Наздик ба 40 корманди Хадамоти Амнияти Миллии Ӯзбакистон бо иттиҳоми даст доштан дар соҳибкорӣ, фасод ва сирқати амволи давлатӣ аз вазифа барканор ё боздошт шудаанд. Дар ин бора чанд манбаи мустақил ба Бахши ӯзбакиии Радиои Озодӣ хабар додаанд, вале хабар то ҳоло ба таври расмӣ тасдиқ нашудааст.
Бархе аз манобеъ гуфтаанд, дар Хадамоти Амнияти Миллии Ӯзбакистон «як поккории ҷиддӣ ҷараён дорад».
Як манбаъ ба шарти махфӣ мондани номаш ба радиои «Озодӣ» гуфт, дар садри феҳрасти наздик ба 40 корманди рондашудаи хадамот номи Ҷавдат Шарифхӯҷаев қарор дорад, ки бародари ҷавонтарин генерали Хадамоти Амнияти Миллии Ӯзбакистон ва муовини раиси ин ниҳод Ҳаëт Шарифхӯҷаев аст. Ба қавли ин манбаъ, баъзе аз афроди феҳраст боздошт шуда, қисми дигар дар ҳабси хонагӣ ба сар мебаранд.
Сарчашмаи дигари хабарии радиои «Озодӣ» дар Додситонии кулли Ӯзбакистон мегӯяд, додари генерал Шарифхӯҷаев – Ҷавдат аз вазифа барканор шуда, мавриди бозпурсӣ қарор дорад.
Ҳанӯз соли гузашта Гулнора Каримова, духтари калонии раисиҷумҳури Ӯзбакистон дар сафҳаи худ дар Твиттер навишта буд, ки Ҷавдат Шарифхӯҷаев аз кор ронда шудааст, вале дертар ин маълумот рад шуд. Иттифоқан бародарон Шарифхӯҷаевҳо аз рақибони Гулнора Каримова ба шумор мераванд ва духтари раисиҷумҳури Ӯзбакистон борҳо гуфтааст, ин бародарон бо раҳнамоии раҳбари худ зидди ӯ тавтеаҳо месозанд.
Хабари барканор ва боздошт шудани наздик ба 40 корманди Хадамоти Амнияти Миллии Ӯзбакистонро ҳамчунин раиси Анҷумани ҳуқуқи инсони Осиёи Марказӣ Надежда Отаева тасдиқ мекунад: «Ҷавдат Шарифхӯҷаев бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯст ва дар ин бора панҷ манбаъ хабар додаанд. Аммо ин бештар ба табодули кадрҳо дар дохили ҳокимият ва муборизаи қудрат байни хадамот ва оилаи Каримов далолат мекунад. Чандин амалиёти махсусро муовини раиси Хадамоти Амнияти Миллии Ӯзбакистон Ҳаëт Шарифхӯҷаев ба воситаи бародараш Ҷавдат иҷро кардааст. Онҳо соҳибкоронеро, ки бо сармоя сари кор доштанд, ҳадаф гирифта, бо рейдерӣ молу мулки онҳоро аз худ мекарданд. Ин ғоратгарӣ овозаҳои зиёдеро ба бор оварда буд. Имрӯз акнун Ҷавдат зарбаро ба худ гирифт, аммо ин паёме ба Ҳаëт Шарифхӯҷаев аст, ки чун ашки сари мижгон аст. Ба иттилои як манбаъ ӯ ҳоло дар таътил аст, вале ба гуфтаи манбаи дигар дар ҳабси хонагист.»
Манбаъҳои дигар ҳабсу барканории ходимони амниятиро ба як поккории умумӣ дар сафҳои ҳукумат рабт медиҳанд. Ҳафтаи гузашта наздик ба 100 нафар аз кормандони сатҳи гуногуни Кумитаи гумруки Ӯзбакистон боздошт шуданд. Ин амалиёти махсусро кормандони Хадамоти Амнияти Миллии Ӯзбакистон барои пешгирӣ аз вуруди моли қочоқӣ ба кишвар баргузор кардаанд.
Қабл аз ин амалиёт ду мансабдори бонуфузи гумруки Ӯзбакистон – сардори Раёсати мубориза бо қочоқ Азиз Ҳасанов ва ҷонишини ӯ Азиз Абдураҳмонов боздошт шуда буданд. Дар ин замина бархе аз кормандони Кумитаи давлатии гумруки Ӯзбакистон барканор ва боздошт шудани наздик ба 40 корманди амниятиро як «ҳамлаи ҷавобӣ»-и сарони гумрук меноманд.
Дар сомонаҳои расмии кумитаи гумрук ва торнамҳои дигари Ӯзбакистон дар ин бора хабаре нашр нашудааст ва намояндагони ин ниҳодҳо аз тасдиқ ё радди он худдорӣ мекунанд.