Таҳқиқи эътирози як боздоштшуда дар маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Екатеринбург, ки рӯзи 22 феврал рух дод, анҷом шудааст. Ба иттилои додситонии вилояти Свердловск, эътирозро як нафар ташкил кардааст. Додситонӣ шоми 23 феврал гуфт, ин мард субҳи соати 6-и ҳамон рӯз дари утоқи нигоҳдориро аз дарун баста, гуфтааст, ки аз шароити нигаҳдорӣ, ғизои бад, касифии утоқи нигаҳдорӣ ва таҳдиди ихроҷ аз қаламрави Русия норозӣ аст. Мақомоти Русия гуфтанд, ки дар дохили ин утоқ дар ин лаҳзаҳо 9 шаҳрванди Узбакистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон қарор доштанд. Мақомти тоҷик мегӯянд, дар миёни ошӯбгарон нафаре аз шаҳрвандони Тоҷикистон набуд.
Нафаре, ки дарро баста эътироз кардааст, ба қавли масъулони Вазорати умури дохилии
Дар боздоштгоҳи Екатеринбург 37 шаҳрванди Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешаванд ва ҳуҷҷати 19 нафари онҳо барои ихроҷ пурра омода шудааст.
Свердловск, “як ҷои дасташро харошидааст, вале ҳеҷ таҳдиде ба ҷони ӯ вуҷуд надорад”. Мақомоти тафтишотии Русия мегӯянд, баъди онки муҳоҷирон дарро ихтиёрӣ боз карданд, бо онҳо сӯҳбат ва ҳарфи дилашон шунида шуд. Ҳамаи нафарони дар ин утоқ нигаҳдоришуда аз мақомоти рус дархост кардаанд, ки онҳоро аз Русия ихроҷ накунанд ва гузоранд, ки дар ин кишвар кори худро идома диҳанд. Мақомоти рус мегӯянд, вазъ таҳти назорат аст ва хатаре ба ҷони касе вуҷуд надорад.
Мақомот гуфтаанд, ки қарор буд соати 10 субҳи рӯзи 22 феврал ин нафаронро депортатсия мекарданд.
Дар масъалаи ҳуввияти шахси эътирозгар мақомоти рус иттилои зиёд намедиҳанд, танҳо ба гуфтаи намояндаи вазорати дохилаи Свердловск, ин шахс дар гузашта барои “ҷиноятҳои марбут ба моликият 10 бор дар додгоҳҳо муҳокима шудааст”. Шаҳрвандии ин нафар ошкор намешавад.
Додситонӣ гуфтааст, ки шикояти боздоштшудаҳо дар заминаи шароити бади нигаҳдорӣ ва камбуди ғизо санҷида мешавад. Фаъолони ҳуқуқи башар гуфтанд, ки намояндагони онҳоро нагузоштанд, ки ба дохили марказ ворид шаванд.
37 тоҷик дар маркази нигаҳдории хориҷиҳои Екатеринбург
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, масъулини консулгарии ин кишвар дар Екатеринбург аз вазъи ин марказ ва шаҳрвандонаш хабар гирифт. Таҳқиқи онҳо собит кардааст, ки дар миёни ошӯбгарон шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд, балки дигар шаҳрвандони Осиёи Марказӣ мебошанд. Ба иттилои онҳо, дар ин боздоштгоҳ ҳоло 37 шаҳрванди Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешаванд ва ҳуҷҷати 19 нафари онҳо барои ихроҷ пурра омода шудааст. 18 нафари дигаре, ки бидуни ҳуҷҷат боздошт шудаанд, ҳамроҳ бо консулгарӣ дар паи таҳияи санадҳо мебошанд. Сафорати Тоҷикистон мегӯянд, таҳқиқ муайян кард, ки дар эътирози рӯзи 22 феврал шаҳрвандони ин кишвар иштирок накардаанд.
Шикоят аз шароити бади нигаҳдорӣ
Ин бори аввал нест, ки дар марказҳои нигаҳдории шаҳрвандони хориҷии Русия норизоият аз шароити нигаҳдошт ва ё муносибати бад сурат
мегирад. Моҳи июни соли 2015 матбуот аз ҳодисаи рагбурии як муҳоҷири ӯзбак дар маркази “Сахарово” дар вилояти Подмосковйе хабар дода буд. Дар он ҳодиса як марди 40-сола раги дасти худро бурид ва қасди худкушӣ кард. Ӯ гуфта буд, ки барои ғизову шароити бад ва ҳам латукӯб шуданаш аз ҷониби масъулини ин боздоштгоҳ эътироз мекунад. Баъди ин боздоштшудаҳои дигар ва ҳам фаъолони ҳуқуқи муҳоҷирон гуфтанд, ки баъди афтодан ба дасти полис ин гурӯҳи муҳоҷирон дар ҳолати беҳуқуқӣ, дар шароити нимазиндон қарор мегиранд ва шикоятҳо аз латукӯбшавии онҳо ҳам бисёр мерасад. Вале мақомоти рус пайваста мегӯянд, ки ҳуқуқи муҳоҷирони хориҷиро аз рӯи қонунҳои кишвар танзим ва риоя мекунанд.
Хайрхоҳии муҳоҷирони дигар ба боздоштшудаҳо
Гоҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз вазъи ҳамватанонашон дар ин боздоштгоҳ огоҳ ҳастанд, бо ташаббуси худ ба онҳо ғизо меоранд ва аз маъмурият хоҳиш мекунанд, ки ба мӯҳтоҷони дастгиршуда тақсим кунанд. Чунин як ташаббус моҳи сентябри соли 2016 дар маркази Сахарово аз ҷониби Парвиз Иброҳимов ва гурӯҳи дигари тоҷикон ҳам анҷом шуда буд. Он замон дар ин муассиса бештар аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешуд ва аксари онҳо мунтазири депортатсия ба сар мебурданд. Баъди дарёфти хабар аз он ки онҳо хӯроки дуруст надоранд, барояшон ихтиёриҳо обу нон бурданд.
Видео аз 9 сентябри соли 2016:
Русия солҳои охир ба макони аслии кору рӯзии як миллион шаҳрванди Тоҷикистон табди шудааст. Дар соли 2016 муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба ватан тақрибан 2 миллиард доллар, баробар ба сеяки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, пул фиристодаанд. Дар солҳои пеш аз бӯҳрони иқтисодӣ ҳаҷми ин пулҳо ду баробар бештар буд.
Масъалаи боздошти муҳоҷирон дар Русия, ки бахши аъзамашон барои нақзи мураққароти буду боши ин кишвар дастгир ва баъдан ба Тоҷикистон ихроҷ мешаванд, аз мавзӯъҳои дарднок аст. Бахши аъзами 270 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар феҳрасти афроди мамнӯъ-ул-вуруд ба Русия ворид шудаанд, аз ҳамин қабил қазияҳо мебошанд. Ҳоло Тоҷикистон талош дорад, ки бо кӯмаки мақомоти рус сеяки онҳоро афв ва шароити бозгашти қонунии онҳоро ба Русия таъмин кунад.