Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати Тоҷикистон дар Тошканд ба хонаводаи А.Абдураҳмонов кӯмак мекунад


Тошканд
Тошканд

Афви байнулмилал аз сарнавишти шаҳрванди Тоҷикистон Абдумавлон Абдураҳмонов изҳори нигаронӣ кардааст, ки аз охири моҳи апрел дар Ӯзбакистон дар боздошт қарор дорад.

Созмони мудофеи ҳуқуқи инсон Amnesty International аз эҳтимоли шиканҷа шудани як шаҳрванди Тоҷикистон дар Ӯзбакистон ҳушдор додааст. Изҳороти ин созмон, ки ба дасти радиои Озодӣ расид, аз сарнавишти Абдумавлон Абдураҳмонов изҳори нигаронӣ карда мегӯяд, ки ин марди тоҷик аз охири моҳи апрел ба ин сӯ дар Ӯзбакистон дар боздошт аст ва ба ӯ хатари шиканҷа шудан таҳдид мекунад.

Ин марди 38-сола ба Ӯзбакистон рӯзи 25 апрел бо ҳадафи дидор бо фарзандаш аз оилаи аввал ворид шуда, баъдан барнагаштааст. Ӯ мебоист рӯзи 28 апрел дубора ба Тоҷикистон бармегашт, вале рӯзи 29 апрел бародараш, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, аз ҳамсари собиқи додараш занги телефоние дарёфт мекунад. Ҳамсари аввал хабар медиҳад, ки Абдумавлон Абдураҳмонов рӯзи 27 апрел аз ҷониби Хадамоти амнияти миллии ин кишвар боздошт шуд.

Вай гуфтааст, ки ҳеҷ иртиботе бо Абдумавлон надорад. Тибқи тахмини Афви байнулмилал, Абдумавлон Абдураҳмонов ду рӯзи аввал дар як дафтари полиси ноҳияи марзии Бекобод, дар шарқи Ӯзбакистон нигоҳдорӣ шудааст. Рӯзи 10 июн нафаре ба хонаводаи Абдураҳмоновҳо телефон зада мегӯяд, ки дар як боздоштгоҳи Тошканд ҳамроҳ бо Абдумавлон Абдураҳмонов нигоҳдорӣ шудааст. Иттилои бештаре дар даст нест. Аз ҷумла, маълум нест, ки ӯро бо кадом иттиҳом боздошт кардаанд ва оё ӯ ба вакили дифоъ дастрасӣ дорад ё на.

Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ як ходими сафорати Тоҷикистон дар Тошканд вуҷуди ин ҳодисаро тасдиқ кард.

Шараф Раҳимов, ходими сафорати Тоҷикистон дар Тошканд гуфт, ки аризаи шикоятии хонаводаи Абдураҳмоновҳоро мақомоти тоҷик дарёфт карда аз ҷониби Ӯзбакистон ҳам хостаанд, ки роҷеъ ба далели боздошти ӯ рӯшанӣ андозанд. Ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Тошканд, Абдураҳмонов, ки сокини шаҳри Хуҷанд аст, феълан дар боздоштгоҳи ноҳияи марзии Бекобод нигоҳдорӣ мешавад. То ҳанӯз ҷониби Ӯзбакистон сабаби расмии боздошт шудани ин шахсро дар ихтиёри сафорат нагузоштааст. Вале ба эҳтимоли ғолиб, мегӯянд дар сафорат, ба ҳангоми боздошти ӯ дар қаламрави Ӯзбакистон, вай дар даст ҳеҷ санаде надоштааст, ҳарчанд ба хоки ин кишвар вай бо шиносномаи хориҷӣ ва бар асоси раводид ё визаи ин кишвар ворид шудааст. Намояндагии дипломатии Тоҷикистон ба падари ин шаҳрванд санади берун шудан аз хоки Ӯзбакистонро додаанд, ки шароити берун шудани А.Абдураҳмонов аз боздоштгоҳи Бекобод ва бозгашти ӯ ба Тоҷикистонро фароҳам меорад.

Ходими масъули сафорат таъкид кард, ки ин ниҳод ба унвони масъули шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ӯзбакистон тамоми талошашро ба харҷ медиҳад, то ки дар раҳоии ин шахс мусоидат кунад.

Созмони Афви байнулмилал дар изҳороти худ аз мақомоти Ӯзбакистон тақозо кардааст, ки сарнавишти Абдумавлон Абдураҳмоновро муайян, иттиҳомоти зидди ӯ ва ҳам маҳалли нигаҳдориашро мушаххас кунанд. Инчунин аз ҷониби Ӯзбакистон тақозо шудааст, ки дастрасии хешовандон ва ҳам вакили дифоъро бо Абдумавлон Абдураҳмонов билофосила таъмин кунанд. Дар ниҳоят, ин созмон ба мақомоти Ӯзбакистон роҷеъ ба ӯҳдадориҳои кишвар дар баробари қонунҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла, эъломияҳои зидди шиканҷаи боздоштшудаҳо ёдовар шудааст.
XS
SM
MD
LG