Бо вуҷуди мавҷи эътирозҳои мардум, ки Серж Саркиссиён, раиси ҷумҳури собиқро ба ғасби қудрат муттаҳам мекунанд, вакилони мардумӣ ӯро номзад ба мақоми нахуствазири оянда пешбарӣ кардаанд.
Ҳизби Ҷумҳурихоҳ, ҳизби ҳокими Арманистон ва Ҷабҳаи Инқилобӣ рӯзи 16-уми апрел якдилона аз номзадии Саркиссиён тарафдорӣ карданд. Қарор аст, порлумон рӯзи 17-уми апрел ба номзадии ӯ раъй бидиҳад.
Ҳазорон нафар аз мардуми Арманистон чаҳор рӯз аст, ки дар шаҳри Ереван эътироз доранд ва рӯзи 16-уми апрел кӯчаҳои пойтахтро бастанд.
Никол Пашиниён, баргузоркунандаи аслии тазоҳурот мардумро ба “нофармонии маданӣ” даъват кард, то ба гуфтаи ӯ ҳаракат дар пойтахти Арманистонро баҳам бизананд.
Мо бо офаридани чунин нороҳатии андак, талош дорем, шуморо аз дарди сари бузурге, ки Серж Саркиссиён ном дорад, халос кунем.
Тазоҳургарон, ки аксарияташон парчамҳои Арманистонро дар даст доштанд, хиёбони Маршал Багромиёнро, ки ба самти бинои порлумон мебарад, бастанд ва ҳаракат дар ин хиёбонро қатъ карданд. Маъмурони пулиси зиддиюриш ба издиҳом иҷоза надоданд, ки ба бинои порлумон наздиктар бираванд.
Никол Пашиниён, раиси тундлаҳни гурӯҳи мухолифи давлат бо номи Аҳдномаи Мардумӣ гуфт, “Дар Арманистон ҳодисаи бесобиқае рух медиҳад, як нафар бори саввум аст, ки раиси ҷумҳур мешавад. Мо набояд ба ин иҷоза бидиҳем.”
Ӯ, ки дар ҳузури тазоҳургарон бо баландгӯ, фарёд мекашид, батакрор гуфт, “Фурсати он расидааст, ки мардуми Арманистонро озод кунем. Мо бо офаридани чунин нороҳатии андак, талош дорем, шуморо аз дарди сари бузурге, ки Серж Саркиссиён ном дорад, халос кунем.”
Пулиси Арманистон субҳи 16-уми апрел бо нашри баёнияе тазоҳуротро ғайриқонунӣ номид ва гуфт, мақомоти интизомӣ ҳақ доранд, бо истифода аз нерӯ гирдиҳамоиҳо дар кӯчаҳоро, ки “тартиботи оммавиро” ба ҳам мезананд, хотима диҳанд.
Ба гуфтаи пулиси Ереван, дар инҷо: “Ҳаққи конститутсионии ҳаракати бемамониати шаҳрвандон нақз шудааст. Пулис ҳақ дорад, дар сурати нақз шудани ҳуқуқи дигарон ва ё манофеи ҷомеа, гирдиҳамоиҳоро қатъ кунад.”
Серж Саркиссиёнро нахустин бор соли 2008 раиси ҷумҳур интихоб карданд ва ӯ ду давра Арманистони 3 миллионнафариро раҳбарӣ кард. Баъди хатми ду давра дар ҳамин моҳ, ба ҷойи ӯ дар рӯзи 9-уми апрел Армен Саркиссиён раиси ҷумҳур шуд. Ду нафар ба ҳам ҳеҷ хешӣ ё иртибот надоранд.
Соли 2015 дар Арманистон бо баргузории як раъйдиҳӣ низоми ҳукуматдорӣ дар кишварро тағйир дод. Салоҳиятҳои васеъро аз раиси ҷумҳур гирифтанду ба нахуствазир доданд. Ҳоло раиси ҷумҳурро, ки як мақоми умдатан рамзист, порлумон интихоб мекунад.
Серж Саркиссиён соли 2014 гуфта буд, ки дар сурати тағйири низоми раёсати ҷумҳурии Арманистон аз президентӣ ба порлумонӣ “ҳеҷ орзуи” нахуствазир шуданро надорад, аммо ҳоло мухолифон ӯро ба ваъдахилофӣ муттаҳам мекунанд.
Ҳукумати Серж Саркиссиён ҳамчунин барои он танқид мешуд, ки баъди расидан ба истиқлол дар соли 1991, кишварашро пойбанди кӯмаку сармоягузории Русия кард ва мудирияти дурусти иқтисодӣ надошту ба фасод олуда буд.
Ду вакили мухолифи давлат ҳафтаи гузашта ба нишони эътироз аз пешбарии номзадии Саркиссиён ба мақоми нахуствазир, дар дохили порлумон абзори дудафкан ба кор бурданд.
Аксари аъзои ҳизби ҳоким мегӯянд, ки Саркиссиёни 63-сола, бо назардошти таҷрибаи тӯлонӣ ва музокироташ дар бораи вилояти ҷудоихоҳи Кӯҳистони Қаробоғ беҳтарин номзад ба мақоми нахуствазир аст.
Муноқиша бар сари Кӯҳистони Қаробоғ, ки қаламрави арманинишини Озаройҷон аст ва аз тарафи арманиҳо идора мешавад, дар се соли гузашта бештар шуд ва соли 2016 авҷ гирифт.
Худи Серж Саркиссиён рӯзи 16-уми апрел ба рӯзномаи русии “Известия” гуфтааст, ки “Дар сурати таъйиди номзадиам, ман бисёре аз вақти худро барои истифодаи таҷрибае, ки дар мақомҳои гуногун ва дар солҳои гузашта ба даст овардам, сарф мекунам”.