Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи нав - дарси зидди коррупсия дар мактабҳои Тоҷикистон


Аз масъулони вазорати маориф хоста шудааст, дарси мубориза бо коррупсияро ба барномаҳои таълимӣ ворид кунанд. Ин тасмим дар пайи нигаронӣ аз афзоиши ҷиноятҳои коррупсионӣ гирифта шудааст.

Аз масъулони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хоста шудааст, дарси мубориза бо коррупсия ё фасоди молиро дар барномаҳои таълимии мактабҳои кишвар ворид кунанд. Ин пешниҳод дар ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорати маориф ва илм, ки рӯзи шанбе бо ҳузури нахуствазир Қоҳир Расулзода баргузор шуд, садо додааст.

Ҷузъиёти ин дарси нав то ҳоло маълум нест ва ба қавли манобеи мо дар вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ин танҳо як пешниҳод буда, баъд аз хулосаи мутахассисон ба барномаи таълимӣ роҳ хоҳад ёфт.

Хабаргузории давлатии "Ховар" мегӯяд, дар ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорати маориф ва илм, ки дар он ҷо масъулони додситонии кулл, кумитаи амнияти миллӣ ва оҷонсии зиддифасод иштирок доштанд, аз вуҷуди амалҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ сахт нигаронӣ шудааст. Мақомот гуфтаанд, дар тӯли солҳои 2010-2014 дар соҳаи маориф беш аз 500 ҷинояти марбут ба фасоди молӣ сабт шудааст, ки 101 ҳолати он ба соли гузашта рост меояд.

“Аз ин ҳисоб 22 ҷиноят ба вазорати маориф ва илм ва боқимонда ба вазорату идораҳои дигар ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ки дар тобеияташон муассисаҳои таълимии сатҳу зинаҳои гуногун доранд, марбут аст,”-навиштааст хабаргузории давлатии “Ховар”.

Шокирҷони Ҳаким
Шокирҷони Ҳаким

Доктори илми ҳуқуқ Шокирҷони Ҳаким ташкили дарси зидди коррупсия барои ҷавонону наврасонро бисёр муҳим хонд. Дар ҳоле ки ба қавли ӯ, “муносибатҳои коррупсионӣ ҳатто аз мактаби миёна оғоз мешавад. Бо ҳар баҳона гирифтани маблағ аз хонандагон, сарфи назар аз лаёқаташон, ва барои дохилшавии хатмкунандагон ба мактабҳои олӣ гирифтани пора аз аломатҳои рӯшани он аст. Бо истифода аз коррупсия баромадан ба зинаҳои баландӣ мансабӣ ва ҳатто гирифтани унвонҳои давлативу илмӣ як кори маъмулӣ шудааст.”

Оқои Ҳаким меафзояд, имкон дорад, ин гуна дарсро дар доираи фанҳои асосҳои давлат ва ҳуқуқ, ҷомеашиносӣ ва дар соатҳои тарбиявӣ гузаронанд: “Ҳамзамон бояд дар ин замина дар телевизионҳо баҳсҳоро доир ба ин масъала бо намояндагони аҳзоби мухталиф ва коршиносони мустақил ташкил кунанд. Ба ин масъала бояд бо назари тахассусӣ нигоҳ кард, на ин ки як сӯҳбати насиҳатомез. Мо пур аз насиҳат шудаем ва дигар ҷой ба насиҳат надорем.”

Ашӯрбой Имомов, собиқ раиси додгоҳи қонуни асосии Тоҷикистон, низ мегӯяд, “шояд мақомот бо ҷалби кормандони соҳа ин дарсҳоро ташкил кунанд, вале ин масъаларо бо лексияхониҳои муваққатӣ ҳал кардан нашояд.”

Рустами Эмомалӣ
Рустами Эмомалӣ

Пешниҳоди таълими мубориза бо фасоди молӣ дар мактабҳои Тоҷикистон дар ҳоле матраҳ шудааст, ки ҳоло раёсати оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро Рустами Эмомалӣ – писари калонии раисиҷумҳур бар ӯҳда гирифтааст. Ӯ 16 марти соли ҷорӣ ба ин мақом аз курсии раиси хадамоти гумруки Тоҷикистон омад.

Пештар аз ин, Эмомалӣ Раҳмон – раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи 17 феврали шӯрои амният аз афзоиши ҷиноятҳои коррупсионӣ дар кишвар шадидан нигаронӣ карда, мақомотро ба бепарвоӣ муттаҳам намуд. Дар пайи ин интиқоди оқои Раҳмон, муовинони аввал ва муовинҳои додситонии кулл ва ва раиси оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз мақомҳояшон барканор шуданд.

XS
SM
MD
LG