Вазири молияи Бритониё талош дорад, ки вазъи бозори кишварашро баъди тасмими ин давлат барои хориҷ шудан аз Иттиҳодияи Аврупо ором кунад. Дар ҳамин ҳол, мақомоти аврупоӣ ва амрикоӣ ҳам мехоҳанд паёмадҳои “Брекзит” – раъйпурсии моҷаробарангези ахирро баррасӣ кунанд.
Аз ҷумла, рӯзи 27 июн, қарор аст, вазири умури хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ баъди як сафари корӣ ба Брюссел вориди Лондон шавад. Раҳбарони Олмон, Фаронса ва Итолиё низ барои баррасии паёмадҳои бӯҳрони эҳтимолии баъди “Брекзит”-и Бритониё ташкили ҷаласа хоҳанд кард.
Аз ҳоло Фаронсаву Олмон гуфтаанд, ки барои муқобила бо паёмадҳои бӯҳрони раъйпурсии Бритониё “муттаҳид” мешаванд. Рӯзи 27 июн дар Лондон вазири молия Ҷорҷ Осборн гуфт, ки иқтисоди Бритониё мисли гузашта қавӣ аст ва тавони муқобила бо паёмадҳои "Брекзит"-ро дорад. Вай ваъда дод, ин масъалаҳоро бо Бонки Инглистон (Bank of England) омода аст баррасӣ ва як нақшаи қавии муқобила бо вазъи фавқулоддаи пешомадаро таҳия кунад.
Натиҷаҳои ғайримунтазираи раъйпурсии умумимиллӣ дар Бритониёи Кабир рӯзи 23 июн якбора дар вазъи бозор инъикос шуд: рӯзи 24 июн тахминан 2,1 триллион доллари бозор кам шуда, арзиши фунт-стерлинг дар муқобили доллар дар поинтарин нуқта дар 31 соли охир қарор гирифт. Осборн гуфт, ӯ баъд аз эълони натиҷаҳои раъйпурсӣ рӯзи 24 июн бо Бонки Инглистон пайваста дар тамос аст ва омода аст дар сурати зарурат ҳамроҳ бо раиси ин бонк Марк Корнӣ як нақшаи амиқу санҷидашудае таҳия кунад.
Баъди ин изҳороти Осборн арзиши фунт-стерлинг рӯзи 27 июн андаке боло рафт. Аз ҷумла, баъди ин суханронӣ, арзиши як фунт дар бозори асъор то 1,35 доллар баланд шуд, дар ҳоле ки рӯзи 24 июн ба 1,32 доллар поин омада буд.
Дар ҳамин ҳол Керрӣ қарор аст дар шаҳри Брюссел – пойтахти дипломатии Иттиҳодияи Аврупо бо раҳбари сиёсати хориҷии ин ниҳод Федерика Могеринӣ дидору мулоқот карда, баъдан ба Лондон парвоз кунад. Як мақоми баландпояи амрикоӣ ба нақли қавл аз Керрӣ гуфт, дар мулоқот бо аврупоиҳо аз онҳо тақозо мекунад, ки аз Бритониё ба ҳеч сурат пайравӣ накунанд, вагарна Иттиҳодияи Аврупо заиф мешавад. Дар Лондон Керрӣ бо вазири умури хориҷаи Бритониё Филипп Ҳаммонд мулоқот ва гуфтугӯ хоҳад кард.
Рӯзи 26 июн дар Рум Керрӣ аз Бритониё ва Иттиҳодияи Аврупо даъват кард, ки ҳамроҳ кор кунанд, то бозорро ором кунанд ва нагузоранд, ки раъйдиҳӣ дар Бритониё сармоягузоронро дар саросари ҷаҳон ба таҳлука андозад. Дипломати баландпояи амрикоӣ, инчунин, ба “равобити хос”-и ИМА ва Бритониё таъкид кард ва “аз аҳамияти робитаҳои Аврупо ва Иттиҳодияи Аврупо дар чашми ИМА” сӯҳбат кард. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар Берлин қарор аст бо президенти Фаронса Франсуа Олланд, нахуствазири Итолиё Маттео Рензӣ ва президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск мулоқот кунад.
Рӯзе аз ин пеш Меркел ва Олланд гуфтанд, дар робита бо паёмадҳои тасмими тарки Иттиҳодияи Аврупо кардани Бритониё ба қарори қатъӣ расидаанд. Олланд ҳушдор дод, ки дар сурати тақсим шудан, “моро хатари ҷудоӣ, ихтилоф ва моҷаро” таҳдид мекунад.
Нахуствазири Бритониё Девид Кемерон гуфт, ки тирамоҳ аз мақомаш канор меравад ва музокироти сари масъалаи "Брекзит"-ро ба раҳбари баъдии кишвар вогузор мекунад. Дар ҳамин ҳол, раҳбарони аврупоӣ фишорро болои Бритониё афзоиш дода аз ин кишвар тақозо кардаанд, ки хуруҷи комили худро аз ин созмони иборат аз 28 узв шурӯъ кунанд.