Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 52 муҳоҷир дар сӯхтори автобус. ВИДЕО


Дар сӯхтори мусофирбари навъи “Икарус” дар ҳудуди Қазоқистон 52 муҳоҷир ҷон бохтанд. Бино ба тафтишоти муқаддамотӣ, онҳо шаҳрвандони Узбакистон буда, ба самти Русия ҳаракат мекарданд.

Вазорати умури дохилии Узбакистон ҳам бо тасдиқи ин хабар гуфтааст, ки шаҳрвандони ин кишвар бо ҳадафи сафар ба Русия дар дохили ин автобус қарор доштанд.

Навори видеоӣ дар инҷост:

Роҳи нотамоми 52 муҳоҷири озими Русия
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00

Ҳодиса субҳи 18-уми январ бар асари оташ гирифтани мусофирбар дар шоҳроҳи Самара-Шимкент, ки аз ҳудуди вилояти Оқтеппаи Қазоқистон мегузарад, рух додааст. Ин вилоят наздик ба Узбакистон ҷойгир аст.

Руслан Имонқулов – намояндаи расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон, гуфт, дар ин мусофирбар 55 муҳоҷир ва ду ронанда ҳузур доштанд. Ҳангоми сӯхтор танҳо панҷ нафари онҳо тавонистаанд, ки аз дохили автобус зинда берун шаванд. Дар миёни зиндамондаҳо се шаҳрванди Қазоқистон ва ду шаҳрванди Узбакистон мебошанд. Имонқулов гуфт, “ҳамаи онҳо дар бемористон ҳастанд. Тибқи арзёбиҳои муқаддамотӣ, қурбониҳо шаҳрвандони Узбакистонанд, ки аз Русия тавассути Қазоқистон ба ватани худ бармегаштанд”, - афзуд ӯ.

Сабаби сар задани фоҷиа ва ҳам манбаи сӯхтор дар дохили автобус маълум нест. Инчунин, мушаххас нест, ки чаро баъди сар задани сӯхтор дар дохили автобус ҳаракатро қатъ накард, то ки мусофирон берун оварда шаванд.

Минтақае, ки ҳодиса рух додааст, ба ноҳияи Иргиз мутааллиқ буда, дар 10-километрии деҳаи Калибой ва дар фосилаи 320-километрии маркази вилоят ҷойгир аст.

Вазорати сармоягузорӣ ва рушди Қазоқистон гуфтааст, санҷиши аввалияи нишон додааст, ки "Икарус"-и навъи KassbohrerSetra-1989 ба номи ронанда Ордухан Мехтиев сабт шудааст. Ин нақлиёт дар феҳристи автобусҳои доимо ҳаракаткунанда ба самти Русия ба қайд гирифта нашудааст ва зоҳиран аҳёнан дар ин хатсайр ҳаракат мекард. Мушаххас шудааст, ки бори охир ин автобус августи соли 2015 аз санҷиши техникӣ гузашта, феврали соли 2016 мӯҳлати амали ин санад ба анҷом расидааст.

Аз ин пеш, моҳи октябри соли гузашта, дар пайи бархӯрди як мусофирбар ва қатор дар вилояти Владимири Русия 16 нафар, асосан зодагони Узбакистон, ҳалок шуданд.

Одатан шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбакистон барои рафтан ба Русия аз хадамоти мусофирбарҳо истифода мекунанд. Сафар тариқи автобус дар муқоиса ба қатор ва ҳавопаймо нархи камтар дорад. Дар Тоҷикистон ҳам чандин ширкатҳо ба фаъолият пардохтаанд, ки муҳоҷиронро тариқи автобус ба Русия бурда меоранд.

XS
SM
MD
LG