Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳазорон нафар Бахтиёр Худойназаровро бо дидани филмҳояш ёд карданд


Ҳукумати ноҳияи Фархор 50 – солагии зодрӯзи Бахтиёр Худойназаров, коргардони шинохтаи тоҷикро, ки ҳунари филмсозиаш дар хориҷ аз қаламрави шӯравии собиқ низ эътироф шудааст, ҷашн гирифт. Коргардони маъруф 21 апрел, дар ҳоле, ки то 50 солагиаш каме бештар аз як моҳ монда буд, дар Олмон аз бемории саратон даргузашт.

Маросими бузургдошти ҳунарманди саршиноси тоҷик Бахтиёр Худойназаров 29 май, дар рӯзи таваллудаш дар бинои кинотеатри ноҳияи Фархор бо ширкати мақомоти давлатӣ, пайвандони марҳум, меҳмонону ҳаводорони ҳунари вай ва хонандагони мактабҳои ин ноҳияи марзӣ, баргузор гардид. Падари Бахтиёр Худойназаров зодаи ноҳияи Фархори Тоҷикистон аст ва коргардон низ замони кӯдакияшро дар ҳамин ноҳияи сипарӣ кардааст.

Раъно Раҳимзода, раиси ноҳияи Фархор зимни ширкат ва суханронӣ дар ин маросим ба ҷойгоҳи Бахтиёр Худойназаров дар рушди синамои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ таъкид кард ва гуфт, ки “ному хотираи ин абармарди ҳунару фарҳанг ҳамеша дар дилу дидаи фархориҳо ва кулли мардуми Тоҷикистон ҷовидон хоҳад монд.”

Дар чаҳорчӯби таҷлил аз 50-солагии зодрӯзи Бахтиёр Худойназаров, ҳафтаи намоиши филмҳои ин коргардони тоҷик оғоз ёфт.

Ҷамшед Юсуфов, мудири кинотеатри Фархор рӯзи душанбеи 1 июн бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки муддати се рӯзи ахир беш аз 6 ҳазор тамошобин, сокинон ва хонандагони мактабҳои ноҳия филмҳои таҳиякардаи Бахтиёр Худоназаровро тамошо карданд.

Ба гуфтаи ҷаноби Юсуфов, онҳо тавонистанд, филмҳои таҳиякардаи Бахтиёр, аз ҷумла, ки “Братан”, “Қош ба Қош”, «Падари маҳтобӣ», «Шик», «Танкери «Танго», «Гетеры Майора Сакалова» ва дигаронро аз Маскав дарёфт кунанд.

Қаблан дар осорхонаи ноҳияи Фархор, гӯшае ба номи Бахтиёр Худойназаров таъсис ёфта буд, ки дар он аксҳо, намунаи филмҳои таҳиякардаи вай, нусхаи ҷоизаҳо ва бархе аз дастгоҳҳои наворбардории хусусии ин коргардони саршинос, нигаҳдорӣ мешаванд.

Дар Фархор намоиши филмҳои шодравон Бахтиёр Худойназаров доир шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:41 0:00

Таъсиси гӯшаи Бахтиёр Худойназаров ва ҳамин тавр намоиши филмҳои таҳиякардаи Бахтиёр Худойназаров, сокинони ноҳияро, ки дар бораи ин синамогар маълумоти зиёд надоштанд, аз кору зиндагии ӯ бохабар кард.

Музаффар Пиров, сокини ноҳияи Фархор пас аз тамошои филми «Падари моҳтобӣ» дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “воқеан Бахтиёр ватандӯст будааст ва ин филмашро аз меҳру муҳаббат ба ватан таҳия кардааст. Оғози филм хеле ҷолиб буд, ки мегуфт ман номи Фархори кӯчак аз забони як кӯдак садо медод.”

Ба гуфтаи ҷаноби Пиров хабари даргузашти Бахтиёрро аз шабакаҳои телевизионии русӣ дарёфт карда буд. Аммо ин мусоҳиби мо мегӯяд, пас аз чанд рӯз дар осорхонаи ноҳияи Фархор аксу тарҷумаи ҳоли Бахтиёрро дида ва бовар намекард, ки ин коргардони саршинос зодаи Фархор аст.

Гиромидошти хотираи ин коргардони саршиноси тоҷик дар зодгоҳаш - Фархор дар ҳолест, ки ба гуфтаи пайвандонаш Бахтиёр Худойназаров бори охир 17 сол пеш ба Фархор омада буд. Наздиконаш мегӯянд, ки дар сӯҳбатҳои телефонии солҳои ахир ин филмсози машҳур бо як ҳасрат аз кӯдакиҳояш сӯҳбат мекард. Бахтиёр Худойназаров, 21 апрели соли ҷорӣ баъд аз ранҷҳои зиёдаш аз бемории саратон дар ғурбат даргузашт дар шаҳри Берлин -- пойтахти Олмон ба хок супурда шуд.

Бахтиёр Худойназаров яке аз машҳуртарин коргардонҳои синамо пас аз хатми Донишкадаи кинематографияи Шӯравӣ дар Маскав соли 1989 бо филми “Братан” шӯҳрат ёфтааст. Филми дигари ӯ “Қош ба қош”, ки соли 1993 бардошта шуд, дар ҷашнвораи Венетсия ҷоизаи “Шери нуқра” гирифт.

Аз аввалин филмаш бо номи “Братан” Бахтиёр Худойназаров нишон дод, ки соҳиби сабк ва нигоҳи хоси синамоии худ аст. Ин сабк дар “Қош ба қош” рӯшантар ба назар расид, ҳарчанд дар вазъи душвори оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар соли 1992 наворбардорӣ мешуд. Дар бархе аз саҳнаҳои он нишонаҳои ин ҷанг, ҳаракати афроди мусаллаҳ ва зиреҳпӯшҳо ба мушоҳида мерасад, ки коргардон онҳоро бадоҳатан ба навор гирифт ва ба матни филм ҳамроҳ кард. Ба сурати умум ғуссаи сахт аз вазъи ватанаш оҳанги ботинии ин филмро ташкил додааст.

"Дар интизори баҳр» асари шашуми Бахтиёр Худойназаров буд, ки ҷашнвораи соли 2012-и Румро оғоз бахшид. Худойназаров, ки зодаи Тоҷикистон аст, ба ҷуз ин асар боз филми «Братан», «Қош ба қош», «Падари моҳтобӣ», «Шик» ва «Танкери Танго»-ро наворбардорӣ кардааст. Маъруфтарин филми Худойназаров «Падари моҳтобӣ» аст, ки соли 1999 наворбардорӣ шуда чандин ҷоизаи байнулмилалӣ гирифтааст. Коргардон аз ҳамсари охираш ҷудо шуда, бефарзанд буд.

XS
SM
MD
LG