Кормандони Оҷонси зидди фасод дар Тоҷикистон аз дахлнопазирии нисбӣ бархӯрдор шуданд. Бар асоси тағйироти нав, ки рӯзи 23-юми октябр аз сӯи порлумон қабул шуд, аз ин ба баъд кормандони Оҷонси зидди фасодро танҳо дар вақти содир кардани ҷиноят дастгир ва моликияташонро тафтиш кардан мумкин аст. Мақомот гуфтанд, ҳадаф аз ин кор пешгирӣ аз дахолати зиёд ба кори маъмурони Оҷонсӣ аст, аммо таҳлилгарон инро “натиҷаи рақобат миёни ниҳодҳо” мехонанд.
Тағйироти нав ба моддаи 6-и Қонун дар бораи Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рабт дорад, ки дахолат накардан ба кори кормандони ин ниҳодро дарбар мегирад. То ин вақт чунин банди махсус дар қонун вуҷуд надошт.
Суҳроб Сафарзода, муовини раиси Оҷонси зидди фасод дар назди вакилон гуфт, бар асоси тағйироти нав, “дастгир намудан, маҷбуран овардан, кофтукоби шахсии корманди Оҷонсӣ танҳо дар вақти дастгир намудани ӯ ҳангоми содир кардани ҷиноят сурат мегирад”. Ҳамин тавр тафтиши молу мулк, нақлиёт ва иртиботи кормандони Оҷонсӣ низ замоне мумкин аст, ки агар ӯро ҳангоми ҷиноят дастгир кунанд.
Сафарзода дар суҳбати ҷудогона ба Радиои Озодӣ гуфт, ин муқаррарот маънои дахлнопазирии пурраи кормандони Оҷонси зидди фасодро надорад, вале онҳо мехоҳанд аз дахолати зиёд ба фаъолияти кормандонашон пешгирӣ кунанд. “Дахлнопазирӣ мафҳуми васеъ аст, ин фақат дахолат накардан ба фаъолияти ин ё он корманд мебошад,” -- таъкид кард Сафарзода.
Ин мақоми Оҷонси зидди фасод ҳамчунин гуфт, дар ҳолати боз шудани парвандаи ҷиноӣ нисбат ба кормандони ин ниҳод боздошти онҳо дар доираи муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон сурат мегирад.
Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон гуфт, корманди Оҷонсӣ вақте қазияеро таҳқиқ дорад, набояд бо шикояти нафаре аз “қади кӯча” дастгир шавад.
Додгоҳи олӣ соли 2017 даҳ корманди Оҷонсии зидди фасод бо шумули собиқ муовини аввали раиси ин ниҳодро ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум карда буд. Онҳо асосан ба ришвагирӣ ва тақаллуб айбдор шуданд.
Оҷонси зидди фасоди Тоҷикистон наздики 500 корманд дорад. Фаъолияти ин ниҳод асосан дар се бахш – назорати молиявии идораҳои давлатӣ, мубориза бо фасод ва пешгирӣ аз коррупсия – мебошад.
Дар Тоҷикистон Оҷонсӣ аввалин ниҳоде нест, ки кормандонаш аз дахлнопазирӣ бархӯрдор мешаванд. Солҳои қабл додситонҳо низ дар Тоҷикистон чунин мақоме доштанд, аммо соли 2013 ин муқаррарот бекор карда шуд. Аз ниҳодҳои тафтишотӣ дар Тоҷикистон ҳоло танҳо аудиторони Палатаи ҳисоб аз дахлнопазирии пурра бархӯрдоранд ва боздошти онҳо бе ризоияти раисҷумҳур ва порлумон манъ аст.
Таҷрибаи додани дахлнопазирӣ дар миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ нав нест. Дар Гурҷистон ҳанӯз аз чанд сол пеш кормандони бахши мубориза бо фасод аз дахлнопазирӣ бархӯрдоранд.
Таҳлилгарон мегӯянд, мушкилтар кардани боздошти кормандони Оҷонси зидди фасод гувоҳ аз рақобат миёни сохторҳои қудратӣ мебошад.
Шоҳрух Мирзоёров, ки бо барномаҳои мубориза бо фасод дар Тоҷикистон кор мекунад, гуфт, ҳар як ниҳоди тафтишотӣ дар Тоҷикистон талош мекунад, мавқеи худро мустаҳкамтар кунад. Ба таъкиди ин таҳлилгар, шояд Оҷонси зидди фасод бо тасмими ахир мехоҳад кормандонашро аз иттиҳомҳои тақаллубӣ муҳофизат кунад.
“Бахусус замоне ки онҳо нисбат ба ягон корманди давлатӣ ё афроди маъруф тафтишот мебаранд. Додани дахлнопазирии нисбӣ ба кормандони Оҷонси зидди фасод аз як тараф метавонад натиҷаи мусбат диҳад, аммо имкони сӯистифода шудани он низ вуҷуд дорад,” -- афзуд Шоҳрух Мирзоёров.
Тоҷикистон дар соли 2006 Шӯрои муқовимат бо коррупсия ва ба дунболи он Оҷонсии мубориза бо фасодро таъсис дод. Дар оғоз ин Оҷонсиро Шерхон Салимзода ва баъдан Абдуфаттоҳи Ғоиб раҳбарӣ карданд. Дар соли 2015 ба раёсати ин ниҳод Рустами Эмомалӣ, писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон омад ва каме беш аз як сол дар ин ниҳод машғули кор буд.
Оҷонсии зидди фасод ҳамеша мавриди интиқоди коршиносон будааст. Чун таҳлилгарон мегӯянд, ба “чанг”-и ниҳод ҳамеша муаллимону табибон меафтанд, на мансабдорони баландпоя ё наздикони онҳо. Аммо мақомоти ин ниҳод чунин интиқодҳоро рад карда гуфтаанд, агар аз болои “наҳанг”-ҳо шикоят расад, пайи таҳқиқ мешаванд.