Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Равшан - ронандаи поквиҷдони тоҷик дар Русия


Дар шаҳри Екатеринбурги Русия ронандаи тоҷики минибуси ё маршрутка сумкаи пур аз пулро ба соҳибаш бозгардонда ва бо ин амали худ дар Урал машҳур шудааст.

Муҳоҷири кории тоҷик дар дохили минибус ҳудуди як миллион рубл пайдо карда, ба ҷои он ки бо ин сармоя фирор кунад, соҳиби ин маблағро ҷустуҷӯ карда ва онро ба соҳибаш супоридаст. Бад ин тартиб, ӯ ба ҳамагон дарси таҳаммулгароиро додааст.

Равшани 47-сола, ронандаи минибус дар шаҳри Екатеринбург, дар зодгоҳаш - Тоҷикистон оилаи бузург ва қарзҳои пардохтнашуда дорад. Чанде қабл имкон дошт миллионер шаваду дар як лаҳза ҳамаи мушкилоти молиашро ҳал кунад. Рӯзе ӯ дар фарҷоми кор дар дохили минибус сумкаеро пайдо кард.

Равшан Файзалов мегӯяд: “Аввал дар он ҷо либосе буд, вақте ба гараж расидам, лифофаеро бо хатча дидам”.

Манзури Равшан аз хатча забохат дар бораи фурӯши мотосикл буд. Дар он коғаз 852 ҳазор рубл ё ҳудуди 13 ҳазор доллар печонда шуда буд. Ин миқдор пуле, ки ин ронандаи муҳоҷир дар тӯли чор сол метавонист ҷамъоварӣ кунад.

Аммо ӯ фикри аз ҳисоби дигарон сарватманд шуданро надошт. Нишониро аз забонхат пайдо карда ва пулро ба соҳибонаш, ки зану марди куҳансоли гунгу кар буданд, таслим кард.

Маълум шуд, ин пули мотосикли писарашон будааст, ки онҳо фурӯхтаанд. Ин писар дар фалокати автомбилӣ ҷон бохта ва падару модари кулфатзада дар маршрутка пулро гузошта рафтаанд. Равшан мукофотпулиеро, ки онҳо барояш доданд, нагирифта ва гуфт, ки аз чунин оилаи ғамзада тамаъ кардан гуноҳ аст. Ҳамин тавр, бо онҳо хайрухуш карду рафт. Ба сардори худ дар ин бора ҳарфе назад. Пас аз як ҳафта ҳамкорон аз номаи сипоси он оила аз ҳодисаи мазкур хабар ёфтанд.

Андрей Алеврас, раиси идораи нақлиёт мегӯяд: “Ба далоили мухталиф дар шаҳри мо ба ронандагони маршруткаҳо муносибати чандон хубе надоранд, аз ин лиҳоз, ман ин ҳодисаи аз нуқтаи назари башарӣ нодирро барои ҳамагон ошкор кардам”.

Ҳамин тавр, Равшан дар Урал ронандаи машҳур шуд. Ин рӯйдоди инсондӯстона, ки дар он мавзӯи миллат матраҳ нест, фавран дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд.

Мукофотпулиеро, барои поквиҷдонӣ ба Равшан тақдим шуд, ӯ ба ватан, ба наздиконаш фиристод. Равшан орзу дорад, ки писараш хуб таҳсил карда пизишк шавад. Дар зиндагӣ поквиҷдон шавад.

Ронандаи поквиҷдони тоҷик дар Русия
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00

XS
SM
MD
LG