Никол Пашинян, раҳбари мухолифони Арманистон рӯзи сешанбеи 1-уми май пас аз он, ки натавонист аз порлумон барои мақоми сарвазирӣ раъйи лозимро ба даст биорад, ба коршикании саросарӣ дар ин кишвар даъват кард.
Дар ҷаласаи изтирории порлумони Арманистон Никол Пашинян аз аъзои Ҳизби ҷумҳурихоҳ, ки аксарияти курсиҳои порлумониро дар ихтиёр доранд, хост бо нахуствазирии вай мувофиқат кунанд ва дар ғайри он ба "сунамии сиёсӣ" рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Таҳаввулоти нав дар ҷанги қудрат дар Арманистон дар ҳоле рух медиҳад, ки эътирозҳои густурдаи мухолифон алайҳи Серж Саркисян боис шуд, то вай аз мақоми нахуствазирӣ истеъфо диҳад.
Ба тарафдории Никол Пашинян ҳамагӣ 45 нафар раъй доданд. Дар ҳоле, ки барои расидан ба ин мақом, ӯ ниёз ба 53 раъй дар порлумони Арманистон дошт. Ҳизби ҳокими ҷумҳурихоҳ дар ҳоли ҳозир 58 курсӣ аз 105 курсии порлумонро дар ихтиёр дорад.
Никол Пашинян пас аз он, ки натавонист раъйи лозимро ба даст орад, хостори коршикании саросарӣ дар рӯзи чаҳоршанбе шуд. Вай аз тарафдорони худ хостааст, ки бо нофармонии маданӣ ҳама хадамоти умумӣ, аз ҷумла мактабҳо, фурудгоҳҳо, кӯчаҳоро бибанданд.
Оқои Никол Пашинян, ки шаби гузашта дар миёни даҳҳо ҳазор аз тарафдорони худ дар "Майдони ҷумҳурӣ" дар маркази Ереван суханронӣ мекард, гуфт, "мо хиёбонҳо, фурудгоҳҳо ва роҳи оҳан ва метроро хоҳем баст".
Вай дар идома гуфтааст, "агар ҳама дар нофармонии маданӣ иштирок кунанд, ин як пирӯзии бузурге барои миллати Арманистон хоҳад буд. Муборизаи мо муборизаи мусолиматомез аст. Ин иқдоми сулҳомез нофармонии маданӣ аст."
Таҳаввулоти нав дар ҷанги қудрат дар Арманистон дар ҳоле рух медиҳад, ки эътирозҳои густурдаи мухолифон алайҳи Серж Саркисян боис шуд, то вай аз мақоми нахуствазирӣ истеъфо диҳад.
Оқои Саркисян 10 сол раиси ҷумҳури Арманистон буд ва бо тағйири Қонуни Асосӣ дар охирин соли раёсати ҷумҳуриаш, ихтиёроти мақоми нахуствазириро бештар кард ва дақиқан як ҳафта баъд аз тарки мақоми раёсати ҷумҳурӣ, порлумони ин кишвар вайро ба унвони нахуствазир интихоб намуд.