Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии дин-2015: Тоҷикистон ҳамсояи Мисру Ироқу Сурия?


Муқоваи гузориши озодиҳои динӣ дар соли 2015
Муқоваи гузориши озодиҳои динӣ дар соли 2015

Кумиссюни озодии байнулмилалии дини ИМА ба ҳукумати Амрико тавсия дод, Тоҷикистонро “кишвари мавриди нигарониҳои махсус” эълон кунад.

Кумиссюни озодии байнулмилалии дини ИМА ё USCIRF, ки дар назди Вазорати корҳои хориҷии Амрико фаъолият дорад, аз ҳукумати президент Барак Обама хост, Тоҷикистонро дар бобати озодиҳои динӣ ба сафи “кишварҳои мавриди нигарониҳои махсус” шомил кунад. То ҳоло Тоҷикистон танҳо дар феҳристи кишварҳое ҷойгир буд, ки бояд ба онҳо таваҷҷӯҳ карда шавад.

Дар ҳоле ки мақоми пешинаи Тоҷикистон дар ин феҳрист, барои бархӯрди Амрико ба он ва ҳамкориҳои дуҷониба хатаре эҷод намекард, кишварҳои дастаи дувум, яъне “мавриди нигарониҳои махсус” мумкин аст, дар ҳолатҳои муайян ҳадафи танқид ва ҳатто таҳримҳои ҳукумати Амрико қарор гиранд.

Бино бар гузориши нав Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Миср, Ироқ, Нигерия, Покистон, Сурия, Тоҷикистон ва Вйетнам дар ин феҳристанд. Аммо ин танҳо пешниҳоди кумиссюн аст ва Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар ин бора бояд тасмим гирад. Дар ҳол ҳозир ба рӯйхатти кишварҳои мавриди нигаронии вижа Бирма, Чин, Эритреа, Эрон, Кореяи Шимолӣ, Арабистони Саудӣ, Судон, Туркманистон ва Узбакистон ворид мешаванд.

Номи Тоҷикистон дар ҳоле ба феҳристи "ҳассос" ворид ва дар паҳлуи кишварҳое чун Ироқ, Сурия ва Нигерия ё Покистон зоҳир мешавад, ки дар ҳар яке аз ин чаҳор кишвари номбаршуда ҷанги ошкорои байнимазҳабӣ ҷараён дорад ва дар Ироқу Сурия ё Нигерия ҳамарӯза чандин нафар ба иллати мансубияти мазҳабияш кушта мешавад. Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар ҳоли ҳозир аз Осиёи Марказӣ Узбакистон ва Туркманистонро ба феҳристи ҳассос даровардааст ва бо пешниҳоди шомил кардани Тоҷикистон ба ин номгӯй паёме дода мешавад, ки вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон майл ба бадшавӣ дорад.

Дар гузориши солонаи USCIRF дар бораи вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар дунё, ки рӯзи 30 апрел ба нашр расид, гуфта мешавад, “ҳукумати Тоҷикистон ҳамаи фаъолиятҳои динии мустақил аз назорати давлат, махсусан фаъолияти мусулмонҳо, протестантҳо ва шоҳидони Яҳворо зери фишор дорад ва саркӯб мекунад. Чандин қонун аз соли 2009 ба ин сӯ озодиҳои диниро шаидан маҳдуд кардаанд. Ҳукумат ҳамчунин афродро бо иттиҳомоти исботнашудаи ҷиноии марбут ба фаъолиятҳои динии исломӣ ва мансубият зиндонӣ мекунад. Шоҳидони Яҳво аз соли 2007 ба ин сӯ мамнӯъст. “

Кумиссюн мегӯяд, бар пояи ин равандҳо аз ҳукумати Амрико хостааст, Тоҷикистонро “кишвари мавриди нигарониҳои махсус” эълон кунад. Ҳамчунин аз ҳукумати Амрико хоста шудааст, ки ҳукумати Тоҷикистонро ба тағйиру ислоҳи Қонуни дини соли 2009 водор намояд ва ин қонун бояд ба меъёрҳои байнулмилалӣ мутобиқ гардад. Пешниҳоди дигар ин аст, ки Вашингтон дар ҳамаи сатҳ ва ба таври ошкоро вазъи озодиҳои диниро дар Тоҷикистон ҳадафи танқид қарор диҳад.

Бино бар гузориш ҳукумати Амрико бояд ризоияти раҳбарони Тоҷикистонро барои сафари Гузоришгари махсуси СММ дар умури дин ба даст орад ва мавзӯъҳои марбутро дар худи кишвар ва берун аз он ба баҳс кашонад.

XS
SM
MD
LG