мусаллаҳ алайҳи нерӯҳои давлатӣ, меҷанганд.

Ашрафғанӣ Аҳмадзай ҳамзамон дар ин нишаст гуфтааст, ки бесуботӣ дар кишвараш сабаби нооромӣ дар ҳамаи минтақа мешавад ва аз кишварҳои зидахл дар қазияи Афғонистон, ба вижа аз Покистон, ки ба пуштибони ба Толибон муттаҳам дониста мешавад, даъват кардааст, ки дар раванди сулҳи он кишвар ширкат кунанд.

Ин даъвати Ашрафғанӣ Аҳмадзай барои мубориза бо гурӯҳои ифротӣ дар ҳоле садо дод, ки ду рӯз пеш муовини раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон Муҳаммадхон Раҳмонӣ гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон изҳори омодагӣ кардааст, барои ҷилавгирӣ аз фаъолияти гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар шимолушарқи он кишвар бо Кобул ҳамкорӣ кунад. Мақомоти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳам ҳамкорӣ бо пулиси сарҳадбони Афғонистонро тасдиқ карда, аммо гуфтанд, аз баргузории кадом амалиёти муштарак алайҳи аъзои гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар шимоли он кишвар иттилоъ надоранд.

Масъали мубориза бо гурӯҳҳои ифротгаро, ки дар Афғонистон мустақар ҳастанд, аз ин қабл дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва доктор Абдуллоҳ Абдулоҳ низ дар Душанбе баррасӣ шуда буд. Тоҷикистон ки бо Афғонистон марзи 1400-километра дорад, ҳамвора аз ҳузури ҷангиёни хориҷӣ дар марзҳои худ нигаронӣ кардааст. Тибқи иттилои мақомоти тоҷик, дар марзҳои ин кишвар ҳудуди 1500 ҷангии хориҷии таҷаммӯъ кардаанд, ки таҳдид ба амнияти ин кишвар ба шумор мераванд.

Дар нишасти ахири Шӯрои раҳбарони марзбонии кишварҳои ИДМ, ки рӯзи 18-уми июн дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сардори Сарраёсати марзбонии Тоҷикистон гуфт, дар минтақаҳои Афғонистони ҳаммарз бо Тоҷикистон ҳудуди 1500 нафар мусаллаҳ аз гурӯҳҳои тундрав қарор доранд.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар ин замина гуфт, ”моро бахусус вазъ дар Тахор, Кундуз ва Бадахшони Афғонистон, ки ҳамммарз бо Тоҷикистонанд, нигарон кардааст, зеро дар ин вилоятҳо аз моҳи апрел ба ин сӯ задухӯрдҳо қатъ намешаванд. Мақомоти Тоҷикистон ва Афғонистон пайваста бо ҳам дар марвиди вазъи минтақаҳои марзӣ табодули иттилоъ доранд ва дар ин замина ҳамкориҳои густардаро ба роҳ мондаанд.”

Тибқи тозатарин хабарҳо, неруҳои амниятии афғон дар вулусволии Хоҷағори вилояти Тахор, ки бо вилояти Хатлони Тоҷикистонр ҳаммарз мебошад, амалиёти низомиро барои берун кардани Толибон аз ин минтақа оғоз кардаанд. Ба навиштаи расонаҳои афғонӣ аз қавли масъулони маҳалӣ дар ин минтақа, ин амалиёт бомдоди рӯзи сешанбеи 30 июн оғоз шуда ва даргириҳои миёни Толибон ва нерӯҳои амниятии он кишвар ҳамакнун идома дорад.

Умар Умар, раиси ноҳияи Хоҷағор гуфтааст, ки ҳоло чанд деҳа аз Толибон поксозӣ шуда ва нерӯҳои амниятии афғон аз тарафи Дашти Арчии Қундуз ба самти Хоҷағор дар ҳаракат мебошанд. Толибон чанд вақт қабл ноҳияи Даштӣ Арчӣ дар вилояти Қундузро ба тасарруфи худ дароварда ва ба дунболи он, ба минтақаи Хоҷағор ҳамла бурданд ва қисматҳое аз вулусволиро ба тасарруф дароварданд. Вилоятҳои шимолии Афғонистон, аз ҷумла Кундуз, Тахор ва Бадахшон, ки бо Тоҷикистон марзи муштарак доранд, аз чанд моҳ ба ин тараф шоҳиди даргириҳои сангин миёни Толибон ва нерӯҳои амниятии Афғонистон мебошанд.

XS
SM
MD
LG