Ёздаҳ тан аз шоҳзодаҳои саудӣ, чаҳор вазир ва даҳҳо тан аз мақомодорони собиқи он кишвар, авохири ҳафтаи гузашта дар як меҳмонхонаи панҷситорадор дар Риёз боздошт шуданд --- акнун ин меҳмонхона зиндони онҳо аст. Ин шоҳзодаҳо ва мақомоти дигар, ба пулшӯӣ, истифода аз мақом ва фасод, муттаҳам мешаванд.
Ихтилофи салтанатӣ дар Арабистони Саудӣ ҳамакнун аз воқеият дур нест. Расвоӣ дар ин хонаводаи салтанатӣ ба қимати нафт тақрибан монанд ба замони ҷанг дар Халиҷи Форс таъсир мегузорад. Пойгоҳи таҳлилии Bloomberg навишт, афзоиши қиматҳо таҳти таъсири боздоштҳои шоҳзодаҳо қарор гирифтааст.
Ба ақидаи бисёре аз коршиносон, ҳадаф аз ин боздоштҳо фаротар аз мубориза бо фасод аст ва сабаби воқеии он, аз миён бардоштани монеаҳо аз сари роҳи Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ аст.
Бунёдгузори Арабистони Саудӣ шоҳ Ал-Сауд аз 12 зани расмии худ 46 писар дошт. Аз он ба баъд, кишвар тавассути писарони бунёдгузори силсилаи подшоҳии Саудӣ ба навбат раҳбарӣ шуд – бародарон яке паси дигар дар раҳбарии ин кишвар нишастанд. То вақте, ки яке аз онҳо -- подшоҳи кунунӣ Малик Салмон бин Абдулазиз, ки дар ҳоли ҳозир беш аз 80-сола аст, тасмим гирифт ин суннатро бишканад ва на як бародари худ, балки писараш шоҳзодаи ҷавон Муҳаммад бин Салмонро валиаҳд таъйин кунад.
Баъд аз зӯҳри шанбеи 4-уми ноябр бо дастури шоҳи Арабистони Саудӣ як Кумитаи мубориза бо фасод ташкил шуд ва дар шаби якшанбе валиаҳди ин кишвар Муҳаммад бин Салмон, ки дар раъси ин кумита қарор гирифт, дастури боздошти бисёре аз рақибони худ ва мақомоти ҳамнаво бо онҳоро дод. Аз талоши хуруҷи онҳо ҷилавгирӣ шуд, зеро мақомот истифодаи ҳама ҳавопаймоҳои хусусиро манъ карданд ва ин афрод фурсат пайдо накарданд, ки фирор намоянд.
Дар пай, меҳмонхонаи машҳури Ritz Carlton» дар Риёз --пойтахти Арабистони Саудӣ, кормандони худро ҷавоб дод ва ҳамакнун имкони "резерв" кардани утоқ вуҷуд надорад. Ин меҳмонхонае, ки чанде пеш мизбони нишасти бузурги сармоягузорон буд, ҳамакнун яке аз маҳалҳои нигаҳдории шоҳзодаҳо ва мақомҳои собиқи Арабистони Саудӣ шудааст, ки барои "фасод" боздошт шудаанд.
Мутъаб бин Абдулазиз, раиси бонуфузи Горди миллӣ, Валид бин Талол бин Абдулазиз, миллиардери Саудӣ ва Турки бин Абдуллоҳ бин Абдулазиз, амири пешини шаҳри Риёз, аз ҷумлаи шоҳзодаҳои боздоштшуда мебошанд. Хабаргузориҳо дар миёни боздоштшудагон, дастгирии шоҳзода Валид бин Талол бин Абдулазизро барҷаста карда ва навиштанд, ҳеҷ як аз дастгиршудаҳо ба андозаи ин шоҳзода дар бозорҳои молии Ғарб нуфуз надоранд.
Валид бин Талол бин Абдулазиз аз сӯи маҷаллаи "Форбз" бо 18,7 миллиард доллар сарватмандтрани марди ҷаҳони араб муаррифӣ шудааст. Валид бини Талол – бародари шоҳ Салмон ва амаки валиаҳди Саудӣ Муҳаммад бин Салмон низ ҳаст. Ӯ яке аз 45 бойтарин шахси ҷаҳон ба шумор меравад. Бо доштани 18 миллиард доллар аз моликони бузургтарин ширкатҳои хусусии Citigroup, сармоягузорӣ дар Holywood, Apple ва Twitter буда ва аз мунтақидони Доналд Трамп мебошад.
Бар хилофи Малик Салмон ва фарзандаш Муҳаммад бин Салмон -- валиаҳди Саудӣ, шоҳзода Валид бин Талол дар вақти маъракаи интихоботии Амрико, аз Доналд Трамп интиқод карда буд. Аммо пас аз интихобот, ӯ ба Доналд Трамп пирӯзиашро табрик гуфт.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи душанбеи 6-уми ноябр гуфтааст, ки эътимоди зиёде ба иқдомоти подшоҳи Саудӣ ва валиаҳди он кишвар дар "мубориза бо фасод" дар баробари ин кишвар дорад. Доналд Трамп дар "Твиттер"-и худ дар бораи таҳаввулоти ахир дар Арабистони Саудӣ изҳори назар кард ва гуфтааст "ман эътимоди зиёде ба подшоҳ Салмон ва валиаҳд дорад, онҳо медонанд чӣ мекунанд". Раиси ҷумҳури Амрико дар идома гуфтааст, "бархе аз касоне, ки акнун бо онҳо ба шиддат бархӯрд шудааст, солҳо аст, ки мамлакаташонро дӯшидаанд."
Арабистони Саудӣ эълон кард, бо шоҳзодагон ва мақомҳои собиқ ва кунунии ин кишвар, ки дар иқдоми ногаҳонӣ дастгир шуданд, "мунсифона" рафтор хоҳад шуд. Ин дастгиршудаҳо дар чанд меҳмонхонаи панҷситорадор дар Риёз --пойтахти Арабистони Саудӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Хабаргузориҳо аз қавли додситони кулли он кишвар хабар дод, ки бо ин афрод монанди дигар шаҳрвандони Саудӣ рафтор хоҳад шуд.
Ба ақидаи бисёре аз коршиносон, ҳадаф аз ин боздоштҳо фаротар аз мубориза бо фасод аст ва сабаби воқеии он, аз миён бардоштани монеаҳо аз сари роҳи Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ аст. Дар моҳи сентябр низ Арабистони Саудӣ ҳудуди 30 рӯҳонии дигарандеш ва фаъолони сиёсиро боздошт карда буд.