Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби аграрии Тоҷикистон: мо зиёд кор мекунем, матбуот намебинад


Рустам Латифзода, раиси Ҳизби Аграрии Тоҷикистон
Рустам Латифзода, раиси Ҳизби Аграрии Тоҷикистон

Ҳизби аграрии Тоҷикистон, ки дар порлумон гуруҳи худро дорад ва баъди ҳизби ҳоким дар қатори дувум аст, ҳадаф дорад бештар аз панҷ курсиро дар порлумони нав ба даст орад. Коршиносони тоҷик бар инанд, ки муваффақиятҳояш камтар аз тарғиботи он ва бештар аз иродаи мақомот бастагӣ хоҳад дошт.

Яке аз ҳафт ҳизби расмии Тоҷикистон Ҳизби аграрӣ бо тамоми ҷиддият ба интихоботи порлумонӣ дар кишвар омодагӣ мегирад. Раиси он ва вакили феълии порлумон Рустам Латифзода мегӯяд, ки худаш шахсан дар мулоқот бо интихобкунандагон дар ноҳияҳои Восеъ, Темурмалик ва Айнӣ ҳузур дошт: “Мо вақте ба навоҳӣ меравем пуштибонии мардумро эҳсос мекунем ва таваҷҷуҳи хосе ба мо доранд”, - мегӯяд Латифзода. Шумораи бештари интихобкунандагон, ба гуфтаи ӯ, дар минтақаҳоест, ки мутаносибан мардум ба кишоварзӣ машғуланд ва теъдоди умумии аъзои ҳизб аз 50 ҳазор болотар аст. Аз рӯйи шумораи аъзо ҲАТ баъди ҳизби ҳоким, ки аъзоёни он 500 ҳазор гуфта мешаванд, дар ҷойи дувум қарор дорад. Вале ин арқом баъзе коршиносонро дучори шубҳа кардааст ва бар ин назаранд, ки ҲАТ ба он гунае, ки раҳбаронаш мегӯянд, фаъол нест.

Дар интихоботи пеши рӯ ҳизб 13 номзадро аз рӯйхати ҳизбӣ ва 30 номзадро аз ҳавзаҳои якмандата пешниҳод кардааст.

Таърихчаи ҳизб

Ҳизби аграрии Тоҷикистон ба ин ҳама муваффқиятҳо дар давоми 15 сол расидааст. Соли 2005, як сол қабл аз интихоботи президентӣ, ин ҳизб аз сӯйи муовини президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ, марҳум Амир Қароқулов номнавис шуд, ки бъдан дар интихоботи соли 2006 рақиби Эмомалӣ Раҳмон буд. Коршиносони тоҷик он замон ин ҳизбро “мухолифи кисагӣ” номида буданд, ки раҳбарии ҳизб ба ин комилан розӣ нестанд.

Дар интихоботи парлумонии 2010 ин ҳизб ду курсиро дар порлумон ба даст овард. Дар интихоботи президентии соли 2013 номзади он аз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳимоят кард. Баъди ду сол, дар интихоботи порлумонии 2015 ҳизб 5 ҷойро дарёфт кард ва бори аввал ҷиноҳи худро таъсис дод.

Баъди марги муассиси он Амир Қароқулов дар соли 2014, роҳбарии ҳизбро Рустам Латифзода, раиси пешини ноҳияи Восеъ ба даст гирифт.

Мухолифат тибқи дастур

Латифзода ҳизби худро мухолиф медонад ва мегӯяд, ки дидгоҳҳои худро дар баробари вазъи кишвар доранд. Ба суоли ин ки бо чӣ чизе ҳизб розӣ нест, ин сиёсатмадор мегӯяд ҳизби онҳо бар ин аст, ки бахши кишоварзӣ дар кишвар бояд дар авлавият қарор дошта бошад. “Мо саноатӣ карданро ҳадафи истротежик эълон кардем, вале ҳадафи дигар – таъмини амнияти озуқаворӣ то ҳоло доғ боқӣ мондааст, - мегӯяд Латифзода.

