Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ду моҳ 8500 нафар афв шудаанд (ВИДЕО)


Раҳоии зиндониён.
Раҳоии зиндониён.

Мақомоти тоҷик гуфтаанд, ки давоми ду моҳ, қонун "Дар бораи авф" дар нисбати 8502 нафар татбиқ гардидааст.

Тибқи иттилои расонаҳои давлатӣ, аз 29 октябр то 29 декабри соли гузашта, қонун "Дар бораи афв" дар нисбати 8502 нафар татбиқ гардида ва ин раванд идома дорад.

Парлумони Тоҷикистон рӯзи 29 октябр ба муносибати 20-солагии тасвиби Қонуни асосии кишвар қонуни афвро қабул кард, ки аз маҳбасҳо ва ҳамчунин аз таҳти тафтишу таъқиби ҷиноӣ раҳо кардани то 10 000 нафарро пешбинӣ мекард.

Генерал-лейтенант Иззатулло Шарифзода, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтааст, давоми ду моҳ аз муассисаҳои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ 3557 нафар, аз ҷумла аз муассисаҳои ислоҳӣ 1518 нафар, аз муассисаҳои сукунат 1656 нафар ва аз тавқифгоҳҳои тафтишотӣ 383 нафар ба озодӣ баромаданд. Ба гуфтаи вай, аз Раёсати нозироти корҳои ислоҳӣ 3960 нафар озод карда шуданд.

Иззатулло Шарифзода афзудааст, ки давоми ин ду моҳ 39 тан аз шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз Узбакистон, Кения, Эрон, Туркия, Афғонистон ва Русия будаанд, раҳо карда шуданд. Ҳамчунин мӯҳлати адои ҷазои 1010 кам карда шуда, дар ин ду моҳ 148 ноболиғ ва 248 зан ба озодӣ баромадаанд.

Нахустин гурӯҳи зиндониён рӯзи 3 ноябр аз маҳбасҳои Тоҷикистон озод шуданд. То амалӣ шудани ин қонун, дар зиндонҳои Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 13 000 нмаҳбус адои ҳукм мекард.

Ҳангоми муаррифии тарҳи ин афв дар порлумон гуфта шуд, ки ин 16-умин афв дар 23 соли истиқлоли Тоҷикистон буда, бар асоси 15 афви қаблӣ 100 000 нафар ба озодӣ расидаанд.

Бори охирин, яъне афви 13-ум дар Тоҷикистон дар соли 2011 ба муносибати солгарди 20-уми истиқлоли ин кишвар эълон шуда, бар асоси он беш аз 4300 нафар, аз ҷумла 196 зан ва 153 ноболиғ аз маҳбасҳо раҳо ёфта буданд.

Аммо на афви чаҳор соли пеш ва на авфи кунунӣ мунҷар ба озодии маҳбусони шинохтае, чун вазири собиқи умури дохила Ёқуб Салимов, фармондеҳи собиқи Горди миллӣ Ғаффор Мирзоев ва раиси собиқи ширкати “Тоҷикгаз” ва ҳизби демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров нашуд.

Озодшавии маҳбусони тоҷик аз зиндонҳо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:56 0:00

XS
SM
MD
LG