Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як "мулло" ба таҷовуз айбдор шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Раҳбари Шӯрои уламои вилояти Хатлон дар вокуниш ба нашри наворҳои фаҳш дар бораи рӯҳониён гуфт, "ҳатто дар замони Шӯравӣ нисбат ба муллоҳо ва рӯҳониён то ин ҳад беҳурматӣ набуд."

Нафаре, ки дар ноҳияи Қумсангир худро «ситорашинос ва домулло» муаррифӣ мекард, ҳафтае пеш ба иттиҳоми дастдарозӣ ба муштариёнаш муттаҳам шуд. Пайвандони Қиёмиддин Ғиёсов аз ӯ ба унвони як рӯҳонии донишманд ном мебаранд ва мегӯянд, вай мавриди тӯҳмат қарор гирифтааст.

Ҳусайн Сайдалиев, як масъули шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир рӯзи 16 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, Қиёмиддин Ғиёсов, сокини 47-солаи рустои 1-уми Майи ҷамоати Панҷи ноҳияи Қумсангир мардумро дар хонаи шахсиаш тариқи дуохонӣ табобат мекардааст, аммо ба муштариҳои зан, ба гуфтаи ин мақом, “бо истифода оҷизии онҳо” дастдарозӣ мекардааст.

Ҳусейн Сайдалиев мегӯяд, «ӯ занҳоро фиреб медодаст, пулашонро гирифта ва боз ба номусашон мерасидаст ва ин корро ду-се сол шуд, ки анҷом медодаст

Ҳусайн Сайдалиев, гуфт, ки Қиёмиддин Ғиёсов дониши хуби исломӣ надорад ва бо роҳи фиреб ба занҳое, ки безурёт будаанд ва ё бемории равонӣ доштаанд, дастдарозӣ мекард.

Ин масъули раёсати корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир дар посух ба ин суол, ки Қиёмиддин Ғиёсовро чӣ гуна ва бо шикояти кӣ боздошт карданд ва барои исботи дастдарозии ӯ ба занҳо чи далелу бӯҳроне доранд гуфт, ки ҳақ надорад қазияро бо хабарнигорон дар миён гузорад. Аммо афзуд, “ӯ як қаллоб аст, ки дар даст китобҳои исломӣ дорад, вале онҳоро ҳатто хонда наметавонад.»

Иттиҳоми “таҷовуз ба номус бо истифода аз оҷизӣ” тибқи қонунҳои Тоҷикистон, аз 5 то 7 соли зиндон ҷазо дорад. Аммо Қиёмиддин Ғиёсовро, ки рӯзи 9 июл боздошт шуда буд, дар таърихи 12 июл ба шарти берун нарафтанаш аз маҳалли зист озод карданд.

Қиёмиддин Ғиёсов, ки дар асл ба кироякашӣ ва деҳқонӣ машғул аст, нахост дар бораи боздошташ бо мо сӯҳбат кунад. Аммо падари ӯ Набиҷон Ғиёсов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, писараш ҳамеша аз ҷодугарӣ фосила мегирифт ва ҳоло ба тӯҳмат гирифтор шудааст: «Ҳозир душман зиёд аст ва агар як инсон китобҳои исломиро хонад, ба вай тӯҳмат мекунанд. Дар гузашта низ писари манро тӯҳмат заданд ва бегуноҳ азоб доданд. Ман оҷиз ҳастам, вале занҳо барои дуохонӣ ба хонаи мо намеомаданд. Гуноҳаш ҳамин буд, ки вай ба Ислом таваҷҷӯҳ дошт.»

Дар чанд моҳи охир тавассути расонаҳои расмии Тоҷикистон ва ҳам дар Интернет наворҳои зиёде нашр шуд, ки нафаронеро “мулло” муаррифӣ ва ба алоқаи ҷинсӣ бо муштариёнашон айбдор мекарданд. Нашри чунин наворҳо ва ба бадахлоқӣ муттаҳам кардани рӯҳониён мояи нигарониҳое дар ҷомиаи суннатии Тоҷикистон шудааст.

Саидҷони Сорбонхӯҷа
Саидҷони Сорбонхӯҷа

Саидҷони Сорбонхӯҷа, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар вилояти Хатлон аз муаррифӣ шудани бархе афроди ҷудогона ба унвони "муллои ҷодугар" ва пахши наворҳои фаҳш гуфт, ки намоиши наворҳои фаҳш ва аз доираи одоб берун ба ҷойгоҳи рӯҳониён дар ҷомиа латма мезанад. Ӯ гуфт, “ҳатто дар замони Шӯравӣ нисбат ба муллоҳо ва рӯҳониён то ин ҳад беҳурматӣ набуд, вале ҳоло як нафаре, ки кори бад мекунад, мулло муаррифӣ мешавад.»

Қазияи Қиёмиддин Ғиёсов парвандаи навбатӣ дар сафи чандин қазияи дигар аст, ки бо иттиҳоми таҷовуз ба номус ва ё “ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонидошта” боз шуда ва тавассути телевизионҳои давлатӣ таблиғ мешаванд. Дар як соли охир дасти кам 3 нафар - Асадулло Иброҳимов дар Душанбе, Назруллоҳ Солеҳов дар Исфара ва Асадуллоҳ Каримов дар Панҷакент бо чунин иттиҳом дастгир шуда, дуи аввал маҳкум ба зиндон ҳам шуданд. Назруллоҳ Солеҳов се моҳ пеш дар маҳбаси Хуҷанд аз олам гузашт.

Интизор меравад, дар рӯзҳои наздик навор ва мусоҳибаи Қиёмиддин Ғиёсов ҳам дар телевизионҳои давлатӣ ба намоиш гузошта шавад.

XS
SM
MD
LG