Генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иддаоҳои мақомоти афғонро, ки гӯё афроди гурӯҳи Толибон ба ҷангалзорҳои миёни Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон паноҳ бурда, алайҳи давлати Кобул меҷанганд, рад кард.
Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 6 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки феълан ҷангҳо дар минтақаи Имом Соҳиб идома доранд, ки чанд фарсах дур аз хатти марз бо Тоҷикистон ҷойгир аст. Раҷабалӣ Раҳмоналӣ афзуд, ки ин ҷангалзорҳо дар он тарафи дарё ҷойгир мебошанд ва ба қаламрави Тоҷикистон марбут нестанд ва гузашта аз ин, ҳеҷ гурӯҳи ҷангиён ба қаламрави Тоҷикистон наздикӣ надорад.
Вай афзуд, нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба хусус дар имтидоди марзи навоҳии шимолии Афғонистон вазъро ҷиддан таҳти назорат доранд ва вазъи марз бо Афғонистон ором буда, аз ҳеҷ тарафе мавриди таҳдид қарор надорад.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта бархе аз расонаҳои афғонӣ аз қавли масъулони маҳаллӣ дар вилояти Тахори ҳаммарз бо вилояти Хатлон аз ҷобаҷоии шӯришиён дар ҷангалзорҳои миёни Афғонистон ва Тоҷикистон хабар интишор карданд. Ба гуфтаи онҳо, пас аз иҷрои амалиёти муштараки нерӯҳои амниятӣ дар Қундуз, бахше аз шӯришиён ба ҷангалзорҳои миёни ду кишвар ҷобаҷо шуданд ва ҳамлаҳои худро алайҳи нерӯҳои амниятии афғон оғоз кардаанд.
ТАҲКИМИ ҲИФЗИ МАРЗ ДАР ТУРКМАНИСТОН ВА УЗБАКИСТОН
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, рӯйдодҳои ахир дар шимоли Афғонистон ба омодагии ҳарбиёни ин кишвар дар ҳифзи марз бо давлати ҳамсоя дигаргуние надидааст. Аммо расонаҳои русӣ ба нақл аз манбае дар Вазорати дифои Тоҷикистон гузориш додаанд, ки Душанбе дар фосилае аз сарҳади Афғонистон "хатти дуюм"-и дифоиро бунёд мекунад.
Дар посух ба суоли Радиои Озодӣ як афсари аршади Вазорати дифои Тоҷикистон гуфт, чунин "хатти дуюм" ҳанӯз дар давраи ҷанги дохилии Тоҷикистон вуҷуд дошт ва яке аз заруратҳои доимии ҳифзи марз ба шумор рафта, ҳарфи наве нест.
Дар ҳамин ҳол Туркманистон ва Узбакистон аз тақвияти дидбонии марзҳои худ бо Афғонистон хабар додаанд. Маскав низ ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки даргириҳои шимоли Афғонистон ва падид омадани аломатҳои "Давлати Исломӣ" дар ин ҷо ба Тоҷикистон ва кишварҳои Паймони амнияти дастҷамъӣ хатар эҷод мекунад.
АТМАР: "ДАВЛАТИ ИСЛОМӢ" ҚАСДИ ОСИЁИ МИЁНАРО ДОРАД"
Мушовири амнияти миллии Афғонистон гуфтааст, ки гурӯҳи "Давлати Исломӣ" мехоҳад фаъолияташро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ густариш бидиҳад. Дар ҳоле, ки нигарониҳо аз афзоиши ноамнӣ ва густариши фаъолиятҳои гурӯҳи "Давлати Исломӣ" рӯ ба афзоиш аст, мушовири амнияти миллии Афғонистон мегӯяд, ки ин гурӯҳ алоқаи вижае ба ин кишвар дорад.
Муҳаммад Ҳаниф Атмар рӯзи сешанбе дар нишасти суолу ҷавоб дар Маҷлиси Сенати он кишвар гуфт, гурӯҳи "Давлати Исломӣ" мехоҳад то аз роҳи Афғонистон фаъолиятҳояшро ба кишваҳои минтақа, ба хусус кишварҳои Осиёи Миёна густариш диҳад. Вай гуфт: "Давлати Исломӣ" созмони террористии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ шуда ва ба Афғонистон алоқамандии хос дорад. Яке аз сабабҳо он аст, ки аз Афғонистон битавонад кишварҳои Осиёи Миёна ва дигар кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро бо таҳдиди мустақим рӯбарӯ созад."
Мушовири амнияти миллии Афғонистон ҳамчунон гуфтааст, ки ҳукумати ин кишвар таҳдидҳои ин гурӯҳро пайгирӣ мекунад ва дар баробари он чораҳоеро низ анҷом додааст. Оқои Атмар ба таври мушаххас ба кушта шудани як раҳбари гурӯҳи "Давлати Исломӣ" дар вилояти Ҳилманд ишора кард ва онро нишонаи азми ҷиддии ҳукумати кишвараш дар баробари ин гурӯҳ донист.
Ҳаниф Атмар гуфтааст, ки дар натиҷаи амалиёти васеи низомиёни покистонӣ дар Вазиристони шимолӣ, шумори зиёде аз гурӯҳҳои тундрав монанди Таҳрики Толибони Покистон, Лашкари Таййиба, Ал-Қоида, Ҳаракати исломии Узбакистон ба Афғонистон омада ва аз Зобул то Бадахшон ҷобаҷо шудаанд. Ба гуфтаи мушовири амнияти миллии Афғонистон, афзоиши ноамниҳо дар вилоятҳои шимоли кишвар, бахше аз талошҳое аст, ки барои бесубот кардани кишварҳои минтақа анҷом мешавад.
Ин изҳороти мушовири амнияти миллии Афғонистон дар ҳоле садо медиҳад, ки ахиран вилоятҳои шимолии Афғонистон, ки бо кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон марзи муштарак доранд, шоҳиди нооромиҳои бештар шудаанд.
Вилоятҳои Бадахшон ва Кундузи он кишвар, ки бо вилоятҳои Хатлону Бадахшони Тоҷикистон марзи муштарак доранд, бо оғози мавсими гармо ва шурӯи ҳамлаҳои баҳории Толибон ва дигар гурӯҳҳои ҳампаймони онҳо, ҳоло дар нооромӣ ба сар мебаранд. Бисёре аз минтақаҳо дар вилояти Қундуз ҳоло зери назорати Толибон қарор доранд ва ҳатто бархе аз мақомоти афғон аз суқути ин вилоят ба дасти шӯришиён ҳушдор дода буданд.
Вилояти Бадахшон ҳам чандон ором нест дар тозатарин таҳаввулот, шаби 3 ба 4 май бар асари ҳамлаи "Толибон" ба як постгоҳ дар вулусволии ноороми Вардуҷ, дастикам 16 корманди полис кушта ва даҳҳо нафари дигар нопадид шуданд. Тақрибан як моҳ қабл дар ҳамин гуна ҳамла дар вулусволии Ҷурми ҳамин вилоят, тақрибан 30 низомии афғон ба ҳалокат расида буданд.