Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ампаро" ба додгоҳи кассатсионӣ омода мешавад. "Ҷомеаи шаҳрвандӣ" барҳам хӯрд


ҳуқуқшиносони "Ампаро" дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд. 24 октябри соли 2012
ҳуқуқшиносони "Ампаро" дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд. 24 октябри соли 2012

Ҳукми додгоҳи Хуҷанд оиди басташавии Маркази "Ҷомеаи шаҳрвандӣ" созмони "Ампаро"-ро ноумед кардааст

Рӯзи 15 январ додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар сохтмони додгоҳи вилоятии Суғд аризаи Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавон «Ампаро»-ро баррасӣ мекунад. 24 октябри соли 2012 додгоҳи шаҳри Хуҷанд аризаи шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Суғдро муҳокима намуда, ҳукм кард, ки Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавон «Ампаро» баста шавад. Сабаби аслии шикояти Раёсати адлияи вилояти Суғд ин буд, ки суроғаи ҳуқуқии ин анҷуман гӯё бо суроғаи воқеии дар гузоришҳои расмӣ пешниҳодшуда мувофиқат намекард. «Ампаро» аз болои ин ҳукми додгоҳ ба додгоҳи кассатсионӣ шикоят кард.


Ҳукми додгоҳи Хуҷанд маҳкумияти Иттиҳодияи Аврупо, ИМА, САҲА ва созмони мудофеи ҳуқуқи башар «Амнести интернешинал»-ро ба бор овард. Дар муроҷиат ба мақомоти Тоҷикистон онҳо бозбинӣ шудани ҳукми додгоҳ ва иҷозаи фаъолияти бемамонияти фаъолони ҳуқуқи башарро тақозо карданд. Созмони «Ампаро» бо таҳқиқоти пайдарпаи интиқодиаш дар заминаи поймолшавии ҳуқуқи сарбозон дар артиш, ҳодисаҳои шиканҷаву бадрафторӣ ва даъвати иҷборӣ ба хизмат маъруфият касб кардааст. Мунаққидон мегӯянд, сабаби аслии басташавии ин созмон ҳам маҳз ҳамин ифшогариҳои ҳодисаҳои нақзи ҳуқуқи инсон дар артиши Тоҷикистон мебошад, ки ба обрӯи давлат латма мезанад.


Дилрабо Самадова, раиси Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавон «Ампаро» мегӯяд, баъди тавсеа ёфтани кори «Ампаро» соли 2010 ҳуқуқшиносони ҷавон дар шаҳри Хуҷанд бар пояи маълумотномаи ҳукумати шаҳр дафтари нави корие таъсис дод, ки дар он бештар бо қабули шикояти сокинон машғул буд. Вале додгоҳ бар пояи аризаи Раёсати адлияи вилоят ҳукм кард, ки «Ампаро» бояд баста шавад.
Дилрабо Самадова
Дилрабо Самадова
Самадова мегӯяд, аз назари ҳуқуқӣ дар кори онҳо иштибоҳе буда наметавонад, чунки қонун мутафовит будани суроғаҳои ҳуқуқӣ ва воқеии фаъолияти корхонаҳоро иҷозат медиҳад.

Дилрабо Самадова мегӯяд, ҳанӯз ду рӯз пеш умед дошт, ки додгоҳи кассатсионӣ ҳукми барҳам додани созмони онҳоро бозбинӣ хоҳад кард. «Вале баъди он ки додгоҳи шаҳри Хуҷанд бар пояи аризаи Раёсати адлияи вилояти Суғд ҳукм кард, ки созмони дигари воқеъ дар Хуҷанд - Маркази ҷомеаи шаҳрвандӣ барҳам хӯрад, мо каме ноумед шудем».


ДОДГОҲИ ХУҶАНД МАРКАЗИ «ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ»-РО БАРҲАМ МЕДИҲАД


Дар ҳамиин ҳол, тибқи иттилои Моҳинисо Ҳорисова, раиси Маркази таълимӣ ва таҳлилии «Ҷомеаи шаҳрвандӣ» дар Хуҷанд, баъди баррасиҳои зиёд, ки ҳанӯз 19 ноябри соли 2012 шурӯъ шуд, рӯзи 9 январ додгоҳи Хуҷанд ҳукм кард, ки ин созмон ҳам барҳам дода мешавад. Ҳуқуқшиноси маъруф М.Ҳорисова гуфт, барои барҳам додани марказ ду айбнома эълон шуд:


- Дар айбномаи аввал масъала сари суроға аст. Вақте мо аз қайди давлатӣ гузаштем, суроғаи мо кӯчаи Ленин буд, вале ҷои аслии нишасти мо ҳоло хиёбони Раҳмон Набиев аст. Мо дар ин ҷо беш аз панҷ-шаш сол кор мекунем ва ҳар вақте ки ба Раёсати адлияи вилояти Суғд ҳисобот пешкаш мекунем, маҳалли воқеии кори худро ҳам дар он санадҳо пешкаш мекунем. Аз рӯи қонун ҳам, ширкату созмонҳо бояд адреси воқеӣ ва ҳуқуқиро зикр кунанд. Аммо ин боис намешавад, ки як корхона барои нав кардани суроғаи кориаш барҳам дода шавад. Шояд бо гузашти вақт, ин созмон аз қимати иҷора норозӣ шуда хоҳад, ки дар маҳалли дигар дафтареро иҷора гирад.


М.Ҳорисова гуфт, айбномаи дуюм марбут ба даъвои дигари Раёсати адлияи вилояти Суғд аст, ки гуфтааст, гӯё Маркази таълимӣ ва таҳлилии «Ҷомеаи шаҳрвандӣ» ҳайати раёсати худро тасдиқ накардааст. Раиси ин марказ мегӯяд, ки раёсати ин созмон соли 2008 тасдиқ шуд ва то имрӯз ду узви солхӯрдаи ин раёсат даргузаштанд. «Бо ин сабаб, мо онҳоро аз узвияти раёсат хориҷ кардем. Вақте адвокати мо дар додгоҳ инҳоро собит карду гуфт, ки ин айбмониҳо сабаби барҳам хӯрдани созмон намешавад, боз ҳам додгоҳ барои бастани маркази мо ҳукм кард».

Дар шӯъбаи бақайдгирии созмонҳои ҷамъиятии Раёсати адлияи вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки созмони "Ҷомеаи шаҳрвандӣ" дар асоси аризаи даъвогии ин раёсат ва бо ҳукми додгоҳ баста шудааст. Манбаъ аз Раёсат изҳор дошт, ки далелҳои басташавии ин созмон дар аризаи даъвогӣ ба додгоҳ зикр шудаанд ва ин иқдом "ягон ангезаи сиёсӣ надорад".

Маркази таълимӣ ва таҳлилии «Ҷомеаи шаҳрвандӣ» соли 2001 бо мақсади боло бурдани донишҳои ҳуқуқӣ ва шаҳрвандии сокинони Тоҷикистон таъсис шуда, бо ҷалби раҳбарони ҳизбҳои сиёсии фаъол дар вилояти Суғд солҳои охир ба баргузории интихоботи шаффофу қонунӣ ва тағйири қонуни интихоботи президентӣ ва парлумонии Тоҷикистон даъват мекард. М.Ҳорисова мегӯяд, мутмаин аст, ки тасмими додгоҳ ангезаҳои сиёсӣ дошта мақомот бо ин амалашон мехоҳанд дар соли интихоботи президентӣ аз фаъолияти як созмони ислоҳотталаб ҷилавгирӣ кунанд.

Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG