Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дубора Ҳалабро бомбаборон кард

Қурбониёни ҳамлаи ҳавопаймоҳои ҷангии Русия дар минтақаи Бустон Ал-Қасри шаҳри Ҳалаби Сурия аз зери вайронаҳо берун оварда мешаванд. Русия баъди чанд рӯзи таваққуфи ҳамлаҳо, дубора бомбаборони бахши шарқии Ҳалабро оғоз кард. Гурӯҳи Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, ки қароргоҳаш дар Бритониё мебошад, гуфт, дар ҳамлаҳои рӯзи сешанбеи ҳавопаймоҳои ҷангии Русия ҳадди ақалл 25 нафар кушта шуда ва даҳҳо нафар захмӣ шудаанд. Ин дар ҳолест, ки нерӯҳои кумакрасон ва сокинони қисматҳои таҳти назорати мухолифони режими Башор Асад мегӯянд, дар ин ҳамлаҳо ба камияш 50 нафар кушта шудаанд. Ба гуфтаи шаҳрвандон, дар бомбаборони рӯзи сешанбе як маркази табобатӣ ва як маҳалли бозии кӯдакон низ ҳадаф қарор дода шудаанд. Аммо Русия мегӯяд, ки танҳо мавзеи гурӯҳҳои террористиро ҳадаф қарор медиҳад.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG