Ҳамин сабаб шудааст, ки торнамои иҷтимоии Фейсбук рӯз ба рӯз дар Афғонистон маҳбубияти бештар касб кунад.
Муҳаммад Акбар дар ҳаёти воқеъии худ ҳеҷ гоҳ бо духтаре мулоқот накардааст, аммо дар Фейсбук бо духтарҳои зиёд дӯстӣ дорад. Азбаски дар ҷомеаи мазҳабиву муҳофизакори Афғонистон мулоқоти рӯ ба рӯи писару духтари “номаҳрам” амали хилофи шариат арзёбӣ мешавад, ҳоло Фейсбук ба маҳалли муносиби мулоқоти ҷавонони афғон табдил шудааст.
Акбар донишҷӯ аст ва ҳар шом тақрибан як соати худро дар Интернет кафеи пуродами маҳаллаи Шоҳ Шаҳиди Кобул дар Фейсбук, дар гуфтӯгу бо духтарон сипарӣ мекунад. Акбар дар дил кардан дар Фейсбук тақрибан 100 афғонӣ ва ё 2 доллари амрикоӣ сарф мекунад ва барои ёфтани ин харҷ кор ҳам ёфтааст:
"Дар Афғонистон диско вуҷуд надорад, ки мо биравем ва ё имкон дошта бошем, ки бо духтарон рӯ ба рӯ мулоқот кунем. Иқтисоди Афғонистон ҳам хуб нест, ки ҷавонон хонум дошта бошанд. Инҳо аз ҳамин тариқ мехоҳанд, пайдо кунанд, дилтанг мешаванд мераванд ва бо духтар чат мекунанд аз тариқи Фейсбук."
Ба гуфтаи Муҳаммад Акбар, сӯҳбатҳо бо духтарон дар Интернет, зиндагии дилгиркунанда дар Афғонистони ҷангзадаву фақирро ба ҳадде “шавқангез” мекунад. Дигар ин ки “ҳангоми мулоқот дар Фейсбук хатари латукӯб шудан аз тарафи хешовандони духтар ҳам аслан вуҷуд надорад.” - мегӯяд Акбар.
Ҳамин бартариҳо дар Фейсбук сабаб шудааст, ки теъдоди корбарони ин торнамои маъруфи иҷтимоӣ дар Афғонистон дар муддати кӯтоҳе зиёд шавад. Бар пояи иттиллои вазорати мухобироти Афғонистон, дар ин кишвар то ҳамин сол 470 ҳазор нафар дар Фейсбук саҳифа боз кардаанд, агарчӣ соли 2008 дар ин торнамо фақат 6 ҳазор афғон ба қавле “лона гузошта будаанд.” Ҳоло аз миёни аҳолии 30 миллионнафарии Афғонистон тақрибан 2 миллион нафар ба Интернет дастрасӣ доштаанд ва аксари онҳо ба ин шабака ё аз интернеткафеҳо ва ё аз телефонҳои ҳамроҳ ворид мешаванд.
Аҳмад Сипеҳр, ҷавони дигари афғон ду сол пеш бо кӯмаки дӯсташ аз донишгоҳ ба Фейсбук пайваст ва баъди ҳамин дар андешаи боз кардани Интернеткафеи хусусӣ афтод. Ӯ мегӯяд: “Фейсбук феълан дар Афғонистон бисёр роиҷ шудааст ва ҷавонон аз он бештар истифода мекунанд. Ва ҳамон боиси ангезае шуд, ки ман Интернеткафеи хусусӣ боз кунам. Худам вақте Интернет истифода мекардам, барои ин бояд чандин километр роҳ мерафтам ва баъдан хостам, ки дар маҳалли иқомати худ интернеткафе боз кунам ва ҳам пули зиндагиамро ба даст биёрам. “
Ҳоло интернеткафеи Аҳмад Сипеҳри 21-сола ва муҳассили бахши хабарнигорӣ аз пуродамтарин интернеткафеҳо дар канори шаҳри Кобул аст. Аҳмад худаш ба мизоҷон кумак мекунад, ки дар Фейсбук саҳифа боз кунанд. Арзёбии кутоҳе аз саҳифаҳои корбарони ин шабакаи иҷтимоӣ аз Афғонистон нишон медиҳад, ки аксари онҳо шаҳрнишинон ҳастанд ва бештар аз 20 сол доранд. Филмҳои ҳиндӣ, мусиқии афғонӣ ва футболу чавгон аз писандидаҳои онҳост. Ҳамчунин аз арзёбии саҳифаҳои онҳо маълум мешавад, ки писарони афғон камтар ба амнияти худ дар Интернет аҳамият медиҳанд, зеро аксу навиштаҳояшон аксаран барои ҳама дастрас аст.
Духтарони афғон эҳтиёткоранд, зеро аз бими беобрӯӣ ва урфу одатҳои миллӣ, аксҳои худро дар Фейсбук намегузоранд ва ё аҳёнан метавон баъзе аз аксҳои онҳоро дид. Ин духтарон ба ҷойи акси худ аксаран акси занони ҳунарпешаи ҳиндиро мегузоранд, вале бо вуҷуди набудани акси худашон “хостгорони” зиёд ба суроғи онҳо меоянд. Радиои Озодӣ як саҳифаеро махсус чун саҳифае аз номи як донишҷӯдухтари 22-солаи афғон дар Фейсбук саҳифа боз кард, то бифаҳмад, киҳо ба суроғи ӯ меоянд. Дар зарфи як моҳ 900 нафар аз ин “духтар” хостанд, ки онҳоро ба сафи дӯстонашон бипазирад. Аксари ҷавонон майли сӯҳбат ва ё табодули акс бо ин духтар доштанд, бақия ба муносиботи ҷиддӣ дар зиндагии воқеъӣ.
Муҳаммад Акбар аз маҳалли Шоҳ Шаҳиди Кобул, яке аз онҳоест, ки мисли дигар ҷавонони афғон дар Фейсбук маҳбубаи ояндаи худро меҷӯяд: "яке аз дӯстони хубам дар Амрико бо духтаре аз Амрико дар Фейсбук робита пайдо кард. Арӯсӣ карданд, ба фикрам дар Чикаго ҳастанд. Хубтар аст, ҳар кас зиндагии худро ба шеваи хубе пеш бубарад. Инсонҳо озод халқ шудаанд ва ҳар кас салоҳияти зиндагии худро худаш дорад"- мегӯяд ӯ.