Ҳиллари Клинтон, вазири пешини умури хориҷии Амрико ва номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Амрико аз Ҳизби демократ, ки бо ҳамҳизбиаш Берни Сандерс рақобат мекунад, рӯзи шанбе дар севумин интихоботи иёлотӣ бо фарқи начандон зиёд дар Невада, дастболо шуд. Ҳамзамон дар Каролинаи ҷанубӣ, миллиардери ҷанҷолӣ Доналд Трамп, муваффақ шуд, ки номзади дигари ҷумҳурихоҳро шикаст диҳад. Доналд Трамп дар интихоботи муқаддамотии Ню-Ҳемшпир дар чанд рӯзи пеш низ 40 дарсади ороро дарёфт карда буд.
Пирӯзии Доналд Трамп имкон медиҳад, ки ӯ дар ниҳоят ба унвони номзади аслии ҷумҳурихоҳон вориди рақобати ниҳоии президентӣ шавад. Пирӯзии Трамп дар ин марҳила дар ҳолест, ки ӯ ҳанӯз роҳи зиёдеро бояд тай кунад. Трамп дар ҷараёни маъракаи сиёсӣ на танҳо борҳо мавриди интиқоди рақибонаш қарор гирифт, балки аз Барак Обама ва Поп Франсис ҳам танқид шунид.
Ҷумҳурихоҳон рӯзи сешанбеи 23 феврал ба "анҷумани ҳизбӣ" дар Невада мераванд. Сипас мунозираи онҳо дар Тексас баргузор хоҳад шуд. Рақобати муқаддамотӣ ҳамзамон дар чандин иёлот, бо номи "сешанбеи бузург" дар рӯзи аввали моҳи март баргузор мешавад.
"Анҷумани ҳизбӣ" маъракаи дохили ҳизбӣ аст, ки дар он баҳсу баррасиҳо сурат гирифта ва бар сари номзади ягона созиш ба даст меояд.
Демократҳо рӯзи 20-уми феврал чунин дидорҳоро баргузор карданд. Ҳиллари Клинтон бо тафовути кам бар рақиби ҳамҳизбаш Берни Сандерс дастболо шуд. Хонум Клинтон 52 дарсади ороро аз худ кард, дар ҳоле, ки оқои Барни Сандар 48 дарсади ороро ба даст овард.
Дар интихоботи муқаддамотии Ню-Ҳемшпир Берни Сандерс бо 59 дарсади овозҳо ба пирӯзӣ расида буд. Клинтон дар интихоботи муқаддамотии Айово низ ба истилоҳ нафасҳои рақибашро, ки аз ҷиҳати рақам ба ӯ хеле наздик буд, эҳсос мекард.
Демократҳо рӯзи 27-уми феврал ба интихоботи муқаддамотии иёлоти Каролинаи ҷанубӣ мераванд ва якуми март дар "сешанбеи бузург" рақобат миёни онҳо низ идома мекунад.
Аммо руйдоди дигари шаби шанбе, канор рафтани Ҷеб Буш, раиси пешини иёлати Флорида аз майдони сабқат буд. Оқои Буш бо вуҷуди он, ки пеш аз оғози рақобатҳои авалия таваҷҷуҳи зиёдро ба худ ҷалб карда буд, дар ҷараёни интихоботи муқаддамотӣ натавонист натиҷаи зиёде ба даст биёрад. Ӯ дар ниҳоят эълон кард, ки ба рақобатҳои интихоботӣ поён медиҳад.
Буш гуфтааст, аз корзоре, ки барои муттаҳид кардани Амрико дар ин маърака буд, ифтихор мекунад. Ӯ бо ишора ба шикасти худ дар интихоботи Айова, Ню Ҳемшпир ва Каролинаи ҷанубӣ гуфтааст, "мардуми сухани худро гуфтанд ва ман воқеан ба тасмими онҳо эҳтиром мегузорам."