Коршиноси мустақили масоили сиёсӣ Абдумалик Қодиров мегӯяд, ки аз он ҷо ки Тоҷикистон як кишвари аграрист ҳузури чунин ҳизбе дар порлумон барои ҳимояи манофеъи шаҳрвандоне зарур аст, ки дар бахши кишоварзӣ заҳмат мекашанд. “Вале ҳизби аграриро ин гуна номидан мумкин нест. Он барои нишон додани рақобати сохтаи сиёсӣ ва бисёрҳизбӣ дар кишвар таъсис дода шудааст”, - таъйид мекунад коршинос. Ба гуфтаи вай, онҳое, ки истротежии интихоботро коркард мекунанд, бо назардошти ин ки кишвар аграрист ва мантиқан ҳизб метавонад, ҷонибдорони зиёде дошта бошад, махсус ба он мақоми “ҳизби дувум”-ро додаанд.

Худи Латифзода ба ин гуна баҳогузориҳо мувофиқ нест. “Мо бо мардум фаъолона кор мебарем ва тақрибан дар тамоми нуқтаҳои кишвар, ҳатто дар Мурғоб ҳам намояндагии худро дорем”. Бисёре аз аъзои ҳизб мақомҳои баландеро дар ҳукумат доранд”,- тавзеҳ медиҳад раҳбари ҳизб.

Муовини пешини раиси МТС назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров мегӯяд, ки ҳизб барои рақобат дар интихоботҳо бартариҳои зиёде дорад. “Бештар аз 70% мардуми Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва ба заминдорӣ машғуланд. Агар ҳизб битвонад ин зарфиятро хирадмандона истифода кунад, пас метавонад яке аз неруҳои асосии сиёсӣ шавад”, - боварманд аст коршинос.

Дастовард ва ҳадафҳои ҳизб

Ба гуфтаи Рустам Латифзода дар маҷлисе, ки ба охир мерасад ҳизби онҳо талош кард, ки аз тамоми имконоти худ истифода кунад. “Мо 20 лоиҳаи қонун ва 8 қонуни комил пешниҳод кардем, ки пазируфта шуданд. Ҳамаи онҳо марбути бахши кишоварзӣ ва ҳифзи табиат буданд”, - мегӯяд вакил. Дар мусоҳибаи ахир бо нашрияи “Фараж” ин сиёсатмадор гуфтааст, ки аъзои ҳизб дар тамоми масоил дар сатҳи кумитаҳо хеле фаъолона мавзеъ гирифтанд, вале рӯзноманигоронро танҳо ба ҷаласаҳои умумӣ даъват мекунанд ва иттилои лозиме дар бораи фаъолияти онҳо надоранд.

Дар ҳамин ҳол иттилое вуҷуд надорад, ки вакилон алайҳи ин ё он лоиҳаи қонуни пешниҳодӣ аз сӯйи ҳукумат суханронӣ карда бошанд. Кормандони бахши кишоварзӣ ба пуштибонии ҳукумат ниёз доранд ва худи соҳа гирифтори буҳрони шадид аст. Мардум муҳоҷирати меҳнатиро бар заминдорӣ ва чорводорӣ бартарӣ медиҳанд.

Дар сурати роҳ ёфтан ба порлумон, мегӯяд Латифзода онҳо ҳадафро доранд ба Кодекси андоз тағйирот пешниҳод кунанд, сиёсати кишоварзии ҳукумат, масоили пуштибонии бахши обёрӣ, ба кор таъмини кардани занони хонашин ва масоили омода кардани занонро барои ишғоли мансабҳои баланд дар ниҳодҳои давлатӣ баррасӣ намоянд,

Шонсҳо барои муваффақият

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, ки Ҳизби аграрии Тоҷикистон ба порлумон роҳ меёбад ва эҳтимол дорад, ки панҷ курсии доштаашро ҳифз кунад, зеро ҳеч мухолифате бо мақомоти кишвар надорад.

“Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар воқеъ неруи сиёсӣ дар сурате метавонад ба чизе даст ёбад, ки агар бо қудрати марказӣ ҳамкорӣ кунад. Инҷо ҳама чиз мутамарказ аст ва дар фарқ бо Ғарб, ки онҷо мешавад ошкоро мухолифи ҳукумат буд ва ба чизе даст ёфт, ин гуна номумкин аст”, - мегуяд коршиноси мустақил Рашид Ғанӣ Абдулло.

Интихобти навбатии порлумонӣ дар Тоҷикистон 1 март баргузор мешавад. Барои баргузории он ба гуфтаи вазири молияи Тоҷикистон 30 млн сомонӣ (3 млн доллар) ихтисос дода шудааст. То кунун ҳеч интихоботи даврони истиқлоли Тоҷикистон аз сӯйи ниҳодҳои ғарбӣ шаффоф ва демкоратӣ эътироф нашудааст.

XS
SM
MD
LG