Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистонро пас аз хуруҷи НАТО чӣ интизор аст?


Маъмурияти муҳорибавии нируҳои НАТО зери фармондеҳии Амрико дар Афғонистон, ки бо номи ISAF бештар машҳур аст, аз якуми январи соли 2015 ба поён мерасад.

Сар аз 1-уми январи соли 2015 маъмурияти ҷангии НАТО дар Афғонистон поён меёбад ва ҷа ҷои он маъмурияти ҳимоявӣ ва омӯзишии нируҳои маҳдуди НАТО оғоз мешавад. Нируҳои эътилофи байналмиллалӣ аз соли 2001 ба ин сӯ, яъне 13 сол дар Афғонистон барои таъмини амният машғули амалиёти муҳорибавӣ буданд.

Акнун таъмини амният ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар Афғонистон бар души нируҳои худи афғон хоҳад буд. Суоле пеш меояд, ки оё нируҳои афғон омода ҳастанд, то дар дохили кишвар амниятро таъмин кунанд, оё онҳо дар ихтиёри худ таҷҳизоти зарурии фаннӣ, аз қабили ҳавопаймову тӯпу тонк доранд, ки дар амалиёт заъфият нишон надиҳанд? Дар посух ба ин суол Ҷовид Кӯҳистонӣ, таҳлилгари умумри амниятии Афғонистон ба Радиои Озодӣ чунин гуфт:

Кӯҳистонӣ: Баҳси интиқоли масъулиятҳои амниятӣ як баҳси бидуни бозгашт аст ва нируҳои афниятии Афғонистон мутобиқ ба аҳкоми қонун ва вазифаҳои таърифшуда барояшон масъулияти интиқол ва таъмини амнияти мардуми Афғонистонро доранд. Ин як маҷбурияти комил аст, ки мо ба ҳар қимат бо назардошти воқеиятҳои мавҷуд амнияти кишвари худро таъмин ва дар баробари терроризм қотеъона мубориза бикунем. Албатта, ин тавоноӣ аз назари рӯҳия, аз назари таҷҳизот, аз назари сохторҳои ташкилотӣ ва ҳимоятҳои лужистикӣ дар артиши Афғонистон вуҷуд дорад. Вале шаке нест, ки Афғонистон бо камбуди таҷҳизоти сангин рӯбарӯ ҳаст, махсусан дар бахши нируҳои ҳавоӣ ва таъмини амнияи мардум як миқдор гаронӣ хоҳад буд, яъне қурбонӣ бештар хоҳем дошт ва ҷанг метавонад муддати бештар дар Афғонистон идома пайдо бикунад. Вале ба ҳар ҳол ин вазифаи мост, вазифаи мадуми Афғонистон аст, ки аз сарзамину ҳокимияташон ва аз дастовардҳои мавҷудашон дифоъ кунанд.

Суол: Шумо ёдовар шудед, ки баъд аз хуруҷи нируҳои эътилоф мумкин аст талафоти нируҳои афғонӣ бештар шавад. Оё роҳҳои пешгирӣ аз он вуҷуд дорад?

Ҷовид Кӯҳистонӣ, таҳлилгари афғон.
Ҷовид Кӯҳистонӣ, таҳлилгари афғон.

Кӯҳистонӣ: Албатта, роҳҳои мухталиф ҳаст, аз ҷумла равандҳои дипломатӣ, беҳбуди равобит бо Покистон, коҳиш додани сатҳи ихтилофот ва танишҳо бо Покистон тавассути фишор аз тарафи ҷомеаи байналмиллалӣ, истифода аз мувофиқатномаи амниятӣ бо Амрико ва НАТО дар чаҳорчӯбаи масоили амниятӣ Афғонистон, таҷҳизи нируҳои Афғон, фароҳамоварии таҷҳизоти сангин, аз ҷумла нируҳои ҷангии ҳавоӣ, фаъолтар сохтани илдораҳои кашф, ки битавонанд печидагиҳои истихборотӣ ё кашфро контрол кунанд, то ба шӯришиҳо дастрасӣ пайдо шавад. Гузашта аз ин, тағйир дар раҳбарии нируҳои афғон низ зарур аст. Муносиботи худро Афғонистон бояд бо ҳамаи кишварҳои ҳамсоя ва ҷомеаи байналмиллалӣ нигоҳ дорад. Ин нуктаҳо метавонанд имконот ва фурсатҳоро барои афғонҳо фароҳам созад.

Суол: Бино ба хабарҳое, ки дастрас аст, дар давоми ду се соли охир тамаркузи нируҳои ифротгаро ва Толибон дар шимоли Афғонистон бештар шудааст. Ба назари шумо чунин вазъ ба марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба вижа ба марзҳои Тоҷикистон хатарҳои амниятӣ дар пай нахоҳад дошт?

Кӯҳистонӣ: Ҳеҷ шак нест, ки ҳоло бахше аз шӯришиҳои мухолифи кишварҳои Осиёи Миёна ё дар маҷмуъ узбактаборону тоҷиктаборони Осиёи Миёна дар Вазиристони Ҷанубӣ ва Вазиристони Шимолӣ фаъол ҳатанд ва дар ҳамкорӣ бо шабакаҳои Ал-Қоида, Толибон ва террористҳо талош мекунанд, ки ба таври густурда ва давомдор битавонанд дар марзҳои шимоли Афғонистон барои худашон фурсат ва заминаҳои фаъолиятро фароҳам созанд. Ин талошҳо бо шабакаҳои тундрав ва исломгаро дар Покистон тавъам ҳастанд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки бо таблиғ ва пул додан ба бахше аз афроди Толибон ва Ҳизби исломии собиқ, ки дар Афғонистон фаъолият дошт, дар шимоли Афғонистон инҳоро басиҷ кунанд ва шароитро барои афроди Осиёи Миёна фароҳам созанд. Ин талошҳо ба таври мудовим вуҷуд дошт. Аммо ниҳодҳои кашфи Афғонистон ҳам талошҳои худро доштанд ва ин шабакаҳоро то ҷое дастгир ва саркӯб карданд. Мо умедвор ҳастем, ки заминаҳои ҳамоҳангӣ, табодули иттилоот ва ҳамкориҳои муштараку содиқона байни давлатҳои Осиёи Миёна ва Афғонистон шакл бигирад, то онҳо битавонанд як ҷо ба ин чолишҳо посух диҳанд.

XS
SM
MD
LG